фарҳанг
ФУРӮҒИ МИЛЛАТИ МО ДАР КИТОБ АСТ
Яке аз падидаҳои дурахшони ҳаёти фарҳангии даврони истиқлол, бидуни шубҳа, интишори 50 ҷилди асарҳои бузургони адабиётамон дар силсилаи “Ахтарони адаб” аст, ки бо дастгирӣ ва кумаки Президенти муҳтарами мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омад.
Таъсири ҷангҳои шаҳрвандӣ, ки кишвари моро ба харобии иқтисодиву молиявӣ овард, ин касодиро ба маънавиёт ҳам то ҷойе расонида буд. Нархҳои гарон ва дасткӯтоҳии мардум боиси аз китоб ва китобхонӣ дур шудани одамон гардид. Дар аксари гӯшаҳои кишвар китобхонаҳо низ қариб аз фаъолият бозмонданд ва ин вазъият наметавонист Ҳукумати Тоҷикистон ва Сарвари онро бетафриқа гузорад. Маблағгузорӣ дар соҳаи нашру табъи китоб дар даврони соҳибистиқлолиятии кишвар аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ҳаргиз қатъ нашудааст, ҳатто дар солҳои вазнинтарин ҳам.
Мавриде нест, ки тамоми чораву чорабиниҳои солҳои оғози истиқлолиятро то имрӯз, аз таҷлили ҷашнҳои бузургони илму адаб то машварату ҷамъомадҳои адабиву илмӣ, бузургдоштҳо ва ҷашни муқаддасоти миллӣ ёдовар шавем, ки боиси эҳёи тозаи маънавиёти миллат ва аз ҷумла, интишороти китоб ва рӯ овардан ба китобхониву мутолиаи китоб гардиданд.
Яке аз иқдомҳои дурахшону бузурге, ки, воқеан, мардумро рӯ ба китоб оваронду китобро ба дасти муштариёни китоб дод, таъсиси Озмунҳои солҳои охир ва хусусан, Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи донӣ китоб аст” буд, ки метавон гуфт, як таҳавуллоти маънавӣ дар кишвари мо ба вуҷуд овард. Маҳсул ва натиҷаҳои се соли ин Озмун гувоҳ ва далели онанд , ки дар саросари кишвар хурду бузург рӯ ба китоб оварданд. Шартҳои ба андешаи ман, оқилонаи озмун, чунон мураттаб гардидаанд, ки тавонистанд, ҳам насли хурдсол, ҳам мактаббачагон, ҳам мутахассисони соҳаҳои гуногун ва ҳатто мардони калонсолу занони хонанишинро ба китобу китобхонӣ во доранд ва меҳру муҳаббату таваҷҷуҳи ононро ба хондани китоб бедору пойдор гардонанд.
Дар ин радиф, бо ташаббуси Пешвои миллатамон интишор ва тақдими ҳар хонаводаи сокини Тоҷикистон гардонидани китоби аллома Бобоҷон Ғафуров падидаест бесобиқа, ки баякборагӣ чанд ҳадафи бузургро, аз талқину парвариши ватандӯстиву арҷгузорӣ ба бузургони Ватан то муҳаббат ба китобу китобхонӣ пайгирӣ менамояд.
Интишори 50 ҷилди “Ахтарони адаб”, ки рӯнамои он дар Китобхонаи миллии мамлакат баргузор гардид, ин нуқтаи олии сиёсати фарҳангпарварони ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллати мост.
Нашри панҷоҳҷилдаи номбурда бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2007 оғоз ёфт ва то имрӯз 250 ҳазор нусха китоб аз чоп баромадаву ба дасти ҳаводорони адабиёти классикӣ расонда шуд. Дар ин маврид наметавон аз фаъолияти густурдаи Муассисаи нашриявии “Адиб”, ки дар ду-се соли охир саҳми бузургу боризи худро тавонист на танҳо дар интишори китобҳо, аз ҷумла силсилаи “Ахтарони адаб” гузорад, балки дар тарғиб ва дастраси хонандагони бешумор сохтани онҳо ва асарҳои адибони дигари кишварамон тавассути таъсиси намоиш-фурӯшҳои китобҳои дар нашрия интшорёфта дар аксари шаҳру ноҳияҳо, маркази вилоятҳо, дар гӯшаҳои гуногуни пойтахти Ватанамон шаҳри Душанбе, дар аксари кулли мактабҳои олии мамлакат борҳову борҳо саҳми шоиста гузорад. Кормандони Муассисаи нашриявии “Адиб” тавонистанд, ин намоишгоҳҳоро ба иди китоб табдил диҳанд, китобҳои арзандаро ба мардум расонанд.
Интишори силсилаи “Ахтарони адаб” поён ёфт, яъне 50 ҷилд аз чоп баромад, аммо нашри китобҳои адибони гузаштаву имрӯза идома дорад ва талаботи мардуми тоҷик ба он рӯз ба рӯз дар афзоиш аст.
Бояд таъкид намуд, ки аз масъулони идораҳои давлативу ҳукуматӣ ва аслан ҳама кормандони масъули идораву корхонаҳои соҳаҳои гуногуни кишвар бояд супориши Сарвари кишварамонро дар мавриди харидану хондани лоақл панҷ нусха китоби бадеӣ дар як сол, ки ба рушду такомули маънавии шахсии ҳар нафар мусоидат хоҳад кард, фаромӯш накунанд, хусусан, ки ин иқдом ба манфиати ҳар нафар аст, бояд ҳамасола пайгирӣ шавад. Илова бар ин аз ҷониби Пешвои миллатамон дар хусуси харидорӣ намудани китобҳои бадеӣ аз ҷониби вазорату кумитаҳо, корхонаву идораву мақомотҳо, таъсиси китобхонаҳо дар назди идораву корхонаҳо низ дастуру ҳидоятҳо дода шуда буданд, ки аз онҳо набояд фаромӯш кард, зеро иҷрои онҳо, бидуни шубҳа, ба равнақи интишори китобу китобхонӣ дар кишвар, яъне рӯ овардан ба асолати таърихи миллии мо, ки ҳамеша арҷи баландро ба китоб, ба илму дониш ва маърифату ҷаҳонбинӣ мегузошт, мусоидат хоҳад намуд. Миллати китобхон, миллате, ки арҷи баланд ба илму дониш ва фарҳагу маърифат мегузорад, миллати шоставу соҳибэҳтиром аст ва ҳама ҳадафҳо, ташабусу иқдомҳои Пешвои миллатамон дар ин соҳа маҳз ба ҳамин равона карда шудаанд.
Вақте сухан аз китобу китобдорӣ меравад, мо бояд дар ёд дошта бошем, ки беҳтарин дастовези миллати тоҷик тули таърихаш китоб будаасту китоб мондааст; китобе, ки ба шарофати он забони ноби тоҷикӣ, илму адабу таъриху фарҳанг, хираду фазилату дониш, таърих ва кулли дастовардҳои маънавиву суннатҳои волои халқамон ва ба ин васила худи миллати тоҷик зиндаву поянда мондаанд. Маҳз ҳамин хуҷастагӣ имрӯз боиси ифтихори миллати мост ва дар замони навини соҳибистиқлоли кишварамон ба шарофати сиёсати фарҳангдӯстонаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллатамон бо дурахшу фурӯғи нав дар арсаҳои зиндагиву таърих ҷилвагар гардида, симои неки башардӯстонаи халқи тоҷикро намову ҷилои тоза додааст.
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.09.2022 №: 178 Мутолиа карданд: 1047