logo

иқтисод

ПӮСТИ ЧОРВО. ЧАРО МИЛЛИОНҲО СОМОНИРО БА ПАРТОВГОҲҲО МЕПАРТОЕМ?!

 
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи рӯзноманигор Т. Саъдуллоев «Пӯсти чорво. Чаро миллионҳо сомониро ба партовгоҳҳо мепартоем?!»-ро, ки дар шумораи №150 (24509) аз 4 августи соли 2022 ба нашр расидааст, мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки дар ҳақиқат, коркади пӯсти чорво масъалаи аз лиҳози иқтисодӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ пураҳамият мебошад.  
 
Мавриди зикр аст, ки ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидани саноатикунонии босуръати кишвар ба афзоиши коркарди пурраи ашёи хом, зиёд гардидани маҳсулоти саноатии рақобатпазири ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар мусоидат намуда, Вазорати саноат ва технологияҳои нави мамлакат дар ин раванд ҳуҷҷати дахлдори стратегӣ ва нақшаи чорабиниҳоро якҷо бо гурӯҳи кории байниидоравии салоҳиятнок таҳия намудааст. 
Дар ин раванд Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2019, №128 тасдиқу роҳандозӣ  шуд, ки мақсад аз он бунёди корхонаҳои нави соҳавӣ бо коркарди ашёи хоми маҳал ва ба содирот равона намудани он мебошад.  
Дар натиҷаи фароҳам овардани имтиёзҳои боэътимоди андозию гумрукӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи коркарди пӯст дар кишвар сол ба сол рушд ёфта, боиси ҷалби сармоягузорони ватанию хориҷӣ ба ин соҳа гардидааст.  
Мусаллам аст, ки рушди соҳаи коркарди ашёи чорво, хусусан пӯст, бо назардошти истифода аз манбаи мавҷудаи ашёи хоми маҳаллӣ, дарёфти арзиши иловашудаи маҳсулоти ниҳоӣ, аз ин ҳисоб таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии ҷумҳурӣ, инчунин, ташкили ҷойҳои нави кор аҳамияти иқтисодии муҳим дорад. Феълан, 5 корхона дар самти коркарди пӯст ва 18 корхона дар самти истеҳсоли пойафзолҳои гуногун дар кишвар фаъолият дорад, ки дар онҳо 750 сокини маҳаллӣ  ба шуғли доимӣ фаро гирифта шудааст. Моҳҳои январ-июли соли 2022 корхонаҳои соҳа коркарди пӯсти чорворо ба 722 ҳазор дона расондаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба миқдори 403 ҳазор дона зиёд мебошад. ҶДММ «Чарм» барои истеҳсоли дохилӣ 32,8 ҳазор дона пӯстро коркард намуда, 5,3 миллион детсиметри мураббаъ чарми саноатӣ истеҳсол кардааст, ки ин нишондод назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1,2 миллион детсиметри мураббаъ зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ, дар маҷмуъ, 648,2 ҳазор ҷуфт пойафзол, аз ҷумла 251,2 ҳазор ҷуфт пойафзоли резинӣ ва 90 ҳазор ҷуфт пойафзоли бачагона истеҳсол гардидааст. 17 июни соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Корхонаи воҳиди давлатии «Чарми Данғара»-ро мавриди ифтитоҳ қарор доданд. Иншооти мазкур аз коргоҳҳои дӯзандагӣ, коркарди пашм, пӯст, истеҳсоли пойафзол ва тагчарм иборат мебошад. Коргоҳ бо таҷҳизоти истеҳсоли Туркия муҷаҳҳаз гардида, иқтидори тавлидотиаш дар як сол 25 ҳазор ҷуфт пойафзоли чармиро ташкил медиҳад. 
Инчунин, бо ибтикори Вазорати саноат ва технологияҳои нав  роҳбари корхонаи «Магнитогорская обувная фабрика»-и Федератсияи Россия аз фаъолияти ҶДММ «Чарм» ду маротиба боздид намуда, барои ҳамкориҳои судманд ва тақвият бахшидани истеҳсоли пойафзолҳо, хусусан пойафзолҳои кӯдакона, изҳори ҳавасмандӣ намуд. Дар назар аст, ки бо ҷалби технологияҳои соҳавӣ аз Федератсияи Россия ва воридоти таҷҳизоти иловагӣ дар ҶДММ “Чарм” истеҳсоли пойафзолҳои кӯдакона васеъ роҳандозӣ гардад. Айни замон, масъалаи механизми ҳамкории ҶДММ «Чарм» ва «Магнитогорская обувная фабрика» дар самти мушаххас мавриди муҳокима қарор дорад.      
Мусаллам аст, ки саноати чарму пойафзоли Тоҷикистон, ки корхонаҳои коркарди пӯст, истеҳсоли пойафзол ва чарчинвории чарминро дар бар мегирад, дорои захираи хуби ашёи хом аст. Дар давраи солҳои 2017–2021 истеҳсоли маҳсулоти гуногун аз чарм, аз ҷумла чарми хромӣ,  ба 260 дарсад ва пойафзоли чармин  260,4 дарсад афзудааст. Дар панҷ соли охир истеҳсоли пойафзоли чармин дар шаҳри Душанбе 95,6 дарсад ва вилояти Суғд 4,3 дарсад  ба мушоҳида мерасад.   
Тибқи таҳлилҳо, ҳоло робитаи истеҳсолӣ-технологӣ дар занҷираи «таъминкунандаи пӯст»– «истеҳсоли чарм» – «корхонаи истеҳсоли пойафзол ва чарчинвории чармин» ба мушкилот дучор гаштааст. Ба таври мутамарказ забҳ нагардидани чорво ва вайрон шудани технологияи нигоҳдории пӯст баъд аз забҳ мушкилоти асосӣ ба шумор меравад, зеро ин ҳолат ба ҷамъоварии саривақтии пӯст, нигоҳдории дуруст ва  коркарди минбаъдаи он монеа эҷод мекунад. 
Баробари ин, аксари хоҷагиҳо дар самти қоидаҳои нигоҳдории пӯсти хом аҳамият намедиҳанд ва корхонаҳои коркарди пӯст аз сифат ва номенклатураи пӯсти ватанӣ, ки на ҳамавақт ба талаботи онҳо ҷавобгӯ мебошад, вобастагӣ доранд.  
Вазорати саноат ва техноло- гияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои ҳадафҳои стратегии гузошташуда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, чораҳои зарурӣ андешида, баҳри рушди соҳаи коркарди пӯст ва истеҳсоли пойафзол аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, ҷиҳати бештар ҷалб намудани сармоягузорӣ ба соҳаи мазкур бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҳамкориро тақвият додааст.   
    
У. СОЛЕҲЗОДА, 
муовини вазири саноат ва технологияҳои нав


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.09.2022    №: 181    Мутолиа карданд: 1366
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед