сиёсат
СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ
20-уми сентябр суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев доир гардид.
Дар ҷараёни суҳбат роҳбарони ду давлат натиҷаҳои нишасти сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро дар Самарқанд баррасӣ намуданд. Дар ин замина Пешвои миллат ба ҷанбаҳои ташкилӣ ва мундариҷавии ин рӯйдоди муҳими минтақавӣ баҳои баланд доданд. Президенти Тоҷикистон аз Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои пазироии гарм ва меҳмоннавозии анъанавӣ изҳори сипос намуда, натиҷаҳои вохӯрии сарварони давлатҳоро, ки дар чорчӯбаи он бастаи назарраси қарору санадҳо оид ба самтҳои гуногуни фаъолияти Созмон қабул гардиданд, баланд арзёбӣ намуданд.
Дар баробари ин Президенти Тоҷикистон ба Президенти Ӯзбекистон дар бораи рушди ахири вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон маълумот доданд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, баъзе масъалаҳои муҳими муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.09.2022 №: 182 Мутолиа карданд: 545