logo

сиёсат

БОЗДИДИ САРВАРОНИ КИШВАРҲО АЗ МАҶМААИ ФАРҲАНГИЮ ЭТНОГРАФИИ “ШАҲРИ АБАДӢ”

15-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанд дар маросими ниҳолшинонӣ иштирок карда, аз маҷмааи фарҳангию этнографии “Шаҳри абадӣ” боздид ба амал оварданд.
Нахуст, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо  сарварони  давлатҳои  аъзо  ва нозири Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳудуди “Конгресс-ҳолл” бо умеди рушду шукуфоии кишвари дӯсту ҳамсояи Ӯзбекистон ва саодатмандии ҳарчи бештари мардуми бародари ӯзбек ниҳоли дӯстӣ шинонданд.
Сипас, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи Роҳбари Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва сарварони давлатҳои аъзо ва нозири Созмони ҳамкории Шанхай ба маҷмааи фарҳангию этнографии “Шаҳри абадӣ” ташриф оварда, бо имкониятҳои сайёҳии он шинос шуданд.
Дар “Шаҳри абадӣ” маҷмааи сайёҳии “Роҳи бузурги абрешим” ташкил гардидааст, ки он аз маркази байналмилалии “Конгресс-ҳолл” бо 3500 ҷой, ҳашт меҳмонхона, парки таърихию этнографии “Шаҳри абадӣ”, кӯл ва дарахтони гуногун иборат мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи фарҳангию этнографии “Шаҳри абадӣ” дар масоҳати 120 гектар доман густурда, соли равон ба ифтихори баргузории ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ифтитоҳ гардид.
Маҷмааи таърихию этнографии “Шаҳри абадӣ” як намунаи шаҳри бостонии Самарқанд мебошад.
Сайёҳон дар ин ҷо имкон доранд, ки ҳангоми тамошои кӯчаҳо бо таъриху фарҳанг ва маданияти мардуми шаҳри қадима шинос шаванд.
Аз ҷониби ҳунармандони театр дар маҷмаа барномаҳои рангини консертӣ ва намоишномаҳо пешкаш мешаванд.
Маҷмаа, ҳамчунин, муаррифгари ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии минтақаҳои гуногуни Ӯзбекистон буда, меҳмонон имкон доранд, барои хотира маҳсули дасти ҳунармандонро бихаранд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.09.2022    №: 179    Мутолиа карданд: 489
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед