сиёсат
ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ
15-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи иштирок дар ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанд бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд.
Дар оғози суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба муносибати раёсати муваффақонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Созмони ҳамкории Шанхай табрик гуфтанд.
Сарварони давлатҳо масъалаҳои мубрами рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ карданд.
Сатҳи баланди муносибатҳо дар доираи шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ таъкид гардид. Инкишофи минбаъдаи ҳамкориҳои ду кишвар дар ин руҳия ба манфиатҳои бунёдӣ ва ормонҳои ду халқи бародар мувофиқ дониста шуд.
Ҷонибҳо ба натиҷаҳои музокироти боварибахш дар сатҳи баланд дар ҷараёни сафари охири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон баҳои баланд доданд. Президенти мамлакат изҳори итминон карданд, ки татбиқи мунтазами созишҳои ҳосилшуда ба ҳамкориҳои ҷонибҳо дар ҳамаи ҷабҳаҳо такони сифатан нав мебахшад.
Робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ аз самти афзалиятноки муносибатҳои ду кишвар номида шуда, сатҳи баланди гардиши савдои мутақобила зикр гардид.
Мусоҳибон ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика ва нақлиётро аз самтҳои ояндадор номида, аз оғози татбиқи лоиҳаи сохтмони муштараки ду неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон, ба роҳ мондани робитаҳои мустақими роҳи оҳан байни пойтахтҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Сарварони давлатҳо аҳамияти густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангию гуманитариро таъкид сохтанд.
Ҷонибҳо пурмазмун кардани рӯзномаи муносибатҳои дутарафаро бо масъалаҳои нав ба манфиати ду кишвар хонданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.09.2022 №: 179 Мутолиа карданд: 527