иҷтимоиёт
ШОҲРОҲИ МУЗАФФАРИЯТ
9-уми сентябри соли 1991 Тоҷикистони навин Истиқлоли давлатии худро эълон кард, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хубӣ пазируфта шуд. Акнун, миллати тоҷик муваззаф буд, ки рӯ ба илму техника, фановарӣ, истеҳсолот ва дар қатори дигар давлатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббускор ва созанда бошад.
Маҳз пас аз ноил шудан ба Истиқлоли давлатӣ ва хомӯш кардани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан аз рӯи чор ҳадаф: раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат фаъолияти худро оғоз намуд.
Имрӯзҳо аз рӯи ин чор ҳадаф дар тамоми самтҳои ҳаётан муҳим корҳои сохтмонию ободонӣ, аз қабили саноатикунонӣ, энергетика, сохтмони роҳҳо, соҳаи маориф, тандурустӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва амсоли инҳо босуръат рафта истодаанд. Ҳамасола ба муносибати солгарди Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру навоҳии мамлакат корҳои ободонию созандагӣ вусъат мегиранд.
Яке аз соҳаҳои калидии мамлакат соҳаи маориф буда, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ зери таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат қарор дорад. Ҳамасола дар рӯзҳои таҷлили ҷашну маросимҳо ифтитоҳи чандин муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, боғча, коллеҷу донишкадаҳо, донишгоҳҳо ва академияҳо ба назар мерасад. Дар замони шуравӣ ҳамагӣ 13 мактаби олӣ вуҷуд дошт. Дар замони нав ин шумора ба 43 адад расидааст, ки ин ҳама аз ғамхорӣ ва таваҷҷуҳ ба аҳли маориф ва илм аст.
Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистонро ба ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон дубора ошно гардонд. Тоҷикистон узви ташкилотҳои байналмилалию минтақавӣ гардида, фарҳанги ҳазорсолаи худро ба ҷаҳониён нишон дод. Имрӯзҳо Тоҷикистони азизи мо бо 180 давлати дунё ҳамкориҳои дӯстона дошта, додугирифт дар тамоми самтҳо идома дорад. Қобил ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ сиёсати дарҳои кушодаро ба роҳ монда, ҳамчун давлати сулҳпарвар ном баровардааст.
Парвина СОЛИҲОВА, директори МТМУ № 68-и шаҳри Душанбе,
Саймаҳмуд САФАРОВ, муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.09.2022 №: 174 Мутолиа карданд: 567