иқтисод
ВАҚТЕ ДАСТУ ДИЛИ МАРДУМ ГАРМ АСТ...
БАРДОШТЕ АЗ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА, КИ ПЕШРАФТИ ИБРАТОМӮЗ ДОРАД
Шаҳри Турсунзода дар шароити сиёсати хирадмандона ва дастгириҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол ободу зеботар гардида, зиндагии шоистаи мардуми шаҳр беҳтар шуда, ба яке аз марказҳои калонтарини саноатӣ дар мамлакат табдил ёфтааст.
Шаҳри Турсунзода табиати хеле бой ва зебою рангин дошта, дар ҳудуди дараҳои хушманзараи Қаратоғ ва Ширкент воқеъ гардидааст. Лозим ба ёдоварист, ки дарёҳои Қаратоғ ва Ширкент манбаи асосии обёрии заминҳои кишоварзӣ ва оби ошомидании шаҳр маҳсуб меёбанд.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо вобаста ба корҳои ободониву бунёдкорӣ ва сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода додани 398 иншоот, аз ҷумла 21 иншооти саноат, 93 иншооти соҳаи маориф, 32 иншооти соҳаи тандурустӣ, 28 иншооти варзишӣ, 3 иншооти хизматрасонии маишӣ, 34 маркази хизматрасонӣ ва савдо, таъмири роҳҳои автомобилгард дар 45 мавзеъ, 18 сардхонаву гармхона ва 118 иншооти гуногунтаъинот ба нақша гирифта шудаанд.
- Соли ҷорӣ 33 иншоот, аз ҷумла се коргоҳу корхонаи саноатӣ, як маркази забономӯзӣ, ду иншооти соҳаи тандурустӣ, як иншооти варзишӣ, нуҳ маркази хизматрасонӣ, як хати таъмини оби нӯшокӣ ва 16 иншооти дигари гуногунтаъинот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Инчунин, бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот 27 иншооти таъиноташон гуногун ба истифода дода шуд.
Сохтмони шаҳр дар асоси хулосаи мусбати экспертизаи давлатии сохтмонӣ, стандартҳои муосири сифати иншоот ва риояи талаботи меъмориву шаҳрсозӣ бун-ёд гардида истодааст. Шаҳр сол ба сол симои худро дигар намуда, ба шаҳри гулзори замонавӣ табдил ёфта истодааст, - гуфт зимни суҳбат ба хабарнигори рӯзнома раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода баҳри иҷрои дас-туру супоришҳои Сарвари давлат оид ба таҳкими нуфузи шаҳр ҳамчун шаҳри саноатии мамлакат, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатпазиру воридотивазкунанда, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, густариши иқтидори содиротӣ, ва дар ин замина, таъмини иҷрои ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат як силсила тадбирҳои судмандро амалӣ намуд. Тадбирҳои андешидашуда имкон доданд, ки сарфи назар аз таъсири манфии омилҳои берунӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ 595 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 101, 2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар шаҳри Турсунзода айни замон 52 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад. Лозим ба ёдоварист, ки дар шаҳри Турсунзода калонтарин корхонаи алюминийбарорӣ дар Осиёи Миёна, ки имрӯз бо номи «Талко» маъруф аст, ба истеҳсоли маҳсулоти саноатии алюминийи аввалия машғул мебошад, ки ба иқтидори шаҳр ва ҷумҳурӣ фоидаи калон ворид месозад. ҶСК «Ширкати Алюминийи тоҷик» бобати саноатикунонии босуръати кишвар, ки он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид, бо эҳсоси масъулияти азим амал намуда, тасмим гирифтааст, бо дастгирӣ ва роҳнамоиҳои Сарвари давлат дар соли 2022 ва солҳои минбаъда, оид ба иҷро намудани ҳадафи мазкур корҳои муайянеро ба анҷом расонад, зеро соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ аҳамияти хеле муҳим дорад. Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ду корхона ба хориҷи кишвар маҳсулот содирот намуд. Аз ҷумла ҶСК «Ширкати Алюминийи тоҷик» ба миқдори 2501, 7 тонна алюминийи аввалия ба Ҷумҳурии Туркия содирот намудааст, ки маблағи маҳсулотҳои содиротгардида 1, 019 миллиард сомониро ташкил медиҳад. ҶДММ «Алюминпроф» бошад ба миқдори 738, 2 тонна профилҳои алюминийро ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон содирот намуд, ки маблағи маҳсулотҳои содиротгардида 26, 037 миллион сомониро ташкил доданд. Бояд қайд намуд, ки "Ширкати Алюминийи тоҷик" андозсупорандаи азими кишвар боқӣ монда, дар рушди иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла дар бобати ғанисозии тамоми намудҳои буҷети ҷумҳурӣ, саҳми арзишманд гузошта истодааст. Ҳамчунин, Ширкати мазкур сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишварро бо роҳнамоии Роҳбари олии мамлакат дастгирӣ намуда, ба хона-интернати шаҳри Турсунзода, хонаи пиронсолони Батош ва дигар эҳтиёҷмандон имсол ба маблағи зиёда аз 100 ҳазор сомонӣ ёрии моддӣ расондааст. Соли ҷорӣ дар мавсими тобистон беш аз 2 ҳазор нафар фарзандони кормандони Ширкат ва хонаи кӯдакон дар беҳтарин фароғатгоҳи кишвар - Ширкент истироҳат намуданд.
-Шаҳри Турсунзода бар замми шаҳри саноатӣ буданаш, боз дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат нақши хеле муҳим мебозад, зеро рушди соҳаи кишоварзӣ омили асоси зиндагии хубу осоишта, дастархони пурнозу неъмат ва кафили амнияти озуқавории мардуми кишвар мебошад, - гуфт зимни суҳбат ба хабарнигори рӯзнома муовини раиси шаҳри Турсунзода Пардаалӣ Турсунзода.
- Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ то имрӯз ба маблағи 292 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Кишоварзони шаҳр имсол дар майдони 21 265 гектар кишти зироатҳо гузаронданд. Аз ҷумла, 13 716 гектар ғалладонагиҳо, 3634 гектар сабзавот, 1 030 гектар картошка, 1 804 гектар зироатҳои техникӣ, 194 гектар полизӣ, 869 гектар хӯроки чорво ва дар 17 гектар тухмии сабзавотҳо, кишт карданд. Дар шаҳр майдони умумии гармхонаҳои доимоамалкунанда 38,4 гектарро ташкил медиҳад. Ҷиҳати таъмин намудани бозорҳои кишвар бо маҳсулоти тару тоза кишоварзони шаҳр дар майдони 14,1 гектар помидор, 10,1 гектар бодиринг ва 6 гектар дигар намуди зироатҳоро кишт намуданд. Инчунин, дар 4 гектар лимӯ ва дар 1,7 гектар гулҳо парвариш ёфта истодаанд. Ҷиҳати беталаф нигоҳ доштани меваю сабзавот дар шаҳр 55 сардхона фаъолият менамояд, ки миқдори ғунҷоиши маҳсулот дар онҳо 115,42 тоннаро ташкил медиҳад. Бунёди боз 4 сардхона бо ғунҷоиши 2 320 тонна маҳсулоти кишоварзӣ идома дорад. Ҳамаи ин дастовардҳо дар партави сиёсати дурандешона ва ободкорию созандагии Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда истодааст, - гуфт Акрамзода Парвиз Акрам.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.09.2022 №: 177 Мутолиа карданд: 1221