logo

сиёсат

ТАБРИКОТИ роҳбарони кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, шахсиятҳо ва сиёсатмадорони маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба муносибати Ҷашни 31-умин солгарди соҳибистиқлолии кишвари мо ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, сиёсатмадорон ва ходимони маъруфи давлативу ҷамъиятӣ номаҳо ва барқияҳои шодбошӣ ворид мегарданд.
 
Дар паёмҳои табрикотӣ дастовардҳои назарраси кишвари мо тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар арсаҳои давлатсозӣ, рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъкид гардидаанд. Инчунин, нақши рӯзафзуни Тоҷикистон дар умури минтақавию байналмилалӣ ва таҳкими пайвастаи  обрӯву эътибори кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ тавассути иштироки созандаву фаъолона дар ҳалли масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ таъкид шудааст.
Ҳамзамон, дар барқияҳои табрикотӣ онҳо таманниёти самимонаи худро ҷиҳати сулҳу субот ва шукуфоии минбаъдаи мардуми Тоҷикистон иброз дошта, ба  Сарвари давлати мо некуаҳволӣ ва дар фаъолияти сермасъули давлатиашон комёбиҳои беш аз пеш орзу намудаанд.
Табрикоти шодбоширо ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсиятҳои зерин ирсол намуданд:
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷозеф Байден, Императори Ҷопон Наруҳито, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммедов, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ, Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган, Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Драупади Мурму, Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд, Президенти Ҷумҳурии Корея Юн Сок Ёл, Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер, Президенти Маҷористон Каталин Новак, Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан, Подшоҳи Испания Филиппи VI, Президенти Ҷумҳурии Лаҳистон Анҷей Дуда, Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла, Подшоҳи Шведсия Карли XVI Густав, Президенти Конфедератсияи Швейтсария Игнассио Кассис, Президенти Ҷумҳурии Португалия Марсело Ребело де Соуза, Подшоҳи Баҳрайн Ҳамад бин Исо оли Халифа, Генерал-губернатори Иттифоқи Австралия Дэвид Ҳарли, Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Ранил Викремесингҳе, Президенти Ҷумҳурии Мардумии Демократии Алҷазоир Абдулмаҷид Теббун, Президенти Ҷумҳурии Сингапур Ҳалима Якоб, Президенти Давлати Фаластин Маҳмуд Аббос, Раиси корҳои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Демократии Корея Ким Чен Ин, Раиси Кумитаи иҷроия – Котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев, Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Мин, Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Зас, Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Ҳусейн Иброҳим Тоҳо, Валиаҳд, муовини Раиси Шурои вазирони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд, Шоҳзода Карим Оғохони IV, намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид,  роҳбари Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи пешгирона барои Осиёи Марказӣ Наталя Герман, Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Амири Давлати Қатар Тамим бин Ҳамад Оли Тани, Подшоҳи Шоҳигарии Нидерланд Уилям-Александр, Капитан-регентҳои (роҳбарони) Ҷумҳурии Сан-Марино Оскар Мина и Паоло Ронделли.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.09.2022    №: 175    Мутолиа карданд: 743
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед