logo

иқтисод

ДАРВОЗ. ДОИРАИ ТАДБИРҲОИ ОЯНДАСОЗ ТАВСЕА МЕЁБАД

Раиси ВМКБ аз иншоотҳои сохташаванда дидан кард
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои ободонию созандагӣ ва фаъолияти корхонаҳои амалкунанда аз ноҳияи Дарвоз дидан кард. Дар маркази ноҳия – шаҳраки Қалъаихумб раиси вилоят бо ҷараёни кор дар  сохтмони бинои меҳмонхона ва маркази хизматрасонӣ шинос гардид. Иншооти мазкур чорошёна буда, аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бо маблағи 10 миллион сомонӣ сохта шуда истодааст. 
 
Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки дар дохили бино фурӯшгоҳ, сартарошхона, кошонаи ҳусн, меҳмонхона  ва ҳуҷраҳои алоҳида барои дигар намудҳои хизматрасонии маишӣ ҷой дода мешаванд. Ба роҳбарияти ноҳия ва масъулини сохтмон ҷиҳати сари вақт ва босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ, ба тартиб даровардани гирду атрофи бино ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта муҳлат ва супоришҳои иловагӣ дода шуданд. 
Дар маркази ноҳия раиси вилоят, ҳамчунин, аз маркази тафреҳии "КARON SPA center", ки дар арафаи Ҷашни Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор гирифт, дидан кард. Он аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст бунёд гаштааст. 
 
ДАРВОЗ – МИНТАҚАИ САНОАТИИ БАДАХШОН
Мирзонабот Алишер ҳамчунин, бо фаъолияти корхонаҳои саноатии амалкунандаи  ноҳия шинос шуд. Тибқи маълумоти дастрас, ноҳияи Дарвоз  аз минтақаҳои саноатии вилоят буда, айни ҳол  дар ин ҷо 11 корхонаи саноатӣ  фаъолият менамояд.
Ҷамъияти  дорои масъулияти маҳдуди "Меваҳои Бадахшон" воқеъ дар  мавзеи Дуробаки деҳоти Нулванд аз ҷумлаи  чунин корхонаҳост, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бунёд гардидааст. Дар ин ҷо коргарон, асосан, ба истеҳсол ва бандубасти маҳсулоти мевагӣ тавассути технологияи муосир машғуланд. Раиси вилоят зимни  мулоқот бо  коргарони корхона зикр кард, ки шуҳрати меваҳои шаҳдбори  Бадахшон, аз ҷумла ноҳияи  Дарвоз, кайҳо аз ҳудуди кишвар ҳам берун баромадааст. Вале бо  фаъолияти як корхонаи  коркарди мева имрӯз қаноат кардан ғайриимкон аст. Дар ҳудуди вилоят, хусусан ноҳияҳои  поёнии вилоят,  намудҳои гуногуни мева мавҷуданд ва  бештари онҳо ҷиҳати аз истифода берун монданашон пӯсида нобуд мегарданд. Бинобар ин,  раиси вилоят аз масъулини корхона талаб кард, ки фаъолияти мунтазамро ба роҳ монда, истеҳсолотро ҳарчи бештар тавсеа бахшанд. Дар идомаи сафар  Мирзонабот Алишер аз Парки инноватсионии саноатию технологӣ дидан намуд. Зикр гардид, ки  Парки мазкур дар доираи сафари кории Президенти мамлакат ба  ноҳияи Дарвоз мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин ҷо ду корхона муҷаҳҳаз бо муосиртарин технологияи коркарди асал, истеҳсоли обҳои ташнагишикан, сарпӯшҳои муҳофизатии сохтмонӣ (каска) бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат амал мекунад. Дар Парки инноватсионии саноатию технологӣ, ҳамчунин, ду гармхонаи замонавӣ ба парвариши ниҳолҳои дарахтони ситрусӣ, аз қабили афлесун, мандарин, лимӯ ва сабзавот, машғул аст.  
       
БУНЁДКОРИҲО ИДОМА ДОРАНД
Ба раиси вилоят раиси ноҳияи Дарвоз Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон иттилоъ дод, ки дар доираи Ҷашни муқаддаси миллӣ – 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия сохтмони корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва сехи макаронбарорӣ идома дорад. Дар корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, асосан, ротбанду шпатлёвка истеҳсол мегардад, ки  дар вилоят талабот ба онҳо зиёд аст. Таъкид шуд, ки минбаъд дар сохтмонҳо ба истифодаи  масолеҳи истеҳсоли корхонаҳои маҳаллӣ афзалият дода шавад.
Раиси вилоят аз рафти кори бунёди хонаҳои истиқоматӣ барои 14 хоҷагии деҳаи Умарак, ки бар асари фаромадани сел манзилҳои истиқоматиашон зарар дида буданд, шинос гардид. Мирзонабот Алишер таъкид намуд, ки маҳз  бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои  ин хоҷагиҳо дар мавзеи бехатар  қитъаи замин ҷудо гашта, сохтмони хонаҳои нав барои оилаҳои зарардида ба нақша дароварда шудааст. Бинобар ин, масъулонро зарур аст, то дар иҷрои супориши  Сарвари давлат масъулияти бештар дошта бошанд ва сифати корҳои сохтмонӣ ба талаботи замон ҷавобгӯ бошад. Ин туҳфаҳои Президенти мамлакат бояд барои онҳо даҳсолаҳо хизмат намоянд.
Раиси вилоят ҷиҳати ба тартиб даровардани гирду атроф, таъмини неруи барқ ва оби ошомиданӣ, мумфарш ва чарғонкунии деҳаи навтаъсис ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.09.2022    №: 177    Мутолиа карданд: 1310
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед