иқтисод
ХОВАЛИНГ. БАРОИ ПЕШРАФТИ НОҲИЯ ЗАМИНАҲОИ ВОҚЕӢ ФАРОҲАМ ОМАДААНД
Аҳли ноҳияи Ховалинг дар заминаи амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нимсолаи аввал корҳои муайянро ба иҷро расонда, дар рушду нумӯи кишвар саҳми муносиб гузоштанд. Тавре раиси ноҳияи Ховалинг Маҷидӣ Муҳтадӣ Хайрулло ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, нақшаи даромади буҷети ноҳия бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 131 дарсад иҷро гардид.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаш моҳи соли 2022 ба зиёда аз 101 миллион сомонӣ расонда шуд. Нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29146,7 ҳазор сомонӣ зиёд буда, мутаносибан, 140,4 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Дар ноҳия 16 корхонаи саноатӣ фаъолият мекунад, ки истеҳсоли маҳсулот дар онҳо бо ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли орд ба 100, 5 дарсад ва маҳсулоти нонӣ ба 106,1 дарсад расид. Саноати ноҳияро корхонаҳои «Тиллои тоҷик», КТ «Заршӯии Одина», ҶДММ «Нахш», «Ганҷ», «Гули мурод», «Авесто Одина», ҶДММ «Сайлатиф», «Оби Ховалинг» ва «Сиккаи Кангуртӣ» сол то сол ғанӣ мегардонанд. Тавре аз нозироти андоз хабар доданд, бештар аз 60 дарсади андози маҳаллӣ аз ҳисоби ин корхонаҳо ба буҷет ворид мегардад.
Дар ноҳия соҳаи кишоварзӣ фаъолияти назаррас дорад. Дар 8208 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронда шуд, ки аз ин 6067 гектарро ғалладонагиҳо ташкил медиҳанд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар давраи ҳисоботӣ ба 23667, 6 ҳазор сомонӣ баробар шуд ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 728 ҳазор сомонӣ зиёд таъмин гардидааст.
Ба ғайр аз ин, Ховалинг як гӯшаи хӯшобу ҳавои Ватан буда, таърихи 950 ҳазорсола дорад, ки барои рушди сайёҳӣ манбаи бузурги ояндадор аст. Осори таърихии ноҳия барои илми ҷаҳонӣ чун маъхази бостоншиносӣ хизмат мекунад. Диёри Ховалинг, ки марказаш дар таҳҷои шаҳри қадимаи Мунк доман паҳн кардааст, аз замонҳои пеш бо таърихи боғановат, табиати дилфиреб, мардуми меҳмоннавоз, ҳунарманд, мардони ғаюр, паҳлавонони номӣ ва адибонаш машҳур мебошад. Ховалинг бо ёдгориҳои беназари таърихӣ, аз қабили шаҳри қадимаи Мунк, Оромгоҳи ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ, Дараи Мухтор – зодгоҳи Восеи қаҳрамон, деҳаи Хонақоҳ, ёдгориҳои табии Чилчанор, Хоҷа Аюби Ансорӣ, Амир Саид Шафеӣ, Авлиёи Зелолак, чашмаҳои Дашти Меш, Кулдара, Чепако, Уштурчаро, Ёкунҷ, Қазғин, Сурсақова, Зардпарвин, Санги рама, Шӯр, Кӯрӯшак ва Занбӯрак, ки дар чанд дардҳо давоанд, мавриди таваҷҷуҳи хоссаи сайёҳони дохилию хориҷӣ қарор гирифтаанд. Аз рӯи таҳлилҳои оморӣ, ҳар рӯз ба ноҳияи хуштабиат зиёда аз 800 сайёҳ омада, мавзеъҳои таърихию зеборо тамошо мекунад. Ҳоло барои бунёди инфрасохтори замонавии сайёҳӣ, соҳибкорони ноҳия ва мамлакат ҷалб гардидаанд.
Дар ноҳия ба истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб мекунанд. Тибқи нақша, то соли 2026 дар ҳудуди ноҳия иншооти зиёди ҷашнӣ, биноҳои маъмуриву фарҳангӣ ва корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ бунёд ёфта, марҳила ба марҳила мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинг, чанде аз ин иншооти таъиноташон гуногун, аз ҷумла коргоҳи коркарди макарон, Коллеҷи тиббӣ ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 18 барои 340 хонанда дар як баст дорои шароитҳои муосири таълим, муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти навин, ба истифода дода шуданд. Ҳамчунин, дар деҳаҳои Бағлисой ва Буғдояки Ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳия филиалҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 16 ифтитоҳ гардиданд.
Дар асоси дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи маориф ва ҷалби сармояи хориҷӣ дар ин самт лоиҳаҳои бунёди филиалҳои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 16 дар деҳаҳои Бағлисой дар масоҳати 0,70 гектар ва Буғдояк дар масоҳати 0,40 гектар аз тарафи ҶДММ «Ганҷ» ба анҷом расонда шуд. Бинои мактабҳо аз 6 синфхона ва утоқи омӯзгорон иборат буда, дар рафти корҳои сохтмонӣ, 50 нафар аз бошандагони маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин гардиданд. Ҳамзамон, дар ин рӯз дар шафати роҳи асосии Ҷамоати шаҳраки Ховалинг маркази хизматрасонӣ ва бинои мактаби санъати бачагона бо харҷи 300 ҳазор сомонӣ ба истифода супурда шуданд. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки Ховалинг солҳои наз-дик ба дастовардҳои аз ин ҳам баландтар комёб гашта, сатҳу сифати зиндагии мардум боз ҳам беҳтар мешавад..
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.09.2022 №: 176 Мутолиа карданд: 1216