фарҳанг
АДАШ ИСТАД: «ЯК УМР БО ТОҶИКИСТОН БУДАМ»
Адибу рӯзноманигори тавоно Адаш Истад соли 1946 дар ноҳияи Самарқанди вилояти Самарқанд таваллуд шуда, дастпарвари факултети суханшиносии тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд аст. Фаъолияти рӯзноманигориро дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (имрӯза «Ҷавонони Тоҷикистон») оғоз бахшида, минбаъд қаламкаши «Адабиёт ва санъат» гардид. Дар Радиои «Тоҷикистон» солҳо суханвариву сухангустарӣ дошт.
Азбаски Адаш Истад дар баробари кори журналистӣ, бо фаъолияти эҷодӣ низ машғул буд, соли 1975 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гардид. Соли 1990 барои як силсила мақолаҳояш доир ба миллату фарҳанги куҳан ба гирифтани Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мушарраф шуд.
То соли 1993 дар ҷаридаи «Адабиёт ва санъат» ба симати муовини сардабир адои вазифа кард. Пас, ба Самарқанд баргашта, дар идораи ҳафтаномаи тоҷикии «Овози Самарқанд», рӯзномаи «Овози тоҷик» қаламкашӣ намуд.
Ҳанӯз охири солҳои 80-уми асри ХХ масъалаҳоеро матраҳ мекард, ки имрӯз дар бораашон баҳс идома дорад. Аз ҷумла, матлабҳои «Анъанаи нек куҷост?» дар бораи эҳёи маданияти либоси тоҷикӣ, «Номҳо – нишони маърифат», «Забони миллат — пояи миллат», «Хоҷа Аҳрор кӣ буд?» ("Тоҷикистони советӣ», 27 ноябри соли 1988), «Расмулхати бобоӣ – нури басари моӣ!», «Миллати тоҷикро тақсим накунед!», «Рамзҳои миллӣ кадомҳоянд?» дар байни на танҳо хонандагон, балки зиёиён баҳсу суҳбатҳои гармро ба вуҷуд оварданд.
Асоси рӯ овардани адиб ба масъалаҳои мубрами эҳёи фарҳанги миллӣ, ғурури тоҷикӣ ва ҳувияти баландаш буд. Мақолаҳое мисли «Интернатсионализм аз чӣ сар мешавад?» («Адабиёт ва санъат», 28 майи соли 1987)-и Адаш Истад дар сатҳи КМ ПК Тоҷикистон таҳлилу баррасӣ гардида, бозсозӣ ва ошкорбаёнӣ гоҳ ба сараш бало ҳам овард.
Радиопйесаи «Таркиш»-и ӯро аввалин радиопйесаи тоҷикӣ медонанд, ки дар хазинаи тиллоии радио ҷо дорад. Ҳикояҳои илмӣ-тахайюлии Адаш Истадро китобҳои «Мавҷи хаёлот» (1970), «Суруди Офтоб» (1974), «Замир» (1978), «Дарахти пахтачормағз» (1981), «Баъди ҳазор сол» (1988) дар худ фаро мегиранд. Номбурда аз камшумортарин адибони мост, ки дар осораш фантастика бо унсурҳои илм омехтааст.
Барои кӯдакону наврасон афсонаҳои адабӣ низ навиштаст. Асоси афсонаҳои ӯро ривоятҳои мардумӣ ташкил дода, дар маҷмуаҳои «Парвози меъмор» (1985) ва «Чароғи сеҳрнок» (1989) гирд омадаанд. Дар жанри насри таърихӣ низ қувва озмуд. Силсилаи ҳикояҳои таърихии ӯ дар китоби «Борбад» (бо забони русӣ) ва «Ҳикояҳо аз рӯзгори Борбад» (1990) ҷамъанд. Соли 2008 дар Душанбе китоби «Оҳангҳои Самарқанд»-ро чоп кард ва он истиқболи гарм ёфт. «Саргузашти Нахӯдак»-и адибро хонандагони маҷаллаҳои «Чашма» ва «Родник» хуб дар ёд доранд.
Осори Адаш Истад бо забонҳои ӯзбекӣ, русӣ, украинӣ, белорусӣ, чехӣ, қирғизӣ, туркманӣ, озарӣ тарҷума ва чоп шудаанд. Худи ӯ низ бисёр ҳикояҳо ва радиопйесаҳои адибони оламро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Эҷодиёти Адаш Истадро адабиётшиносони тоҷик доктори илмҳои филология Ҷӯрахон Бақозода, Ҷонон Бобокалонова, Азим Амин, Болта Ортиқзода баррасӣ ва таҳлил кардаанд. Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар китоби «Нигоҳе ба адабиёти тоҷики садаи ХХ» асари Адаш Истад «Ҳикояҳо аз рӯзгори Борбад»-ро дар қатори асарҳое ном бурдааст, ки барои ташаккули ёди таърихии мардуми тоҷик, нав шудан ва амиқ рафтани мундариҷаи он, рангорангиву дороии поэтикии адабиёт нақши муҳим доштаанд.
Бино ба арзёбии муҳаққиқон, Адаш Истад дар адабиёти тоҷик ба пайдоиш ва устувор шудани жанри ҳикояҳои илмӣ-фантастикӣ сабабгор шуд. Дар ҳикояҳояш фантастика бо ҳаҷву мазҳака ба ҳам омада, муҳимтарин масъалаҳои иҷтимоӣ ва илмиро равшан мегардонад. Дар веб – блоги «Герби шердор» ҳикояву мақолаҳои худро бо хонандагони тоҷик ва форсизабонони ҷаҳон ба ҳам мебинад.
Ӯ то ҳол аз фидоиёну муҳофизони забони тоҷикӣ, фарҳанги тоҷик ва аз эҳёгарони суннатҳои миллӣ буда, ба қавли худаш, як умр бо Тоҷикистон будааст.
Озод ҲАМИДЗОДА,
пажӯҳишгар аз шаҳри Самарқанд
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.09.2022 №: 178 Мутолиа карданд: 1085