logo

сиёсат

САҲНАСОЗӢ. ФИРЕФТАИ ГУРӮҲҲОИ МАНФИАТҶӮ НАБОЯД ШУД!

Даргириҳои чанд рӯзи охир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҷараёни рӯзгори мардуми моро ноорому ошуфта сохтанд. Бар асари задухӯрдҳои фалокатбори марзӣ, чанде аз ҳамватанони мо ҷони худро аз даст доданд. Ҳарчанд имрӯзҳо авзоъ бо саъю талоши роҳбарияти кишвар ба ҳоли маъмулӣ бармегардад, таъсири ин рӯйдоди номатлуб касро ором намегузорад. Тасаввури он чи ки гузашт, инсонро ба тааммулу андеша вомедорад.
Миллати тоҷик қарнҳои мутамодӣ бо мардуми қирғиз ҳамсояи нек буд ва ҳаст. Воқеияти ҳастии башарӣ ҳаст, ки ҳамҷавор зистан, масъулияти бузургеро бар дӯши ҳамсоягон мегузорад. Масъулияте, ки шабеҳи як китобест нонавишта, вале ҳар сӯ ҳиҷояш ба хотири шинохту маърифат, риояти муқтазояш бояд мустамар, бидуни вақфа дар ҳудуди ҳар хонавода омӯзонда шавад. Нахустин иқтизои ин масъулият эҳтиром гузоштан ба тамомияти арзии якдигар аст. Ба дигар сухан, шинохти ҳаққи ҳалоли ҳамсоя аст. 
Тамомияти арзӣ – иборатест қудсӣ ва дар зеҳнияти мардум ба гунае решадор шудаву сангин нишаста, ки дар хилоли рӯзгорони дароз неруи зояндагӣ пайдо намуда. Эҳсоси ватандӯстиву меҳанпарастии мо, ҳифозат аз марзу бум, аз хонавода, аз ҳарфу ҳиҷои ҳамин иборат бархостаанд. Аз ин рӯст, ки ҳар гуна таарруз, чи зеҳниву чи айнӣ, дар қаламрави он фазои орому мусолиматомезро барҳам мезанад, авзоъро муташанниҷу печида мегардонад ва оқибат инсонҳоро ба ҷанг мекашонад.
Ҷанг-падидае, ки пайомадаш, харобиву вайронӣ, шаҳиду шаҳодат, сӯгу мотам, хонаводаҳои бесаробон, тифлони ятим, ашкҳои сарозер дар бари рухсори модарону хоҳарон ва афсӯсу дареғ аст.
Ба таъбири бузургони адабиёти мо, замоне, ки ҷангҳо падид меоянд, дарёҳо хушк мешаванд, оҳувон бачаи кӯр мезоянд. Ин ҳикмати бузургест. Яъне ҷанг кушандаи зебоист…
Дар ҳошияи ҳаводиси мазкур лозим аст, ба чанд нукта таъкид кард. Ҳама шоҳид ҳастем, ки оғози даргириҳо чи вокунише дар миёни ҳамватанони мо эҷод кард. Даста-даста ҷавонони ғаюру диловари мо аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ба хотири ҳимоят аз марзу буми кишвар ба по хестанд, бархе худро ба маҳали низоъ расонданд. Албатта, ин иқдоми бисёр родмардона аст. Вазифаи ҷонии як ватандори воқеӣ аст, ки дар мавридҳои буҳронӣ бояд бидуни қайду шарт ба хотири ҳифозати ҳар ваҷаб хоки Ватан дар муқобили душман сина сипар кунад. Аз ин нигоҳ, вокуниши ҷавонони мо дархӯри ситоишу такрим аст. Аммо, аз сӯйи дигар, мо шоҳиди ин ҳам будем, ки чи гуна гурӯҳҳое дар дохилу хориҷ талош меварзанд аз ин мушкили марзӣ истифода кунанд. Аз воқеият симое бисозанд. Саҳнаро ба гунае ҷилва диҳанд, ки оташи ҷанг бештар шуълавар шавад ва хушку тар бисӯзад.
Ҳадафи ин тоифа ҳаргиз дилсӯзӣ, тараҳҳуму инсоф ба банни инсон нест, балки барангехтани эҳсосу авотифи инсонӣ ба хотири буҳронӣ сохтани авзову суд ба даст овардан аст. 
Хабистарин амал ин суд ҷустан аз бадбахтӣ, мусибати инсон аст, ки аз ҷониби инсони дигаре иҷро мешавад. Ҳама навиштаҳо, наворҳое, ки дар шабакаҳои интернетӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд, таҳлилу баррасии амиқ мехоҳанд, аммо ин замон мехоҳад, замон барои натиҷа гирифтан, посух гуфтан миёни дӯстиву душманӣ тавфир гузоштан.
Вуҷуди мушкилоти марзиро миёни Тоҷикистону Қирғизистон наметавон инкор кард. Фақат бояд муътакид буд, ки дар ҳаллу фасли он истифода аз неруву зӯрӣ судманд нахоҳад буд, зеро мо ҳамсоягони қадимӣ, бо ҳазорон ришта пайванд хӯрдаем, пешинаи тулонии муносибати неки ҳамҷаворӣ дорем. Зимни мушкилоти ҳамҷаворӣ, на аз ҷангу низоъ, бояд аз созишу ҳусни тафоҳум кор бигирем.    
Мо муътақидем хираду зеҳнияти дурнигаронаи ин ҷониб ҳамсояро ба созишу мувофиқат меорад ва ҳалли мушкилот саҳлу осон мегардад.
 
Одинаҳмад САИДОВ,
муовини декани факултети забонҳои 
Осиё ва Аврупои ДМТ,
Ҷумахон ҚОСИМОВ,
дотсенти кафедраи филологияи Эрони факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.09.2022    №: 181    Мутолиа карданд: 517
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед