мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН
15-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанд бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Саид Иброҳим Раисӣ мулоқот намуданд.
Роҳбарони ду кишвар муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эронро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Президентҳо аз равандҳои мусбати солҳои охир дар муносиботи Тоҷикистону Эрон, минҷумла муколамаи созандаи сиёсӣ ва тамоюли мусбати муомилоти тиҷоратӣ байни ду кишвар, ки дар шаш моҳи сипаришуда, аллакай, ба беш аз 116 миллион доллари ИМА расидааст, изҳори қаноатмандӣ карданд. Қобили зикр аст, ки ин нишондиҳанда соли 2021-ум ба 120 миллион долларро ташкил дод.
Идомаи муваффақонаи ҳамкорӣ, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, саноату кишоварзӣ, энергетика ва нақлиёту коммуникатсия ва фарҳангиву гуманитарӣ ба нафъи мардумони ду кишвар дониста шуд.
Дар ин замина, мусоҳибон ба рушди ҳамкориҳо миёни бахшҳои хусусиву давлатӣ, ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, робитаҳои мустақими минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва шаҳракҳои саноатӣ авлавият доданд.
Сарвари давлати мо, дар баробари ин, аз таъсиси гурӯҳи кории муштарак бо мақсади истифодаи зарфиятҳои транзитии ду кишвар ва идомаи ҳамкориҳои мустақим миёни вилоятҳо ва шаҳрҳои Тоҷикистону Эрон, аз ҷумла барқарории равобити бародаршаҳрӣ байни онҳо, ҷонибдорӣ намуданд.
Зарурати бештар фаъол гардидани абзорҳои дуҷониба, ба монанди Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ, Кумитаи муштараки сармоягузории Тоҷикистону Эрон, баргузории пайвастаи намоишгоҳҳои молу маҳсулот ва нишастҳои доираҳои соҳибкории мамлакатҳо дар ростои расидан ба ҳадафҳо таъкид гардид.
Пешвои миллат, бо такя ба арзишҳои муштараки таърихиву фарҳангии мардумонамон, нақши баргузории рӯзҳои фарҳангии ҷонибҳоро дар қаламрави ҳамдигар дар ояндаи наздик ҷиҳати тақвияти равобити фарҳангӣ муҳим хонданд.
Ҳамзамон, зимни вохӯрӣ роҳбарони ду давлат дар робита ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла вобаста ба вазъи Афғонистон, табодули назар карданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.09.2022 №: 179 Мутолиа карданд: 1861