сиёсат
САРҲАД. АМАЛКАРДИ ҚИРҒИЗИСТОН ХИЛОФИ ҲУСНИ ҲАМҶАВОРӢ АСТ!
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе дар саҳифаи расмияш дар Фейсбук хабар дод, ки Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон бо дастгирии дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ин кишвар 14 сентябр, соати 7:15 бе ягон сабаб нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти таҷовузкоронаи мусаллаҳона анҷом доданд. Дар натиҷаи амалҳои душманона, аз ҷумла тирборон кардани мавқеи посгоҳи «Кех»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз миномёт, пулемёт ва дигар аслиҳаи оташфишон ду нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳалок гардиданд.
Ғайр аз ин, аз ҷониби Қирғизистон қувва ва воситаҳои иловагии ҳарбӣ ба минтақаҳои сарҳадӣ интиқол дода шуданд. Худи ҳамон рӯз, тахминан соати 14:10, баъди эълони оташбас, низомиёни Қирғизистон бо истифода аз силоҳи гурӯҳӣ ба маҳаллаҳои аҳолинишини Лангар ва Сари Бозор ҳамла карданд. Илова бар ин, ҳангоми тирборон кардани бинои муассисаи таҳсилоти умумии рақами 47-и Ҷамоати Чоркӯҳ хонандагон ва омӯзгорони ин Муассисаи таълимӣ ҷароҳат бардоштаанд.
Новобаста аз тавофуқи бадастомада оид ба эътидол овардани вазъ ва ба мавқеъҳои аввалаи худ баргардондани қувваю воситаҳои иловагӣ, 16 сентябр соати 04:50 низомиёни қирғиз бо истифода аз силоҳҳои вазнин дидбонгоҳи сарҳадии «Душанбе»-и Тоҷикистонро гулӯлаборон карданд. Кормандони низомии Қирғизистон бо истифода аз техникаи ҳарбӣ деҳаҳои аҳолинишини Хоҷаи Аъло, Қуммазор, Сурх, Сомониён, Кулканди шаҳри Исфара, Хистеварз ва Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор доданд. Аз ҷумла, маҳаллаҳои аҳолинишини деҳаи Чорқишлоқи шаҳри Исфара бо истифода аз БМП ва БТР тирборон карда шуданд.
Худи ҳамон рӯз тахминан соати 06:30 низомиёни таъиноти махсуси Қирғизистон ба ҳудуди деҳаи Боғдории Ҷамоати Чилғозии шаҳри Исфара ворид шуда, 16 манзили сокинони маҳаллиро оташ ва даст ба дуздиву ғоратгарӣ заданд. Дар ҳамин деҳа ба хонаи пиразан даромада, ӯро бо бераҳмии махсус куштанд. Ҳамчунин, иншооти инфрасохтори шаҳрвандӣ зери ҳамлаҳои мақсадноки хизматчиёни ҳарбии Қирғизистон қарор гирифтанд. Хати интиқоли неруи барқи «Шуроб» вайрон шуд, пули деҳаи Чорқишлоқ мавриди ҳамла қарор гирифт ва дар маҳаллаҳои аҳолиниши Боғистон ва Лакони шахри Исфара хонаҳои шаҳрвандон ва иншооти ёрирасон ба таври оммавӣ оташ зада шуданд. Бар асари оташи низомиёни Қирғизистон дар Ҷамоати Чоркӯҳ панҷ узви як хонавода, аз ҷумла як духтарчаи 6-сола, як писарчаи 5-сола ва як зани ҳаштмоҳа ҳомиладор кушта шуданд.
Аз соати 07:30 ҷониби Қирғизистон дар тамоми хати сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон оташ кушод. Дар деҳаи Маданияти ноҳияи Ҷ. Расулов ҳамлаҳои оммавӣ бо истифода аз аслиҳаи вазнин ба маҳалҳои аҳолинишин ба қайд гирифта шуд. Дар ин самт Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон 20 мошини зиреҳпӯши вазнин, ки пешакӣ барои ҳамла ба қаламрави Тоҷикистон сафарбар шуда буданд, истифода карданд. Бинои муассисаи таълимии деҳаи Боғистони шаҳри Исфара мавриди тирборон қарор гирифт. Дар деҳаи Боғистони Исфара бар асари оташи 8 танк ва 2 БТР 8 хона хароб ва сӯзонда шуд. Ҳамзамон, манзилҳои мардуми осоиштаи деҳаи Сомониён аз ҷониби 10 БРДМ мавриди ҳамла қарор гирифтанд.
Илова бар ин, тахминан соати 07:35, 16 сентябри соли 2022, дар натиҷаи ҳамлаи миномётии ҷониби Қирғизистон ба маҳаллаи аҳолинишини Ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Б. Ғафуров ду зани санаи таваллудашон 1948 ва 1962 кушта шудаанд ва 5 аъзои оилаи онҳо, аз ҷумла ноболиғон ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.
Бо вуҷуди талошҳои чандинкаратаи ҷониби Тоҷикистон барои расидан ба оташбас ҷониби Қирғизистон тирборони маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Исфара ва, ҳамчунин, ҳудудҳои ноҳияҳои Б. Ғафуров ва Ҷ. Расуловро идома дод.
16 сентябри соли 2022, тахминан соати 19:10, баъди эълони оташбас, низомиёни қирғиз ба сӯи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 225-и Ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара дубора оташ кушоданд, ки дар натиҷа ба Муассисаи мазкур зарари калони моддӣ расонда шуд. Ҳамчунин, ҳангоми тирпарронии ҷониби Қирғизистон бинои Муассисаи № 64-и ҷамоати мазкур пурра сӯхт.
Бар хилофи принсипҳои умумэътирофии инсондӯстӣ ва бар хилофи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона низомиёни Қирғизистон бо истифода аз мошинҳои зиреҳпӯш мошини ёрии таъҷилиро дар деҳаи Чорқишлоқи Ҷамоати Зумради Исфара, ки ҳомили сокинони осоиштаи маҷруҳ буд, зери тирборон қарор доданд. Бар асари ин ҳамла панҷ узви як хонавода, аз ҷумла ду кӯдак - Асмоа, соли таваллудаш 11 июли соли 2016 ва Имрон, соли таваллудаш 5 декабри соли 2017, фелдшери ёрии таъҷилӣ ва ронанда кушта шуданд.
Ба ҷуз аз мошинҳои зиреҳпӯши вазнин, пас аз имзои протоколи № 41 аз 16 сентябри соли 2022 дар бораи эълони оташбас аз соати 16:00-и ҳамон рӯз байни роҳбарони ду комиссия – С. Ятимов ва Қ. Ташиев, ҷониби Қирғизистон ҳангоми ҳамла аз чархболҳои ҷангӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин зарбазананда (БПЛА) истифода кард. Дар натиҷаи ҳамла ба бинои Муассисаи рақами 8-и Ҷамоати Овчиқалъачаи ноҳияи Б. Ғафуров 6 сокини осоишта ва бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин ба масҷиди ҳамин ҷамоат 12 нафар кушта шуда, беш аз 20 нафар, аз ҷумла як кӯдаки ҳафтсола, ҷароҳат бардоштанд.
Инчунин, дар иттилоия омадааст, ки хизматчиёни ҳарбии Қирғизистон бо идома додани амалҳои иғвоангезонаи худ нисбат ба Тоҷикистон субҳи 17 сентябр боз талаботи созиши оташбасро вайрон намуда, Ҷамоати Чоркӯҳ ва қитъаи шоҳроҳи Чорқишлоқи Ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфараро аз миномёт тирборон карданд.
Соати 11:10-и ҳамон рӯз низомиёни қисми ҳарбии 707-и ВКД Қирғизистон бо истифода аз ҳама намуди силоҳ ба самти дидбонгоҳи сарҳадии «Душанбе»-и отряди сарҳадии «Исфара» оташ кушоданд. Неруҳои воҳидҳои махсуси Қирғизистон деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфараро тирборон карданд.
Соати 11:50 аз ҷониби низомиёни қирғиз бо истифода аз системаҳои мушакӣ деҳаи Тоҷварони ноҳияи Лахши Тоҷикистон низ мавриди тирборон қарор гирифт. Бар асари ин ҳамла чанд сокини осоишта, аз ҷумла занону кӯдакон, ҷароҳат бардошта, 3 бинои истиқоматӣ хароб гашт.
Бояд тазаккур дод, ки давоми рӯз низомиёни Қирғизистон бо истифода аз системаҳои мушакӣ се маротиба ба мавзеъҳои аҳолинишини минтақаи марзии ноҳияи Лахш ҳамла карданд. Муассисаи № 15-и деҳаи Тоҷварон мавриди ҳамла қарор гирифта, дар натиҷа 3 хонанда ҷароҳат бардошт.
Дар изҳорот омадааст, ки ҷониби Қирғизистон рӯзҳои охир ба хотири эҷоди симои «таҷовузкор» дар тимсоли ҳамсояи худ аз дурӯғу иғвоҳои рӯирост худдорӣ накарда, маъракаи сохтаи иттилоотиро нисбат ба Тоҷикистон идома медиҳад ва бо ин васила ташаннуҷро дар манотиқи сарҳадӣ афзоиш медиҳад. 17 сентябр дар паёми худ ба мардум Президенти Қирғизистон дар робита ба Тоҷикистон вожаи «душман»-ро ба кор бурд, ки ба руҳияи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ мувофиқат намекунад.
Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.09.2022 №: 180 Мутолиа карданд: 766