барқияҳо
БАРҚИЯИ ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ
9-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ муҳтарам Карли III барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Аълоҳазрат, хабари даргузашти Улёҳазрат Маликаи Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Елизаветаи II боиси андуҳи амиқи мо гардид.
Улёҳазрат Елизаветаи II бо фаъолияти доманадори худ дар маснади Маликаи Шоҳигарӣ хислату муҳтавои як давраи муҳими рушди кишварро муайян намуда, дар арсаи байналмилалӣ соҳиби обрӯву эътибори баланд ва эҳтиром гардида буд.
Ҷониби Тоҷикистон нақши марҳумро дар рушду тавсеаи равобити нек ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ қадр менамояд ва ба шахсияти ӯ сидқан эҳтиром мегузорад.
Дар иртибот ба ин мусибати гарон, бо ибрози тасаллӣ ва таъзияи самимии худ ба Шумо – Аълоҳазрат, ҳамаи наздикону пайвандонатон ва мардуми дӯсти Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ сабри ҷамил хоҳонам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.09.2022 №: 175 Мутолиа карданд: 1848