маориф
ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ НИЁЗ БА ТАКМИЛ ВА ТАҶДИД ДОРАД
Таҳсилоти иловагӣ ҷузъи таркибии низоми таҳсилот ба шумор рафта, ба рушду такмили малакаю маҳорат, қобилияту истеъдод ва тафаккури зеҳнию эҷодии таълимгирандагон нигаронда шудааст. Он воситаи хуби самаранок истифода кардани вақти холии таълимгирандагон, омили асосии мукаммал аз худ кардани фанҳои таълимӣ мебошад, ки аксар дар шакли маҳфилҳо ва курсҳои омӯзишӣ амалӣ мешавад.
Ба таври мушаххас, таҳсилоти иловагӣ на ин ки дониши таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро пурра мегардонад, балки шаҳрвандон метавонанд тавассути таҳсил дар шакли курсҳои кӯтоҳмуддати касбӣ вобаста ба талабу тақозои бозори меҳнат касбашонро дигар карда, соҳиби ихтисоси нав шаванд. Ташкили чунин намуди курсҳо дар сохтори муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, марказҳои таълимӣ, марказҳои иҷтимоӣ – соҳибкорӣ ва ё дар назди муассиса ва корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ аз самтҳои фаъолияти марказҳои таҳсилоти иловагӣ маҳсуб меёбад. Мутаассифона, омӯзгорону роҳбарони марказҳои таҳсилоти иловагӣ ба барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилотӣ такя карда, намунаи барномаҳои таълимии таҳсилоти иловагиро таҳия ва мавриди истифода қарор додаанд. Чунин низоми таълим таълимгирандаро қонеъ гардонда наметавонад, чунки мавзуъҳои омӯзишӣ такрор мешаванд. Яъне аз чунин муносибат донишу фаҳмиш ва таҷрибаи таълимгиранда на такмил меёбад ва на рушд мекунад. Бинобар ин, мавҷуд будани стандартҳои давлатӣ асос ва замина барои таҳияи барномаҳои таълимии самти муайяни таҳсилоти иловагӣ ва нақшаҳои таълимӣ бо дарбаргирии мазмуни мухтасари фанни таълимӣ, мақсаду вазифаҳо, тарзи ташкили раванди таълим, истифода аз адабиёти иловагӣ бо назардошти қобилият ва имкониятҳои дарки таълимгирандагон амалӣ гардонда мешавад. Таҳсил дар чунин низоми таълимӣ бартарияти зиёд дош-та, давомнокии машғулиятҳо дар маҳфилҳои назди марказҳои таҳсилоти иловагӣ 2-3 соати академӣ буда, шумораи ҳайати иштироккунандагон аз 8 то 12 нафарро ташкил медиҳад. Ба сифати роҳбари маҳфилҳои фаннӣ бевосита омӯзгорони ташаббускори соҳибтаҷриба ва навҷӯву навовар бояд ҷалб карда шаванд.
Бо вуҷуди даҳ сол боз мавриди иҷро қарор доштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» дар татбиқи амалии санади мазкур ва низоми таҳсилоти иловагӣ баъзе бенизомиҳо ба мушоҳида мерасанд. Ин бенизомиҳо, пеш аз ҳама, дар номгузории қисме аз муассисаҳо дида мешавад. Аз 84 муассисаи таҳсилоти иловагии дар ҷумҳурӣ фаъолиятдошта, на ҳамаи онҳо номи фарогирандаи мазмуну мақсад ва моҳияти қонуни мазкурро доранд. Дар қисме аз шаҳру ноҳияҳо марказҳои таҳсилоти иловагӣ бо номи “Маркази эҷодии кӯдакону наврасон” ва ё “Маркази санъат ва эҷодии кӯдакон” амал мекунанд, ки аз нигоҳи мантиқ чунин номгузорӣ фарогири танҳо яке аз шаклҳои фаъолияти марказҳои таҳсилоти иловагӣ мебошад. Муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ дар шакли маҷмуӣ ва соҳавӣ дар самтҳои илмию техникӣ, таҷрибавию амалӣ, ҷамъиятию гуманитарӣ, китобдорию китобшиносӣ, экологию табиатшиносӣ, сайёҳию кишваршиносӣ, бадеию эстетикӣ, тарбияи ҷисмонию варзишӣ, ҳарбию ватандӯстӣ, солимгардониро ҳамчун самти соҳавии таҳсилоти иловагӣ муайян намудааст. Бинобар ин, “Марказҳои эҷодии кӯдакон ва наврасон” ва ё “Маркази санъат ва эҷодии кӯдакон” номгузорӣ шудани марказҳои таҳсилоти иловагӣ доираи фаъолият ва шаклҳои дигари марказҳои таҳсилоти иловагиро фарогир набуда, ҷавобгӯи на ҳамаи самтҳои дарбаргирандаи Қонуни мазкур аст.
Бо мақсади таҳким бахшидани низоми таҳсилоти иловагӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ дар тобеияти онҳо қарор доранд, мактуби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмин намудани тамоми муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ бо бинои алоҳида, додани мустақилияти молиявӣ ва баргардондани воҳидҳои кории марказҳо, ки ба дигар сохторҳои соҳаи маориф дода шудаанд, ба унвонии раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дастрас шудааст. Аз рафти иҷрои мактуби мазкур аён аст, ки ба иҷрои он на ҳамаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ диққат додаанд, зеро то ҳол на ҳамаи марказҳои таҳсилоти иловагӣ мустақилияти идоравӣ ва молиявӣ дошта, фаъолияташон дар доираи муқаррароти қонуни соҳавӣ ба роҳ монда шудааст. Аз санҷишу омӯзиши фаъолияти қисме аз марказҳои таҳсилоти иловагии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ошкор гардид, ки ба фаъолияти чунин низоми таълим муносибати мақомоти идорӣ мувофиқи матлаб нест. Надоштани мустақилияти идоравию молиявӣ, махсусан бо биною ҳуҷраҳои корӣ ва таъминот бо таҷҳизоти муосири замонавӣ, ки кафили таҳсилоти босифати таълим буда метавонад, мушкили асосии чунин низоми таълим аст.
Мушкилии дигари низоми марказҳои таҳсилоти иловагӣ он аст, ки бо вуҷуди аз 12,5 то 47,5 воҳиди корӣ доштани чунин муассисаҳо (барои мисол, Файзобод – 12,5, Роғун – 15, Шаҳринав – 26, Варзоб – 32,5 ва Ҳисор – 47,5) ноҳияи Шаҳринав ҳамагӣ бо 1 компютер, шаҳри Роғун бо ду адад, ноҳияи Файзобод бо 5 компютери кӯҳна, ноҳияи Варзоб бо 1 компютеру 2 ноутбук ва шаҳри Ҳисор бо 6 компютер таъминанд, ки аксари онҳо дар истифодаи роҳбарони марказҳо қарор доранд. Дар ҳоле, ки дар назди ҳамаи марказҳои таҳсилоти иловагӣ на камтар аз 10 то 20 – 25 маҳфил амал мекунад. Бе воситаҳои муосири технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ ва алоқамандии онҳо бо шабакаҳои байналмилалӣ ва дохилии алоқа сифату самара ва нуфуз пайдо кардани низоми таҳсилоти иловагӣ номумкин аст.
Сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти иловагӣ дар масъалаи ташаккул ва рушди чунин низом ба ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ нигаронида шудааст. Муассисон метавонанд муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагии муштарак таъсис диҳанд. Таъсиси марказҳои таҳсилоти иловагӣ дар марказҳои деҳот ба манфиати кор аст.
Муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ метавонанд давлатӣ ва хусусӣ бошанд, вале то ҳол муассисаҳои таҳсилоти иловагии хусусӣ ба қайд гирифта нашудаанд.
Фаъолияти ҳайати кормандони марказҳои таҳсилоти иловагӣ маҳз дар давраи таътил, махсусан таътили тобистона, бо ҷалби бештари таълимгирандагон ба курсҳои омӯзишиву маҳфилҳои гуногун афзалият ва истироҳатгоҳҳои наздимактабиву беруназшаҳрӣ пайдо мекунад. Бинобар ин, маҳдудияти “аз 15 сентябр то 1 июн” бояд таҷдиди назар шавад ва боиси эроди мақомоти дахлдор дар масъалаи аз 15 сентябр маблағгузорӣ шудани кормандон нагардад. Ҳол он ки омӯзгорону ҳайати кормандони марказҳои таҳсилоти иловагӣ, пас аз 42 рӯзи тақвимии рухсатии меҳнатиашон ба кор баромада, ба Соли нави таҳсил омодагӣ мегиранд ва тавассути “Дарҳои кушод” барои ҷалби хонандагон ба марказҳои таҳсилоти иловагӣ чораҳо меандешанд. Ба омӯзгорону ҳайати кормандони марказҳои таҳсилоти иловагӣ низ ҳамасола на аз моҳи июн, балки бо навбат дар давоми соли таҳсил рухсатии солонаи меҳнатӣ дода шавад. Муҳлати рухсатии меҳнатии омӯзгорону кормандони муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ба мисли омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бояд баробар бошад.
Раҷабалӣ САНГОВ,
Аълочии маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.09.2022 №: 181 Мутолиа карданд: 1944