мулоқотҳо
96 нафар ба мақоми судя ва дигар вазифаҳо таъйин шуд
25 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шумораи зиёди нафаронеро, ки ба мақоми судя ва вазифаҳои дигар дар мақомоти судии мамлакат таъйин шуданд, барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт.
Нахуст Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъйин намудани 96 нафар ба мақоми судя ва дигар вазифаҳо дар мақомоти судӣ қироат шуд. Як қатор кадрҳои дигар бо сабабҳои гуногун аз вазифаҳо озод гардиданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбат аз талаботи роҳбарияти давлату ҳукумат оид ба таъмини адолати судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ёдовар шуда, онҳоро ба иҷрои содиқона ва софдилонаи вазифаҳои пурмасъулият дар мақомоти судӣ ҳидоят намуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба 15 нафар бонуи имрӯз ба вазифаҳо дар мақомоти судӣ таъйиншуда, ба масъулони дахлдори сиёсати кадрҳо дастур дод, ки баҳри интихоби шумораи бештари занону духтарони лаёқатманд ва ба вазифаҳои масъул дар мақомоти давлатӣ пешбарӣ намудани онҳо тадбирҳои судбахш андешанд, то ки мақоми зан дар ҷомеаи Тоҷикистон минбаъд боз ҳам баланд бардошта шавад.
Аз 96 нафар 55 каси онҳо бори аввал ба вазифаи судя таъйин шуданд. Тибқи талаботи қонунгузории мавҷуда ҳар каси бори аввал ба ин вазифа таъйиншуда дар назди Парчами давлатии Тоҷикистон савганд ёд мекунад, ки матни расмии он чунин аст: «Ман тантанавор савганд ёд мекунам, ки вазифаи худро бошарафона ва аз рӯйи виҷдон иҷро мекунам. Адолати судиро мутобиқи Конститутсия ва қонун ба амал бароварда, бо амри виҷдон, холисона ва одилона таъмин менамоям».
Боиси сарфарозӣ ва ҳам масъулияти бештари ин 55 нафар аст, ки савганди тантанавии судяро дар назди Парчами давлатии Тоҷикистон ва дар ҳузури Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ёд карданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1936