фарҳанг
ВАХШ ВОДИИ ЗАРХЕЗ
Сангимурод Алимардонов баъди бо дипломи аъло хатм намудани Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ фаъолияташро ҳамчун олим-агроном дар хоҷагии «Комсомол» оғоз бахшида, дар вазифаҳои сарагроном, роҳбари хоҷагии ба номи Анвар Қаландаров ва ба ҳайси муовини аввали раиси ноҳия кор кардааст. Айни ҳол ӯ сарвари Хоҷагии деҳқонии «Бобои Алимардон» буда, 25 гектар замин дорад.
Соли нахустини кор супориш гирифт, ки дар заминҳои навкорам лимӯпарвариро ба роҳ монад. Вай аз таҷрибаи хоҷагии лимӯпарварии «40-солагии Октябр»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ истифода бурда, бо ҷалби мутахассисон 8 гармхонаи васеъ сохта, ба истифода дод. Аз ҳамон вақт дар хоҷагии «Комсомол» ситруспарварӣ рушд ёфт.
Ҳине ки сарвари хоҷагӣ таъин шуд, дар назди худ вазифа гузошт, ки дар ҳудуди деҳоти навтаъсиси «Навзамин» барои омӯзгорони ҷавон, оилаҳои камбизоат ва ниёзмандон хонаҳои истиқоматӣ бунёд намояд. Ин иқдоми хайрхоҳонаи раис ҷомаи амал пӯшид ва дар як муддати кӯтоҳ бо ҷалби бригадаи сохтмонӣ, 15 хона ва иншооти маишӣ: коргоҳи дӯзандагӣ, сартарошхона, мағозаи амволи омехта ва бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуданд. Ҳамин тариқ симои деҳот намои шаҳракро гирифт.
Соли 1993 Сангимурод Алимардонов муовини аввали раиси ноҳия таъин гардид. Тибқи ҳидоятҳо, дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ӯ бо ёрии ҳамдеҳаҳояш дар як муддати кӯтоҳ узви 632 оиларо, ки ба ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод, Айвоҷ, Афғонистону Туркманистон аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ иҷборан гуреза шуда рафта буданд, ба хонаҳояшон баргардонд. Ҳамзамон, манзилҳояшонро бо мадади Ҳукумат ва ташкилотҳои ёрирасон аз нав барқарор кард. Мардум бо дили гарму руҳу илҳоми тоза зиндагиашонро идома бахшиданд.
Шаҳрчаи Гароутӣ ҳоло шукуфон аст. Қироатхона, майдончаҳои варзиш, коргоҳи дӯзандагӣ, боғчаи кӯдакона ва беморхонаи сеошёна бо ҳамаи шуъбаҳояш фаъоланд, ки дар ин ҷодаи ободкориҳо ҳиссаи Сангимурод Алимардонов назаррас аст. Фидоии соҳаи кишоварзӣ Сангимурод Алимардонов баъди таҷдиди хоҷагиҳо, сарварии Хоҷагии деҳқонии «Бобои Алимардон»-ро то ба ҳол ба уҳда дорад. Фарзандон ва набераҳои баркамоли ӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ намераванд, зеро ҳамаашон бо кори муфиди деҳқонӣ банданд ва ризқи худро аз замини файзбахш меёбанд.
Аллакай онҳо дар арафаи Ҷашни 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз нақшаи фурӯши пахтаро ба иҷро расонданд. Аз ҳар гектар 25-сентнерӣ «тиллои сафед» рӯёндаанд, ки ин ҳадди ниҳоӣ нест. Ҳоло дар хоҷагии онҳо чиниши пахта, меваю сабзавот идома дорад. Нақшаи киштгардон, кишти сеюми такрорӣ анҷом ёфтааст. Захираи ғизо, хӯроки чорво, ғалла, сӯзишвориашон ба ду соли оянда басанда аст.
Сангимурод Алимардонов дастпарвари мактаби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бо шукргузорӣ ба ҷавонон ростқавлию мардонагӣ, ободгариву бунёдкорӣ, меҳанпарастию зиракии сиёсиро талқин менамояд.
Музаффар МУРОДОВ,
бойгоншиноси дастгоҳи
раиси вилояти Хатлон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.09.2022 №: 177 Мутолиа карданд: 952