мулоқотҳо
ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ШАҲБОЗ ШАРИФ
15-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанд бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф вохӯрданд.
Ҷонибҳо ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистонро матраҳ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, Шаҳбоз Шарифро ба муносибати интихоб гардиданаш ба маснади олии Сарвазири кишвари дӯсти Покистон табрик гуфта, дар фаъолияти сермасъули давлатӣ комёбиҳо орзу карданд. Дар баробари ин, Пешвои миллат бинобар обхезиҳои фоҷиабору харобиовар дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Сарвазир ва тамоми мардуми бародари он ҳамдардӣ ва тасаллиёт баён доштанд. Зимнан, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф ба ҷониби Тоҷикистон барои расондани кумаки башарӣ сипоси амиқи худ ва мардуми кишварашро расонд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои созанда бо Покистон аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад. Рушди бомароми ҳамкориҳо тули сӣ соли баъд аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ дар арсаҳои сиёсӣ, соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва амниятӣ мавриди зикр қарор гирифт.
Дар заминаи робитаҳо дар бахшҳои энергетика ва нақлиёту коммуникатсия вусъати татбиқи тарҳҳои вобаста ба пайвасти шабакаҳои энергетикӣ ва нақлиётӣ, аз ҷумла САSA – 1000 ва баромад ба бандарҳои Покистон, ба манфиати ду кишвар хонда шуд.
Бо назардошти таҷрибаи ғании Покистон, ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон барои таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди нахи пахта, пашму пӯст то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, коркарди сангҳои мармару хоро ва истеҳсоли шишаи сохтмонӣ изҳор гардид. Мусоҳибон бештар фаъол гардидани абзорҳои дуҷониба, аз ҷумла Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, Шурои муштараки соҳибкорон, Форуми соҳибкории Тоҷикистону Покистонро ба манфиати кор донистанд.
Шарикии ду кишвар дар соҳаи таъмини амният, пеш аз ҳама ҳамкорӣ дар муқовимат ба терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва зуҳуроти дигари ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ ва хатару таҳдидҳои глобалӣ, муҳим арзёбӣ гардиданд.
Зимни мулоқот дар робита ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, бахусус вазъи имрӯзаи Афғонистон, муболаи афкор сурат гирифт.
Сарвазири Покистон Пешвои миллатро бо сафари расмӣ ба кишвараш даъват намуд. Сарвари давлати мо низ Шаҳбоз Шарифро ҷиҳати анҷом додани боздиди расмӣ аз Тоҷикистон даъват карданд.
Мулоқот дар фазои дӯстона, ҳусни тафоҳум ва эътимоди байниҳамдигарӣ гузашт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.09.2022 №: 179 Мутолиа карданд: 1816