мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО САДИР ЖАПАРОВ
16-уми сентябри соли ҷорӣ дар Самарқанд дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд.
Сарварони давлатҳо вазъ дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карданд.
Президентҳо дар бораи таъсиси комиссия оид ба таҳқиқи сабабҳои ҳодисаи мусаллаҳона ба мувофиқа расиданд ва ба ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатӣ дастур доданд, ки фаъолияти он, аз ҷумла фаъолияти гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои топографӣ ва ҳуқуқӣ, фаъол гардонда шавад.
Сарварони давлатҳо изҳори мавқеи ҳамсон намуданд, ки ҳамаи масъалаҳои бамиёномада бояд танҳо бо роҳи сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал шаванд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.09.2022 №: 180 Мутолиа карданд: 1809