ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО
ОДАМКУШӢ
Қотили ноболиғ ҷазои сазовор гирифт
Тибқи иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе шаҳрванд Владимир Шерстнёвро бо моддаҳои 32 қисми 3-138 қисми 3 банди “а” (суиқасди таҷовуз ба номус нисбат ба духтари баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида) ва 104 қисми 2 банди “в” (одамкушӣ нисбат ба шахси баръало ноболиғ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба муҳлати 29 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Бар пояи тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ, В. Шерстнёв аввалҳои моҳи феврали соли 2022 бо М. Ғоибназарова санаи таваллудаш 27 июни соли 2008 шинос шуда, бинобар ҷойи зист надоштани ноболиғ ва модараш муваққатан онҳоро дар манзили худ ҷой мекунад.
Ҷинояткор 28 феврали соли 2022 пас аз нӯшидани маводи спиртӣ М. Ғоибназароваро гӯё барои ёрӣ расондан ҳамроҳаш ба манзили истиқоматии шаҳрванд Ҷаҳонгир Юсупов, ки дар онҷо бо корҳои таъмирӣ машғул буд, мебарад. Дар рафти иҷрои корҳои таъмирӣ боз маводи мадҳушкунанда нӯшида, дар ҳолати мастӣ барои қонеъ намудани нафси шаҳвонии худ бо истифодаи зӯроварӣ қасди таҷовуз ба номуси хурдсолро менамояд. Бинобар муқобилияти зиёд нишон додани ноболиғ бадахлоқ ӯро буғӣ карда, ба қатл мерасонад.
СОХТАКОРИИ ХИЗМАТӢ
Муҳосиби мактаб барои маблағҳои азхудкардааш ҷавоб мегӯяд
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Абдуҷаббор Холиқовро, ки дар вазифаи муҳосиби Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и шаҳри Кӯлоб кор мекард, баъд аз анҷоми тафтишоти пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд фиристод.
Бино ба хабари Агентӣ, А. Холиқов дар давраи фаъолияти кориаш бо истифодаи ваколати мансабӣ ва сохтакории хизматӣ дар ҳуҷҷатҳои муҳосибии музди меҳнати кормандон маълумоти таҳрифшударо ворид намуда, бо ин амалаш маблағи умумии 892 947,05 сомониро тасарруф намуда, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст.
Кирдорҳои А. Холиқов бо моддаҳои 245 қисми 4 банди «б» (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 323 (сохтакории хизматӣ) Кодекси ҷиноятӣ бандубаст шудааст.
ҚАЛЛОБӢ
Марди қаблан судшуда боз се нафари дигарро фиреб дод
Як марди 50-солаи сокини шаҳри Ҳисор, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятӣ суд шудааст, боз се нафари дигарро ба доми худ кашидааст.
Ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ, бар асоси аризаи марди 60-солаи шаҳри Душанбе ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ, моҳи августи соли 2021 гумонбар аз ӯ 140 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки ба вай трактори мехлапата гирифта медиҳад, аммо то ҳол маблағашро барнагардондааст. Сипас, моҳи октябри соли 2021 нақлиёти тамғаи “Дулан”-и марди 36-солаи сокини шаҳри Кӯлобро 150 ҳазор сомонӣ нарх карда, 45 ҳазор сомониашро дода, пули боқимондаро наовардааст. Дар дигар ҳолат вай моҳи октябри соли 2021 ба боварии зани 56-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 361 ҳазору 200 сомонӣ ва ба маблағи 600 ҳазору 468 сомонӣ арматура гирифта, то ҳол маблағашро барнагардондааст.
Нисбат ба гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.09.2022 №: 177 Мутолиа карданд: 2194