logo

иқтисод

МУЛОҚОТИ ФИРДАВС ТОЛИБЗОДА БО ҲАЙАТИ ДАФТАРИ ШВЕЙТСАРИЯ ОИД БА ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДӢ

Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо директори роҳбарикунандаи Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ (SECO) Мартин Саладин ва директори SECO дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломе Штайб мулоқоти корӣ анҷом дод.
 
Фирдавс Толибзода ба сатҳу сифати ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон ва SECO баҳои баланд дода, Мартин Саладин ва ҷониби Швейтсарияро бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии кишвар шинос намуд. 
Таъкид шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар самти таъмини суботи молиявӣ, тақвият бахшидани низоми бонкӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ  ва рушди низоми пардохт бо SECO равобити судмандро роҳандозӣ намуда, дар ин замина ҷиҳати рушди низоми бонкии кишвар аз кумакҳои техникӣ ва машваратии ниҳоди мазкур бархӯрдор гардидааст. 
 Фирдавс Толибзода изҳори эътимод намуд, ки минбаъд низ ҳамкориро дар самти тақвият бахшидани устувории низоми бонкӣ, рушди низоми пардохт ва ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ  идома хоҳанд дод.
Як нуқта боиси зикр аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо SECO ва Бонки ҷаҳонӣ “Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ барои солҳои 2022 – 2026”-ро таҳия намуд, ки 1 июли соли 2022 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Бинобар ин, изҳори умед шуд, ки намояндагони SECO ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Стратегияи мазкур талош хоҳанд кард. 
Мартин Саладин барои идомаи ҳамкории мутақобилан судманди ҷонибҳо дар самтҳои зикргардида ҳавасмандӣ зоҳир намуд.
Зимни муколама ҷараёни татбиқи кумакҳои техникии SECO ба Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти татбиқи лоиҳаи рушди идоракунии корпоративӣ, таҳияи заминаи меъёрии ҳуқуқии низоми пардохт, мавриди баррасӣ қарор гирифта, масъалаи расондани ёрии машваратию техникӣ дар самти таъсиси Академияи бонкӣ, дастгирии SECO дар роҳандозии  муносибатҳои муросилотии бонкҳои кишвар бо бонкҳои хориҷӣ, таҳияи барномаҳои нави SECO дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои барои ҳар ду ҷониб муҳим баррасӣ ёфтанд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.09.2022    №: 173    Мутолиа карданд: 993
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед