logo

илм

ИЛМИ СОҲАВӢ. НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ ТАЪРИХӢ ДАР РУШДИ МАОРИФИ МИЛЛӢ

 
Вакилони мардумӣ дар ҷараёни Иҷлосия бо ҳисси баланди ватандӯстӣ манфиатҳои миллиро дар мадди аввал гузошта, барои ҳимояи онҳо талош меварзиданд.
Ҳамин буд, ки дар маҷмуъ, 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул гардид, ки нақши онҳо ҷиҳати ба эътидол овардани  вазъи сиёсии кишвар дар он солҳо хеле бузург аст.
 
Эмомалӣ РАҲМОН, 19 ноябри соли 2012,  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
 
Дар заминаи қарору санадҳои таърихии қабулнамудаи Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо имкон даст дод, ки вазъи ҷомеа  муътадил гардад ва, аз  ҳама муҳим, пойдевори ваҳдати миллӣ қавию устувор гузошта шавад. Иҷлосия дар самти ислоҳоти конститутсионии кишвар шароит фароҳам овард ва  барои қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон замина  гузошт. Баъди аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсияи нав ҳангоми таҳия ва қабули лоиҳаҳои ҳама асноди меъёрии ҳуқуқӣ ба он мутобиқ гардонда шуд. 
Дар замони Истиқлоли давлатӣ илми соҳавӣ, ки Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” ниҳоди пешбарандаи он ба шумор меравад, мутобиқи талаботи замон дар ташкил намудан ва пеш бурдани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуд. Фаъолияти Пажӯҳишгоҳ дар ҳамдастӣ ва ёрии роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд самараи назаррас дода истодааст. Бо истифода аз  чунин имконот тавонистем, ки раванди таҳқиқоти илмии моҳияти маҳаллидоштаро ба роҳ монем. Яъне, корҳои илмӣ-таҳқиқотии ходимони илмӣ бевосита дар минтақаҳо  анҷом дода мешаванд, зеро илми соҳавӣ аз ин тариқ самараи зиёд дода метавонад.
Пажӯҳишгоҳ дар самти омода намудани як қатор санадҳои меъёрӣ, аз қабили “Барномаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шароити ба иқтисоди бозорӣ гузаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон”,”Проблемаҳои иҷтимоӣ-меҳнатии такрористеҳсоли сармояи инсонӣ дар иқтисоди миллии системаи Тоҷикистони муосир”,”Рушди низоми давлатии интихоби касбу ҳунар ва дастгирии равонии аҳолӣ”, ҳамчунин, дар таҳияи лоиҳаҳои “Консепсияи ислоҳоти музди меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ”Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсули Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2040", ”Асосҳои консептуалии ислоҳоти тайёр кардани кадрҳои касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”ва ғайра саҳми арзанда гузошт. 
Ҳамасола олимони Пажӯҳишгоҳ дар асоси таҳқиқот дар самти бозори меҳнат, шуғли аҳолӣ, муносибатҳои меҳнатӣ, омода кардани кадрҳо мақолаҳои илмӣ-амалӣ навишта дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ ва дигар кишварҳои минтақа нашр менамоянд. Ҷиҳати таҳияи лоиҳаи “Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030” олимон  бо мақсади таъмини идоракунии давлатии равандҳои муҳоҷират, ҳифзи иҷтимоию ҳуқуқии муҳоҷирон ва узви оилаи онҳо, рушди институтсионалӣ ва истифодаи самараноки муҳоҷират дар соҳаи иҷтимоӣ, рушди иқтисодӣ ва инноватсионии кишвар дар асоси тадқиқоти анҷомдода ба Ҳукумат пешниҳодҳои мушаххас кардаанд.
Айни замон бо Академияи идоракунии давлатӣ ва мунисипиалии шаҳри Москва, Пажӯҳишгоҳи меҳнат ва суғуртаи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Федератсияи Россия ва Пажӯҳишгоҳи меҳнати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар асоси шартномаи ҳамкорӣ оид ба тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва ҳамоҳангсозии таҳқиқоти илмӣ робитаи илмӣ-таҳқиқотӣ самаранок идома дорад.
Ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон эълон гаштани  солҳои 2022 – 2026 Солҳои рушди саноат дар кишвар, таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ, ворид ва мавриди истифода қарор додани таҷҳизоту технологияи муосир, пайдо гаштани ихтисос ва ҷойҳои нави корӣ роҳандозӣ хоҳанд шуд. Ин пешравиҳои соҳаи саноат ва дигар тағйирот дар бахшҳои гуногуни ҷумҳурӣ  моро водор месозад, ки мутобиқ ба талаботи давр фаъолияти  илмиву таҳқиқотии Пажӯҳишгоҳро баҳри ноил шудан ба натиҷаҳои беҳтарин ба роҳ монем.
 
МАҲМАДБЕКЗОДА Моёншо Шодмон,
директори Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи  меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.09.2022    №: 178    Мутолиа карданд: 1922
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед