барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАБРИКӢ
7 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Лиз Трасс барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Хонуми Олиҷоҳ!
Дар иртибот ба интихоб гардиданатон ба ҳайси Роҳбари Ҳизби консерваторон ва ба даст гирифтани зимоми умури Сарвазири Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ба Шумо табрикоти самимии ин ҷонибро иброз менамоям.
Дар ибтидои соли равон кишварҳои мо 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатиашонро таҷлил намуданд.
Тайи ин давра мо ба таҳкими равобити дӯстӣ ва ҳамкориҳо бо кишвари Шумо аҳамияти хосса зоҳир намуда, ҳамеша алоқаманди рушди минбаъдаи онҳо дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем.
Изҳори умед менамоем, ки дар давраи фаъолияти Шумо дар ин маснади олӣ муносибатҳои ҳамкориҳои барои ҳар ду ҷониб судманд ба марҳилаи ҷадиди тавсеаи худ ворид шуда, бо мазмуну мундариҷаи нав ғанӣ хоҳанд гашт.
Ҷониби Тоҷикистон омода аст, ки ҷиҳати пешбурди самарабахши ин раванд дар сатҳҳои гуногун саъю талошҳои муштарак ба харҷ диҳад.
Ба Шумо - Хонуми Олиҷоҳ, сиҳатмандии комил, бахту иқбол ва дар фаъолияти минбаъдаатон пирӯзиҳои навин, ба мардуми дӯсти Шоҳигарии Муттаҳида рифоҳу шукуфоии беш аз пеш орзу менамоям. Ин фурсатро ҷиҳати таҷдиди ғояти эҳтиром ба Шумо ғанимат мешуморам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.09.2022 №: 174 Мутолиа карданд: 1959