сиёсат
ИФТИТОҲИ МАЙДОНИ “ИСТИҚЛОЛ” ВА МАҶМААИ МЕЪМОРИИ РАМЗИ “ИСТИҚЛОЛ”
8 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахт ба ифтихори сию яксолагии Истиқлоли давлатӣ майдони “Истиқлол” ва маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол”-ро ифтитоҳ карда, дар барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ дар фазои тантанавӣ майдони “Истиқлол” ва маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол”-ро ифтитоҳ карданд.
Баландии маҷмааи “Истиқлол” 121 метрро ташкил медиҳад, ки ин рамзист: қисми поёнии маҷмаа 30 метр – маънии 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва қисмати болоӣ 91 метр мафҳуми соли 1991-ум ба даст овардани истиқлолро ифода менамояд.
Масоҳати маҷмааи “Истиқлол” 11 ҳазору 900 метри мураббаъро дар бар гирифта, майдони зери сохтмон 4 ҳазору 761 метри мураббаъ мебошад.
Рамзи “Истиқлол”-ро тоҷи қутраш 8-метра, ки аз титан сохта шудааст, зинат мебахшад ва он дар худ давлатдорӣ, истиқлолият, соҳибдавлативу соҳибтамаддунӣ ва таърихи омӯзандаи миллати куҳанбунёди тоҷикро таҷассум мекунад. Пояи маҷмаа пирамидаи ҳаштрӯя буда, ҳафт даромадгоҳ дорад.
Ёдовар мешавем, ки 26 майи соли 2018 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба гузарондани озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ ҷиҳати интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии майдони “Истиқлол” бо маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол” дар шаҳри Душанбе фармоиш ба имзо расид. Озмун 11 марти соли 2020 аз ҷониби аъзои комиссия ва мутахассисони соҳа ҷамъбаст гардид. Дар маҷмуъ, ба он 32 лоиҳа пешниҳод гардида буд.
Лоиҳа бо рамзи “Тоҷ”, ки аз ҷониби гурӯҳи эҷодии сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт таҳти роҳбарии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ таҳия гардид, сазовори ҷойи якум шуд. Ин лоиҳа бо бартариҳои афзалиятдор ифодакунандаи тамоми талаботи озмун ва рамзи давлатдорию таъриху тамаддуни оламшумули миллати тоҷик мебошад. Ҳангоми тартиб додани лоиҳа бо рамзи “Тоҷ”, тарроҳон ҳамчун асос ба рамзи “дарахти ҳаёт” такя намуданд, ки он ғояву мазмуни васеъро ифода менамояд.
Аз ҷумла, “дарахти ҳаёт” бо реша, тана ва шохаҳои он рамзи зиндагии ҷовидона ва сарсабзию устувории ҳаёт, тоҷпоя – рамзи пойдору устувор ва бардавом нигоҳ доштани тоҷ, ҳафт гунбази гирдогирди муҷассама рамзи 7 қабати замину осмон, 7 иқлим, 7 ранги асосии табиат ва 7 зинаи ташаккули илму маърифат ва худшиносию ҷаҳоншиносии инсониятро дорад.
Майдони “Истиқлол” аз бахшҳои алоҳида иборат мебошад ва маҷмааи рамзи “Истиқлол” дар маркази боғ бино ёфта, атрофи онро 14 деворнигораи андозаи 9 бар 5,20 метр иҳота менамояд.
Дар 14 деворнигора таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи халқи тоҷик, вобаста ба марҳалаҳои таърихӣ, бо аксу рамзҳо таҳти унвонҳои мухталиф тасвир ёфтаанд. Деворнигораҳо бо номҳои гуногун, аз қабили «Каюмарс ва Ҷамшед ҳамчун шоҳи аввалини ақвоми ориёӣ», «Шиносоӣ бо китоби Авесто», «Ба сари қудрат расидани Куруши Кабир ва муттаҳид намудани сарзаминҳои ориёӣ», «Муборизаи Спитамен бо Искандари Мақдунӣ» бо номи муҳорибаи «Санги суғдӣ», доир ба се давлати абарқудрати аҷдодӣ – Ашкониён, Кӯшониён, Сосониён, «Деваштич. Давлатдории Тоҳириён ва Саффориён», «Сомониён. Исмоили Сомонӣ. Вазирон, аҳли илму адаб», «Тоҷикон дар асрҳои XI – XVI», «Темурмалик – қаҳрамони халқи тоҷик», дастовардҳои фарҳангии як марҳалаи тулонии таърихи ниёкон бо нишон додани акси китобу катибаҳои асримиёнагӣ ва намунаи санъату ҳунар, шоирону адибон аз Абдураҳмони Ҷомӣ то Аҳмади Дониш, доир ба шаҳрҳои бузурги таърихии тоҷикон Саразм, Гонур, Балх, Нисо, Марв, Самарқанд, Бухоро, Тахти Сангин, Хуҷанд, Панҷакенти Қадим, Бунҷикат, Ҳулбук, Қалъаи Ҳисор, Ҳирот, Ғазна, «Таърихи нав. Сохтмонҳои бузург», «Давраи истиқлолият. Қасри Арбоб, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Майдони Дӯстӣ, сохтмони аср – НБО «Роғун»» ва дастовардҳои замони истиқлолият барои бинанда маълумот медиҳанд.
Дар ошёнаи якуми маҷмааи “Истиқлол” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо шароиту имкониятҳои хизматрасонии маҷмаа, аз ҷумла намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ, намунаи дастовардҳои аҳли эҷод, толори синамо ва ҳуҷраҳои корӣ, шинос шуданд.
Ошёнаи якуми он аз ҳафт толори кушоду барҳавои намоишгоҳ, қабули меҳмонони олиқадр ва толори синамои 5D бо 12 ҷойи нишаст иборат аст.
Дар ошёнаи дуюми маҷмааи “Истиқлол” осорхонаи таърихии шаҳри Душанбе таъсис ёфт. Осорхона аз галерея ва “Тахти тоҷикон” иборат буда, 15 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ ва ҳуҷраи назорати камераҳои мушоҳидавӣ дорад.
Осорхона марҳилаҳои гуногуни таърихиро дар бар гирифта, дар он, асосан, бозёфтҳое, ки зимни гузарондани кофтуковҳои археологӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба даст омадаанд, ҷамъоварӣ шудааст. Аз ҷумла, табарҳои сангӣ, ки аз маҳаллаи Лучоб ва соҳили дарёи Душанбе дарёфт гардиданд, мутааллиқ ба асри санг мебошанд. Мавҷудияти чунин ёдгориҳо гувоҳи он аст, ки Душанбе дорои таърихи куҳан буда, дар ҳудуди он аз давраҳои қадим ҳунару ҳунармандӣ, фарҳангу оинҳои гуногун рушд карда буд.
Иншоот мувофиқи талаботи муосири осорхонашиносӣ ва ороиши замонавӣ бино ёфтааст. Экспонатҳои он доир ба таърихи қадимаи Душанбе ва рушди шаҳр дар давраи навтарин ба тамошобинон маълумоти муфассал манзур менамоянд. Нигораҳо тибқи хронологияи таърихӣ ҷой гирифтаанд.
Дар осорхона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тахти рамзии Шоҳ Исмоили Сомонӣ, ки бо назардошти арзишҳои таърихӣ сохта шудааст, шинос шуданд.
Иттилоъ доданд, ки тоҷи болои тахтро тиллои тозаи истеҳсоли Тоҷикистон, сангҳои қиматбаҳо, аз қабили алмосҳои қутрашон 3 ва 2 миллиметра, ёқути кабуди қутраш 15 миллиметра, тиллои сафед ва лаъли Бадахшон бо андозаи 22 ба 15 миллиметра зинат медиҳанд. Дар рӯйи тахт фарри шоҳии тиллоиро гузоштаанд, ки нишони давлатдорӣ ва тахту тоҷ буда, бо 68 шуои зардӯзӣ оро ёфта, бо тоҷи заррин пайваст аст ва ин ишора ба эҳёи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол ва 68 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ мебошад. Ҳар як риштаи зардӯзишуда бо риштаи филизии тиллоӣ кашида шудааст.
Аз ду тарафи тахт грифҳо ё худ шерҳои болдор бо минқори уқоб ҷойгиранд, ки бо шакли бозубанд аз Хазинаи Амударё ёфт шудаанд. Бояд гуфт, ки тасвири шери болдор ҳамчун нигоҳдорандаи тахт ва қудрат байни мардуми Бохтари Қадим хеле маъмул буд. Тахт дар байни чортоқ ҷойгир буда, атрофи онро сутунҳои чӯбии бо сангҳои қиматбаҳои маҳаллӣ ороёфта иҳота кардаанд.
Паси тахт бо деворнигораҳои Панҷакенти Қадим, Варахша, Афросиёб ва Бунҷикат бо истифода аз сангҳои қиматбаҳо сохта шудааст. Дар атрофи он ҳафт калиди тиллоии рамзӣ аз ҳафт шаҳри қаламрави имрӯзаи ҷумҳурӣ: Душанбе, Саразм, Хуҷанд, Истаравшан, Ҳисор, Ямчун ва Ҳулбук, инчунин, нусхаи намунаҳои санъати волои Хазинаи Амударё – бозубанди тиллоӣ ва аробачаи тиллоӣ гузошта шудаанд.
Бо назардошти арзиши гарони таърихӣ доштани ашёҳои гирдовардашуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзи ҳамаҷонибаи онҳо, густариши фаъолияти осорхонаи навтаъсис, ҷалби бештари тамошобинон ба сайри осорхона, ошно намудани наврасону ҷавонон бо таъриху тамаддуни куҳанбунёди миллӣ ба воситаи ёдгориҳои ба намоиш гузошташуда, ба шаҳрдории Душанбе, масъулони осорхона ва олимону бостоншиносон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Баъди боздид аз осорхона Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар майдончаи тамошои намои пойтахт зебоиҳои шаҳрро мушоҳида карданд.
Бояд гуфт, ки яке аз ҷойҳои ҷолиби маҷмааи рамзи “Истиқлол” майдони тамошо мебошад. Он дар ошёнаи 14-ум дар сатҳи 94 метр ҷой гирифта, доирашакл буда, чор дурбини калонҳаҷм дорад.
Масоҳати майдони “Истиқлол” 30 гектар мебошад, ки 2,7 гектарашро макони баргузории чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ташкил медиҳад.
Дар майдони “Истиқлол” беш аз 200 сокини маҳаллӣ, ки қисми зиёди онҳоро занон ташкил медиҳанд, бо ҷойи кор таъмин гардид.
Ин иншооти муҳташам аз маҷмааи рамзи “Истиқлол”, минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, деворнигораҳо, майдони баргузории роҳпаймоӣ, гулгашт, таваққуфгоҳҳо ва ғайра иборат аст. Дарвозаи марказии майдон, ки 43,8 метр дарозӣ, 9 метр паҳноӣ ва 32,67 метр баландӣ дорад, бо истифода аз масолеҳи баландсифат сохта шуда, дар хиёбони Рӯдакӣ воқеъ мебошад. Бо ибтикори Сарвари давлат давоми ду сол дар майдони “Истиқлол” зиёда аз 7,5 ҳазор бех дарахтони ҳамешасабзу ороишии нодир шинонда шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан аксари дарахтони нодирро бист сол қабл аз хориҷи кишвар оварда, дар боғи Қасри миллат парвариш карданд. Тарҳи лоиҳаи бунёди ин мавзеи дилкаш бо санъати нотакрор ва бо риояи тамоми меъёрҳои бунёди марказҳои фарҳангию фароғатӣ бо завқи баланди зебоипарастӣ ва табиатдӯстӣ аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардидааст.
Акнун, баъди ба истифода додани он ин мавзеъ майдони асосию марказӣ, қалби пойтахт ва каъбаи умеди тоҷикистониён ва тоҷикони ҷаҳон гардид, зеро дар ин ҷо рамзи истиқлолу озодӣ, ки хоҳишу талоши миллати сарбаланди тоҷик аст, қомат афрохт. Минбаъд дар ин мавзеи дилфиреб ва муъҷизаи нотакрори меъморӣ чорабиниҳои сатҳи олии ифодакунандаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии тоҷикон баргузор мегардад.
Баъди ифтитоҳи майдони “Истиқлол” ва маҷмааи рамзи “Истиқлол”, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинии идона сухан ронда, ҳамаи ҳозирин ва дар шахси онҳо тамоми мардуми сарбаланди кишварро ба ифтихори 31-солагии Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфтанд.
Барномаи пуршукӯҳи идонаро ба муносибати солгарди Истиқлоли давлатӣ ҳунарнамоии устодони санъат ва ҳамоиши хонандагону донишҷӯёни коллеҷу мактабҳои олии пойтахт, ки беш аз 30 000 нафарро ташкил медод, идома дод.
Аҳли ҳунар сурудҳои тараннумкунандаи зебоиҳои диёри бостонӣ, шукӯҳу шаҳомати Ватани азиз, дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва хислатҳои башардӯстии Пешвои муаззами миллатро пешкаш намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.09.2022 №: 175 Мутолиа карданд: 636