ҳуқуқ
РОҲЗАНӢ. ҶИНОЯТКОР БАРОИ МАБЛАҒИ МУФТ ҚАРИБ СЕ КАСРО АЗ ҲАЁТ МАҲРУМ МЕКАРД
Ҳоло сухан дар бораи ҷинояткоре меравад, ки барои ба даст овардани пули муфт ба роҳзанӣ машғул шуда, бо ниятҳои ғаразнок суиқасд ба ҷони одамон кардааст. Ин нафар Назрулло Сафаров, сокини пойтахт мебошад, ки тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноятии ӯ аз тарафи прокуратураи шаҳри Душанбе анҷом дода шудааст. Вай дар се ҳолат қариб буд, ки се нафарро аз ҳаёт маҳрум намояд.
Бар пояи тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ, Н. Сафаров 2 ноябри соли 2021 тахминан соати 20:30 дақиқа вориди мағозаи хӯрокаи «Шукрона» (шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Қарабоев, бинои 57) шуда, бо пеш овардани ҳар баҳона аз фурӯшанда Абдувоҳид Маҳмадов маводи хӯрока қарз мепурсад, вале ҷавоби рад мегирад. Сипас, реҷаи кории мағозаро аниқ карда, баромада меравад. Аз хонааш барои амалӣ кардани нақшаи таҳрезинамудааш – тасарруфи молу мулки ғайр бо истифодаи зӯроварии барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок бо табар мусаллаҳ шуда, дубора ба мағоза бармегардад. Аз фурӯшанда хоҳиши мекунад, ки ба ӯ ангур диҳад. Вақти гирифтани ангур аз ҷуздонаш табарро бароварда, ба сари А. Маҳмадов мезанад, ки номбурда аз ҳуш меравад. Вайро кашолакунон ба назди хазинаи мағоза оварда, 4000 сомониро мегирад. Ҳангоми баромадан мебинад, ки фурӯшанда ба ҳуш омада истодааст бо мақсади куштани вай бо табар се-чор зарбаи дигар ба сараш зада, аз ҷои ҳодиса фирор мекунад. Хушбахтона, фурӯшанда пас аз бардоштани ҷароҳатҳои вазнин зинда мемонад.
Ҷинояткор баъд аз чор рӯзи ҳодисаи мағоза аз назди дорухонаи «Гарант»-и ноҳияи Фирдавсӣ, автомашинаи ширкати мусофиркашонии «Рахш такси», тамғаи “КИА Оптима”, ки таҳти идораи ронанда Муродбек Соҳибназаров буд, киро карда, дар нишастгоҳи ақиб нишаста, мефармояд, ки ба самти кӯчаи Н. Қарабоев ҳаракат намояд. Дар роҳ ӯ махсус ҷои муносиб, яъне бе одамро интихоб карда, ҳангоми дар назди бинои 92/2-и кӯчаи Н. Қарабоев расидан, аз ронанда талаби нигоҳ доштани нақлиётро мекунад. Баъди таваққуф аз ҷуздон табарро бароварда се зарба ба пушти ронанда мезанад, ки ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ мебардорад. Ба ин нигоҳ накарда, таксирон худро муҳофизат карда, табарро аз дасти вай мегирад. Дар натиҷа, Н. Сафаров ба нияти нопоки худ нарасида, ҷойи ҳодисаро тарк мекунад.
Ҳамагӣ як рӯз пас аз ин воқеа (7 ноябри соли 2021) ӯ боз даст ба роҳзанӣ мезанад. Пас аз нисфирӯзӣ тақрибан соатҳои 16:00 ба мағозаи хӯрокаи «Мини маркет» (ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Ҷомӣ, бинои 8) рафта, аз фурӯшандаи он Хисравшоҳ Каримов хоҳиш менамояд, ки ба ӯ “печенье” баркашад. Фурӯшанда дар ҳол пайи иҷрои фармоиши «мизоҷ» мешавад. Бадкирдор аз ҷайбаш калиди газии ҳаҷмаш хурдро бароварда, зиёда аз даҳ зарба ба сараш мезанад. Ба дарди ҷонкоҳ нигоҳ накарда Х. Каримов бархеста худро муҳофизат мекунад. Дар ин лаҳза, мизоҷон ба мағоза медароянд ва ҷинояткор аз тарс мегурезад.
Суди шаҳри Душанбе пас аз омӯхтани далелҳои парванда ва баррасии он Назрулло Сафаровро дар содир намудани ҷинояти дар моддаҳои 249 қисми 3 банди “г” (роҳзанӣ бо расондани зарари вазнин ба саломатӣ) ва 32 қисми 3, 104 қисми 2 банди “и” (суиқасди одамкушӣ ба нияти ғаразнок марбут ба роҳзанӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба муҳлати 16 сол равонаи зиндон намуд. Вай ҷазоро дар муассисаҳои ислоҳии низомаш сахт паси сар мекунад.
М. БАҲРОМ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.09.2022 №: 178 Мутолиа карданд: 1924