барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАБРИКӢ
12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ муҳтарам Карли III барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Аълоҳазрат, бо камоли сарфарозӣ ба Шумо табрикоти самимона ва таманниёти неки ин ҷонибро ба муносибати ба даст гирифтани зимоми умури Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ иброз менамоям.
Ба Шумо сиҳатмандии комил ва дар иҷрои ваколатҳои сермасъулатон комёбиҳои рӯзафзун, ба Шоҳигарии Муттаҳида ва мардуми он сулҳу субот ва пешрафту шукуфоии пойдор хоҳонам.
Британияи Кабир соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар қатори аввалинҳо ба расмият пазируфт ва ибтидои соли равон мо сисолагии истиқрори робитаҳои дипломатии байни давлатҳоямонро ҷашн гирифтем.
Раванди рушди муносибатҳои ҳамкории ду кишвар тайи ин давра боиси қаноатмандии мост ва ҷониби Тоҷикистон ҳамеша алоқаманди таҳкими бештари он дар ҳамаи арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошад.
Изҳори умед менамоям, ки бо талошҳои пайгиронаи муштарак, шарикии созандаи кишварҳоямон минбаъд низ дар маҷрои усулҳои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми якдигар ва мутобиқ ба манфиатҳои аслии ду ҷониб густаришу тавсеа хоҳад ёфт.
Лутфан, Аълоҳазрат, эҳтироми фоиқаи моро бипазиред».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.09.2022 №: 176 Мутолиа карданд: 1895