сиёсат
ЕВРОНЮС ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН
Субҳи 18 сентябр ахбори ЕВРОНЮС дар бораи воқеаҳои Тоҷикистону Қирғизистон нисбатан беғаразона буд. Ҳарчанд талафоти қирғизҳо (кушташудагон) бештар нишон дода шуд.
Меҳвар ва асли хабар чунин буд:
Қирғизистон мегӯяд, ки ба мо ҳуҷум карданд. Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, ки тирпаррониву кушторро онҳо оғоз карданд.
Мақомоти қирғиз гуфтанд, ки неруҳои Тоҷикистон мавзеъҳои ишғолшударо ба ҳоли худаш монда, ақиб баргаштанд.
Дар вилояти Ботканд вазъи фавқулода эълон карда шудааст.
Баъди ин ролики кӯтоҳе, ки чанд вақт боз дар бораи Тоҷикистон дар ин телевизион чарх мезанад, нишон дода шуд.
Ҳарчанд забони хабар чизеро нишон додан хоҳад ҳам, аммо барои бинандаву шунаванда чунин мантиқ ҳосил мешавад:
1. Низоъ аз ҷониби Қирғизистон ангехта шудааст. Зеро, агар Тоҷикистон ҳадафи забт намуданро медошт, минтақаҳои ишғолшударо боз ба ихтиёри қирғизҳо намедод.
2. Аз ролике, ки дар бораи Душанбешаҳр ва Тоҷикистон буд, оҳанги сулҳу осоиштагӣ тантана дошт. Яъне, Тоҷикистон дар пайи сулҳу созандагӣ аст.
Хулосаҳои дигар:
1. Ноҷавонмардона будани амали қирғизҳо он аст, ки вақти оташбас ба ҷониби неруҳои мо тир андохтанд ва сабаби марги одамон шуданд.
2. Аз ахбори гуногун маълум мешавад, ки ҷониби Тоҷикистон аз ҳама лиҳоз (сулҳхоҳӣ ва неруи низомӣ) бартарӣ дорад.
3. Бузургтарин роҳбари давлат ҳамонест, ки барои халқаш сулҳу осоиштагӣ оварда тавонад. Эмомалӣ Раҳмон ин рисолатро тавонистаанд. Ҷониби С. Ҷапаров талоши баръакс дорад.
4. Халқ ҷонибдори сулҳ аст. Имрӯз дар Украинаву Афғонистону даҳҳо кишварҳои ҷангзада ташнаи сулҳанд. Туф кардаанд ва безоранд аз бомбаи атомиву байрактар доштан ҳам.
5. Халқи тоҷик некхоҳ аст ва танҳо барои сулҳ бо ҷанг ҷанг менамояд. Мардуми шарифи Тоҷикистон мутмаин аст ва бовар дорад, ки дар ин имтиҳон низ, Эмомалӣ Раҳмон бо халқи худ фотеҳ мешавад.
Бахтиёр ҚУТБИДДИН, журналист
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.09.2022 №: 180 Мутолиа карданд: 796