logo

иҷтимоиёт

ГУЛИСТОНИ ИСТИҚЛОЛ

 
Истиқлоли давлатӣ рамзи озодию ягонагӣ барои мо – тоҷикистониён, тамоми имкониятҳоро фароҳам оварда, чун хуршеди дурахшон роҳи ояндаамонро нури тоза бахшид. Мо баҳри амалӣ намудани марому мақсадҳои наку неруи тоза гирифтем ва дар ҳама ҷодаҳо муваффақ гаштем.  Маҳз бо пайки ин неъмати бебаҳо, мо худро ба ҷаҳониён муаррифӣ сохта, дар арсаи байналмилалӣ бо тамоми дастовард ва фарҳангу тамаддуни воло шинохт пайдо намудем.  “Истиқлолият нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад”, – гуфтаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. 
Дар ҳақиқат, имрӯз дар фазои истиқлол ва сулҳу субот кулли ҷомеаи Тоҷикистони азиз сарбаландона ҳаёт ба сар мебаранд. Воқеан, соҳибистиқлолӣ ва инкишофи мустақилонаи давлат дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои амиқро ба вуҷуд оварда, барои ислоҳоти куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва интихоби шакли нави идоракунии давлат замина гузошт. 
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлол новобаста аз душвориҳо ва ноҳамвориҳои роҳи тараққиёт дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки мо онро дар мисоли шаҳри Гулистон низ хеле равшан мушоҳида менамоем.
Шаҳри Гулистон,  собиқ шаҳри Қайроққум, дар масири таърих ҷавон буда, 4 январи соли 1963 таъсис ёфтааст. Дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2016 номашро иваз намуда, ба Гулистон табдил дода шуд. Агарчанде дар як муддати кӯтоҳ ин шаҳри овозадори саноатӣ машҳур гашта бошад ҳам, дар охири солҳои 80-ум ва аввали 90-уми асри XX ба иллати кандашавии равобити иқтисодӣ байни кишварҳои собиқ шуравӣ ба яке аз шаҳрҳои харобгашта  мубаддал гардида буд. Сокинони он, ки аксар халқиятҳои гуногунро дар бар мегирифтанд, мавқеи сукунати хешро иваз карданд ва мушкилиҳои мавҷуда боз ҳам дучанд гардиданд.
Танҳо бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва  шаклгирии низоми ташаккули давлатдорӣ арзишҳои бунёдии шаҳр барқарор гардида, давра ба давра рушди соҳаҳои гуногун таъмин шуда истодааст. 
Гулистон дар ҷои табиаташ зебо, дар соҳили Баҳри тоҷик ҷойгир шудааст. Ин шаҳр солҳои охир бо ҷойҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳҳои бачагонаи худ машҳур мебошад.  Дар тобеияти шаҳри Гулистон шаҳракҳои саноатии Консой, Навгарзан, Адрасмон, Чоруқдаррон, Зарнисор ва Сирдарё, ки аз шаҳр дар масофаи то 260 километр дуртар ҷойгиранд, дохил мешаванд. Соҳили Баҳри тоҷик манзараи бисёр зебо ва барои истироҳат басо мусоид аст. Ҳамин имконият боиси он гардид, ки дар баробари корхонаҳои бузурги саноатӣ соҳаи сайёҳӣ рушд кард. 
Пӯшида нест, ки шаҳри Гулистон бар пояи корхонаҳои бузурги саноатӣ арзи ҳастӣ намуд ва ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар корхонаҳои калон барқарор ва нав ташкил шуданд. Бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷдиду барқарорсозии корхонаҳои бузурги ҶДММ “Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой” ва ҶМТКММ “Апрелевка” амалӣ шуд, ки алҳол дар риштаи корхонаҳои саноати кӯҳии мамлакат аз зумраи пешсафон ба ҳисоб мераванд. Дар маҷмуи маҳсулоти дохилии диёр ин корхонаҳо мавқеи хосса дошта, таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба онҳо хеле баланд аст.
Бо бунёди НБО "Дӯстии халқҳо" дар дарёи Сир шаҳри Гулистон боз машҳуртар гардид ва имрӯз ҳам ин макони нурбахш аз зумраи иншооти муҳиму стратегии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат  лоиҳаи таҷдиди неругоҳ амалӣ шуда истодааст, ки он 149,9 миллион доллари амрикоиро дар бар мегирад. Баробари татбиқи лоиҳа иқтидори истеҳсолии Неругоҳ аз 126 мегаватт ба 174 мегаватт баланд мегардад.
Инчунин, корхонаҳои бузурги ҶСК "Қолинҳои Гулистон", ки ба баровардани маҳсулоташ, яъне қолинҳо, аз соли 1959 шуруъ карда буд, ҳанӯз дар бозорҳои минтақа рақобатпазир буда, сол ба сол барқарор ва рушд меёбад. Масоҳати корхона 54,38 гектарро ташкил дода, масоҳати иншооти истеҳсолӣ ба 157480 метри мураббаъ баробар аст. Иқтидори истеҳсолии корхона дар маҷмуъ, 4000 метри мураббаъ  маҳсулоти қолинӣ ва тафтенгиро дар бар мегирад. Бо мақсади нигоҳдорӣ ва рушди иқтидорҳои истеҳсолӣ чанд намуди  дастгоҳу таҷҳизоти технологии ҳозиразамон ба корхона ворид карда шуданд, ки дар саноати бофандагӣ намунаи беҳтарин ба ҳисоб мераванд. Аз ҷумла, дастгоҳи бофандагии тамғаи RCi02 ширкати «Ван-де-Вил»-и Белгия, таҷҳизот барои лаблӯбакунии маҳсулоти қолинӣ, пилтаресӣ ва кафкистеҳсолкунӣ барои маҳсулоти тафтенгӣ аз Ҷумҳурии Туркия ва дигар давлатҳои пештози саноати бофандагӣ ворид карда шуданд. Алҳол дар ҳудуди корхона бо мақсади ташкили истеҳсолоти нав бо ҷалби сармояи хориҷӣ, дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сармоягузорон аз давлатҳои Чин, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон даъват карда шудаанд.
Баъди бунёд кардани обанбор, аз охири солҳои 60-ум сар карда, шаҳри Гулистон бо истеҳсоли моҳӣ ва моҳипарварӣ шуҳратманд гардидааст. Имрӯзҳо кормандони Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Суғдмоҳӣ» дар давоми сол шикори моҳиро қариб то 110 тонна расондаанд. Дар ҳавзҳои махсуси корхона миқдори зиёди моҳичаҳо парвариш ёфта, баъди муҳлати муайян ба Баҳри тоҷик интиқол дода мешаванд, ки ин саршумори моҳиро афзоиш медиҳад.
Инчунин, корхонаҳои дигари саноатӣ, аз қабили корхонаҳои орд, нону қаннодӣ, масолеҳи сохтмон, лулаҳои пластикӣ, коркарди пӯст, корхонаҳои мурғпарварӣ ва ғайра ташкил ёфта, дар маҷмуъ, 35 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад.
Лозим ба зикр аст, ки дар доираи сазовор таҷлил намудани Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи чорабиниҳо, дар шаҳри Гулистон 221 иншооти соҳаҳои гуногун бунёду азнавсозӣ гардид.
Дар доираи таҷлили бошукӯҳи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабинии иншооти ҷашнӣ тасдиқ гардида, дар натиҷаи ҳамкорӣ бо соҳибкорону сокинон теъдоди он зиёд гардида истодааст.
Рушди соҳаҳои иҷтимоии шаҳр низ хеле назаррас буда, бунёди иншооти соҳа солҳои охир ҳусни меъмории шаҳрро куллан тағйир додааст. Ташрифҳои мунтазами Пешвои муаззами миллат ба шаҳри Гулистон ба бунёди бисёр иншооти ҳаётан муҳим поя гузошт. Сокинони шарафманди шаҳр бурдбориҳои худро маҳз ба пайи қадами мубораки фарзанди фарзонаи миллат ва истиқлоли давлатӣ нисбат медиҳанд. 
Ҳамаи ин на танҳо моро қаноатманд, балки масъулиятамонро бештар месозад ва нақшаву барномаҳои зиёдеро барои рушди ояндаи шаҳр  тарҳрезӣ намуда истодаем.
Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир мавқеи муайяни худро пайдо намудааст. Ин аст, ки пояҳои Истиқлоли давлатии мо сол ба сол қавитар гардида истодаанд.
Таманнои онро дорам, ки Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи ҳувият ва озодӣ ҳамеша парфишон бошад ва мардуми сарбаланди Тоҷикистони биҳиштосо дар фазои сулҳу амонӣ зиндагиву рӯзгори босаодат ба сар баранд. 
 
Раъно ҲОШИМЗОДА, раиси шаҳри Гулистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.09.2022    №: 174    Мутолиа карданд: 558
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед