logo

иҷтимоиёт

“ТОҶИКОН” ШОҲАСАРЕ, КИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ МЕСОЗАД

 
Исми академик Бобоҷон Ғафуров дар миёни чеҳраҳои мондагор бо як қатор ташаббусҳои бузургаш дар таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин нақш бастааст. Яке аз хидматҳои шоистаи ин фарзанди фарзонаи миллат эҳёи омӯзиш ва таҳқиқи таърихи пурифтихори халқи куҳанбунёд ва фарҳангофари тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар замоне Бобоҷон Ғафуров ба омӯзиш ва таҳқиқи таърихи миллат рӯ овард, ки вазъи мафкуравии ҷомеа дар ҳоли мураккаб қарор дошт. 
Ташаббуси ӯ боис шуд, ки раванди  таназзули афкори таърихии ҷомеа ба охир расида, саҳифаҳои аз хотираи таърих фаромӯшгардида аз нав эҳё гарданд. Мактаби ташкилкардаи  аллома  Бобоҷон  Ғафуров дар роҳи шинохти таърихи миллат боис гардид, ки минбаъд дар ин замина муаррихони зиёде ба саҳнаи илм ворид гарданд. Мактаби таърихнигории тоҷик маҳз бо талошу заҳмати ҷонфидоёнаи академик Бобоҷон  Ғафуров  ташаккул ва рушд кард. Ӯ «Таърихи мухтасари халқи тоҷик»-ро соли 1947 таълиф намуд. Дар тақризи он устод Садриддин Айнӣ ин падидаро «воқеаи бузург» номид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешгуфтори худ зимни муаррифии китоби «Тоҷикон» онро «шиносномаи миллати тоҷик» ва заҳмати сисолаи академик Бобоҷон Ғафуровро «хидмати рустамона» арзёбӣ карданд. Чунин арҷгузориҳо ба хидматҳои шоёни арбобони илму фарҳанг ҳикмати «Бузургонро бузургон зинда медоранд»-ро пеши назар меорад. Месазад, ки имрӯз мо аз иқдомҳои наҷиби Роҳбари давлат бо самимияти том истиқбол гирем ва ба хидматҳои бедареғашон баҳри саодату хушнудии миллат бо пайравии шоён ва фаъолияти аҳлонаву пурсамар дар рушду пешрафти Ватани маҳбуб – Тоҷикистони соҳибистиқлол, арҷ гузорем. Китоби «Тоҷикон» арзиши баланди илмӣ дошта, муаллиф дар рафти омӯзиш ва таҳқиқи таърихи халқи тоҷик аз ду ҳазор адабиёти илмӣ ва сарчашмаҳои таърихӣ истифода кардааст. Яке аз хусусиятҳои хоси китоб дар он ифода меёбад, ки муаллиф принсипҳои илмӣ-таҳқиқотиро истифода намудааст.
Ҳамин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26-уми декабри соли 2019 зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар изҳор доштанд: «Бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон»-ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд». Тавре ки маълум аст, китоби «Тоҷикон» ба ҳар як оилаи тоҷик дастрас гардид. Ба хотири татбиқи ҳадафи ин иқдом, 7-уми июли соли 2022 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расид, ки дар асоси он соли 2023 ба муносибати 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» баргузор мегардад. Қобили зикр аст, ки иқдоми навбатии Пешвои миллат, воқеан, падидаи ниҳоят арзишманд, беназир ва мондагор аст. 
Мо ба таърих рӯ меорем, то ба саҳифаи гуногунранги он бо чашми ибрат нигарем, дар асоси таҷрибаи ниёгон имрӯзаамонро бунёд созем ва бо умедҳои тозаву гомҳои устувор ба оянда ворид шавем. 
Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад ва ҳаҷми маблағи он аз Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо мегардад, ки 1 миллиону 480 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Бояд зикр кард, ки Пешвои миллат ин андоза маблағҳои калонро ба хотири босавод гардондани миллат ва аз роҳи илму дониш расидан ба саодати зиндагӣ ҷудо мекунанд. Ин дурандешиҳо ва борикназариҳо возеҳ месозанд, ки Роҳбари давлат рисолати илмро, ки дар ниҳоят расидан ба ҳақиқати мутлақ ва саодати инсон аст, хеле амиқ дарк мекунанд ва ҳама талошро ба он равона месозанд, ки саодати миллат маҳз аз роҳи илм ва хиради инсонӣ таъмин гардад. Метавон дар ин маврид дигар ташаббусҳои Роҳбари давлатро вобаста ба баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва пешниҳоду таклифҳояшон марбут ба тағйирёбии иқлим ва бо роҳи ҳамкории муштараки давлатҳо коҳиш додани хатари оқибатҳои ин мушкилоти башарӣ зикр намуд, ки ҳамагӣ аз хиради азалӣ ва заковати фитрии ин абармарди таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки мегӯянд: «Мо ба гузашта ба хотири парастиши содалавҳонаи ниёгон не, балки барои тақвияти руҳи созандагӣ, бузургдошти хотираи нахустаҷдоди роҳкушои мо, ки дар дарозои таърих ба иқдомҳои нав камар баста, ба дастовардҳои ғайриодӣ ноил гаштаанд, рӯй меоварем». 
Чанд нуктаро бояд ба таври ҷудогона зикр намуд, ки аз муҳимият ва мубрамияти Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» далолат мекунанд. 
Дар асри технологияи иттилоотӣ, ки ба истилоҳ асри тамаддуни иттилоот низ ном мебаранд, муборизаҳои иттилоотӣ ченаки асосии мавқеи ҷомеаҳо гардидаанд, мо ба таърих рӯ меорем, то дар муборизаҳои иттилоотӣ бо иттилооте иштирок намоем, ки ҳувияти моро муаррифӣ мекунад ва аз манфиатҳои милливу давлатии мо дифоъ менамояд. Яъне, таърих низ иттилоот аст, маълумот аст, ба ин манзур, ки дар маҷмуъ, донишҳои таърихии мо дар набардҳои иттилоотӣ ҳамчун сипар хидмат намоянд. Ҳамон гуна, ки устод Садриддин Айнӣ гуфта буд: «Мо бояд таърихро ҳамчун сипар истифода барем». 
Ҳоло мо дар шабу рӯзе роҷеъ ба Озмуни мазкур андешаронӣ мекунем, ки он аз ҷониби доираҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ мешавад, вале, вақте ки Озмун баргузор мегардад ва дар ниҳояти мақсад мебинем, ки як ҷавони тоҷик ё як узви ҷомеаи Тоҷикистон дигар дар ҷангҳои иттилоотӣ на ба иттилоотӣ беарзиш ё камарзиш, балки бо бурҳони қотеъ бо баҳрамандӣ аз китоби «Тоҷикон» баромад мекунад ва устуворона манфиатҳои давлату миллат ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро бо нигоҳ андохтан ба саргузаштҳои таърихии ниёгон дифоъ менамояд, ғайриихтиёр ба иродаи матин ва нигоҳи бикру дурандешонаи Пешвои миллат эҳтиром қоил мешавем. Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» на танҳо гаравиши ҷавононро ба гурӯҳҳои манфиатҷӯву тундхӯву иғвоангезу ҷудоиандоз пешгирӣ мекунад, балки онҳоро ба муборизаҳои беамон алайҳи чунин ҷараёнҳои радикалӣ водор месозад.
Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» тадбире мубрам ва саривақтиест, ки сохтори шуури рӯзмарраи сохтмондодашударо ба вуҷуд меорад ва ташаккул медиҳад. Яъне, донишҳои таърихии мо ба шуури муқаррарии мо роҳ меёбанд ва доираи тафаккуру андешаамонро месозанд ва дар ҳамин ҳошия мо рафтор мекунем.
Китоби «Тоҷикон» сарчашмаи худшиносии миллӣ аст. Озмуни ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» бошад, василаи таҳкимбахши ҳувияти миллӣ ва ифтихори ватандорист. 
Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ба хотири дар дили донишҷӯён бедор кардани шуълаи майлу рағбат нисбат ба омӯзиши таърих баргузор мегардад. Ба ин муносибат, раёсати ДМТ тасмим гирифтааст, ки аз имрӯз ҷиҳати иштирок дар Озмуни мазкур омодагӣ гирад. 
Дарвоқеъ, омӯзиши таърих яке аз василаҳои асосии ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ ба ҳисоб меравад. Таърих тамоми марҳилаҳои сипаришудаи ниёгони халқро мавриди инъикос қарор дода, барои насли имрӯз дарси ибрат аст. Яке аз асарҳои нодири илмӣ, ки таърихи халқи тоҷикро хеле барҷаста инъикос менамояд, «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳисоб меравад.
Ҷавононро мебояд, ин китобро, ки сарчашмаи худшиносии миллӣ мебошад, омӯхта, дар пайравӣ аз ниёгони шарафманди хеш баҳри рушди Ватан ва миллат талош намоянд. 
 
Қ. ХУШВАХТЗОДА, 
ректори Донишгоҳи 
миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.09.2022    №: 173    Мутолиа карданд: 553
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед