иҷтимоиёт
МЕВАҲОИ ШАҲДБОРИ ДАРАХТИ САОДАТ
Истиқлоли мо 31- сола шуд. Ин син авҷи шукуфоӣ, балоғат ва пешрафт аст. Хушбахтона, истиқлоли мо бо сарбаландӣ ба ин ҳама мушарраф гардид. Агарчи мехостанд онро буғӣ кунанду маҳв созанд. Натавонистанд. Ин истиқлол аз дарёи хуну мавҷҳои сӯзони оташ гузашт. Ба ҳар бори ин имтиҳонҳои сангини таърих он устувортар, пойдортар ба чашми оламиён ҷилвагар шуд.
Истиқлол ба мо чӣ дод? Ба чӣ дастовардҳо ноил гардида тавонистем?- мепурсад аз ман муҳаррири шабакаи телевизионӣ? Дар посух ба пурсиши ӯ гуфтам: - Магар осон аст зикри он ҳама? Оё дастовардҳоро метавон имрӯз шумурд? Не. Ҳаргиз. Бисёру бисёру бисёранд дастовардҳо ва ҳам он чи ба мо бар асари истиқлол дастрас шуд. Кӣ ҳисоб кардааст, ки фақат дар пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе чӣ қадар бинои хуштарҳу баландошёна, ки ҳатто тасаввури сохтанаш ба зеҳну хаёл намеомад, қомат афрохт? Барҳақ, ҳеҷ кас нашумурдааст. Ҳатто намедонем, ки дар як сол чӣ қадар аз ин гуна биноҳоро сохтаанд.
Кӣ бовар дошт, ки мо соҳиби шоҳроҳҳо ва нақбҳои бузург мешавем?
Кӣ бовар дошт, ки шумораи муассисаҳои таҳсилот наздики панҷ ҳазор мерасад? Инчунин, шаҳрвандон барои сохтмону ба истифода додани литсейу гимназияҳои шахсӣ меандешанду дар ин кори муҳим саҳми назаррас мегиранд?
Магар ба андешаи нафаре роҳ меёфт, ки рӯзе дар маркази шаҳри Душанбе пайкараи Исмоили Сомонӣ бунёд мегардад?
Миллат танҳо дар ҳамин давра соҳиби Наврӯзгоҳ ва Наврӯзаш байналмилалӣ шуд. Дар ин давра шумораи шабакаҳои телевизионӣ, радиоӣ, маҷаллаву рӯзномаҳои давлативу соҳавиву шахсӣ низ афзуд.
Шумораи боғҳои бунёдгардида низ на барои ҳама маълум аст. Боғбон, ки рӯи дастархони пурнозу неъмат аз меваҳои лазизи гуногун мегузорад, бо ифтихор мегӯяд: «Меваҳои истиқлоланд».
31 сол, яъне, як насли нав дар руҳияи истиқлол ба воя расид, тарбия ёфт. Медонад, ин насл медонад, ки дар баробари доштани неъмати истиқлол, онро бояд шукр гуфт, онро бояд ҳифз намуд. Дастовардҳои ин насл танҳо туфайли истиқлол маълуми ҷаҳониён гашт. Мебинад, мешунавад, ки вазъи ҷаҳон рӯз ба рӯз мураккаб гардида истодааст, истиқлолияти баъзе аз кишварҳо зери хатар қарор дорад. Медонад, агар зирак набошад, доно набошад ва аз пешрафт маҳрум бигардад, истиқлолашро аз даст медиҳад.
Қафас барои мурғаки озоди хушхон қафас аст, агарчи тиллоӣ ҳам бошад. Агар дар дом асту нағмасароӣ мекунад, он ҳаргиз як нағмаи шодӣ нест. Агар забони ин мурғакро медонистем, ба яқин, маълумамон мегашт, ки ӯ имдод мехоҳад, озодиро, истиқлолро хостор аст. Ҳеҷ кас наметавонад ин ҳақиқатро рад бинамояд. Боре барои санҷиш, агар касе шубҳае дар дил дорад, аз ин гуна мурғакон, парандаҳо якеро аз қафаси тиллоӣ озод бисозад. Даҳ пар мебарораду парвоз мекунад ва ҳаргиз ба сӯи ин қафас, ки дар назари мо зебову арзишманд менамояд, барнамегардад. Парвоз мекунад, дар оғоз намедонад ба куҷо меравад, аммо ҳатман шод мебошад, шукр мекунад, ки озод шудааст.
Ба ҳангоми раҳоӣ аз қафас, парвоз ҳар мурғаке, парандае, ки ӯро мебинад, ин озодии ӯро бо забони худ табрик мегӯяд.
Дар баробари ин истиқлол, истиқлоли давлатӣ мо ва насли нав барои тарбияи истиқлоли руҳӣ, инчунин, ноил гардидан ба он саъю кӯшиши зиёд ба харҷ додаву медиҳад. Бешак, агар руҳ истиқлол надошта бошад, умри ҳама истиқлолҳо зуд ба поён мерасад. Аз ин рӯ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми тадбирҳоро андешиданду меандешанд, то ин истиқлол мавқеи хосса дошта бошад ва дарки он муяссар бигардад.
Ифтихори ҳар кадоми мо аз он аст, ки Парчами давлатиамон дар фазои амну осоиштагӣ парафшонӣ мекунад. Ин Парчам ба ҳангоми дастовардҳо дар соҳаҳои гуногун, анҷуману ҳамоишҳои байналмилалӣ, сатҳи ҷаҳонӣ дошта барафрохта ва баланд мегардад.
Ба ҷуз ин, дар харитаи ҷаҳон давлате бо номи Тоҷикистон ҷой дорад ва истиқлолияти онро кишварҳои зиёди ҷаҳон ба расмият шинохтаанду эътироф намудаанд.
Ҳар қадар аз умри истиқлоли воқеии мо мегузарад, дарки он, муҳаббати он афзун мегардад.
Сар карда аз имсол, яъне соли 2022 то соли 2026 ё худ то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Солҳои рушди саноат эълон гардидааст. Дар ин муддат, тибқи нақшаҳо, 500 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис меёбад, даромади пулии аҳолӣ ду баробар зиёд ва камбизоатӣ то 15 фоиз коҳиш дода мешавад. Ба ҷуз ин, иқтидорҳои энергетикии кишвар бояд ба 10 ҳазор мегаватт бирасанд. Дар ин сурат, албатта, ба истиқлолияти комили энергетикӣ низ мерасем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳақ зимни ироаи Паём (21 декабри соли 2021) таъкид доштанд: «Ба ҳамватанони азизам муроҷиат карда, як нуктаи муҳимро хотирнишон месозам: модоме ки мо - ҳама якҷо як кишвари дар дами ҳалокат қарордоштаро ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва шукуфоиву ободӣ табдил додем, қодир ҳастем, ки ҳамаи мушкилоти дигарро низ бартараф карда, дар ояндаи наздик Тоҷикистони маҳбубамонро бо заҳмати сарҷамъонаву ватандӯстона боз ҳам ободу пешрафта гардонем ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем».
Воқеан, мо ба ин ҳадаф бо Роҳбари хирадманду ғамхори халқу миллат хоҳем расид.
Ҷашни Истиқлол бо иҷрои нақшаҳои бузург ҷашни ҳастии миллат, пойдорӣ ва шукуфоии он мебошад. Аз ин рӯ, ин ҷашн ба ҳар кадоми мо як ҷашни муҳиму арзишманд маҳсуб меёбад. Он, ҳамзамон, муаррифгари миллати куҳанбунёд, давлати пешрафта ва мардуми озоду шоду обод мебошад.
Абдулқодири РАҲИМ,«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.09.2022 №: 174 Мутолиа карданд: 523