logo

иҷтимоиёт

ИСТИҚЛОЛ. МУҲИМТАРИН РУКНИ ДАВЛАТДОРӢ 31-СОЛА ШУД

 
Иҷлосияи XVI. Аввалин иқдоме, ки барои аз ҳолати вахими сиёсиву иҷтимоӣ баровардани кишвар оғози солҳои 90-уми асри гузашта коромад гардид, ин баргузории ҳамин Иҷлосия буд. Амалан, баргузории Иҷлосия дар шаҳри Душанбе имкон надошт ва қувваҳои солимфикри ҷомеа ин анҷумани сарнавиштсозро дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор намуданд. Ин ҳам замоне буд, ки бисёр шахсиятҳои сиёсӣ аз ба дӯш гирифтани масъулияти роҳбарии давлат тарс доштанд. Дар ҳамин гуна вазъи ҳассосу мураккаб роҳбари ҷавону сиёсатмадори тавоно зимоми роҳбариро ба уҳда гирифта, дар аввалин паёму суханрониҳо шуълаи умед ба фардои зиндагиро дар дили мардум равшан намуданд. Воқеан, ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз ва, махсусан ба ҳайси Сарвари давлат интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, як гардиши наве дар ҳаводиси солҳои аввали истиқлол буд.
 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вақте зимоми қудратро дар кишвар ба даст гирифтанд, ки мамлакат дар оташи ҷанги шаҳрвандӣ месӯхт. Дар чунин вазъияту ҳолати бисёр ҳассоси сарнавиштсоз Тоҷикистони валангору бесарнавиштро аз нав сохтанд, халқу Ватанро аз парешониву нобудшавӣ наҷот доданд. Ин абармарди таърих ба халқи худ бовар карданд, халқ ҳам имондорона ба Сарвари худ эътиқод намуд. Ҳамин боварии қатъӣ ва иродаи устувори сиёсии фарзанди фарзонаи миллат буд, ки мо ба ваҳдати миллӣ  ва Истиқлоли давлатии воқеӣ расидем. 
Давоми чаҳор соли баъд аз Иҷлосия бо бедорхобию азхудгузаштанҳо, ба тарафҳои даргир дасти бародарӣ дароз намуданду бо онон гуфтушунид карданд, ба қавлу қасами худ содиқ монданд ва талошҳои хастанопазири Президенти маҳбуби кишвар буд, ки дар ҳафт раванди гуфтушунид, ахиран 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ имзо шуд. Ин дар ҳолест, ки агар сулҳу ваҳдат дар кишвар ба миён намеомад, аз байн рафтани Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил яқин буд, зеро ин ҳадафро баъзе аз қувваҳои хориҷӣ кайҳо боз дар сар мепарвариданд. 
Воқеан, амалҳои созандае, ки дар се даҳсолаи охир бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои давлатдорию  миллатсозӣ эҷод шудаанд, баробар ба садсолаҳо мебошанд. Мутмаинем, бо пурра амалӣ шудани ҳадафҳои стратегиву ормонҳои миллии аз ҷониби Сарвари давлат роҳандозишуда суръати рушди Тоҷикистон бештар гардида, Ватани азизи мо ба як кишвари пешрафта табдил хоҳад шуд. Ҳамин аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дилу дидаи мардум ҳамчун фарзанди фарзонаи миллат ҷойгоҳи баланд касб намуданд, зеро Сарвари давлати соҳибистиқлоли мо ба симати роҳбари хирадманде шинохта шуданд, ки кишвари ба хоку хун оғӯшта, ба қисматҳо ҷудошударо ба як мамлакати воҳид, амну осуда табдил доданд. Сияҳкорони бадкешро бахшиданд, барояшон вазифа доданд, вале онҳо ба қадри он нарасиданд ва аз аъмоли бадандешӣ парҳез накарданд. Дунболи ҳамон манофеи бегонагон рафтанд ва дубора хиёнат варзиданд. Имрӯз аз хориҷ кафки даҳан мепарокананд ва мехоҳанд фазоро тира созанд, вале аз дасташон коре нахоҳад омад. Мардуми шарифи кишвар хуб медонанд,  кӣ барои ин миллат чӣ кард ва чӣ ҷойгоҳе дорад? Кӣ хиёнаткор аст ва кӣ қаҳрамон? Кӣ ба бунёди ин миллат оташ зад ва кӣ онро аз сӯхтан наҷот дода, ба як кишвари дар ҳоли рушд табдил дод?
 
Исомиддин ШАРИФЗОДА,  
мудири кафедраи фанҳои гуманитарии
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, 

номзади илмҳои фалсафа 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.09.2022    №: 174    Мутолиа карданд: 558
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед