logo

фарҳанг

СОМОНИЁН. ШУКӮҲИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН ДАР АШЪОРИ РӮДАКӢ

Аҳди Сомониён замони пешрафти соҳаҳои илму фан, тиҷорату кишоварзӣ, иқтисодиёту фарҳанги Мовароуннаҳру Хуросон буд. Дар ин муҳити созгор устоди назм Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ нисбат ба шоирони пеш аз худ ва ҳамзамононаш асарҳои мондагортар эҷод кард. Овозаю шуҳрати Рӯдакии ҷавон ба дарбори Сомониён расид. Вазири Сомониён Балъамии бомаърифату фарҳангдӯст ба дӯст ва шоири писандидаи худ Рӯдакӣ ёрӣ кард. Маҳз ӯ Рӯдакии ҷавони дар ҷодаи назми дарӣ тоза шуҳратёфтаро ба дарбор даъват намудааст. Абулфазли Балъамӣ чунин гуфта буд: «Рӯдакиро дар Араб ва Аҷам назире нест».
 
Ҳамин тавр, Рӯдакии ҷавон ба дарбори Сомониён омада, то пир шуданаш дар ин ҷо мемонад. Чӣ тавре ки дар қасидаи «Шикоят аз пирӣ» менависад, бузургиро дар дарбори Сомониён ба даст овардааст:
Киро бузургиву неъмат зи ину он будӣ,
Варо бузургиву неъмат зи оли Сомон буд.
Маҳз аз мадҳу ситоиши шоирон номи бузургон ҷовидон мемонад. Бо ин мазмун баъдтар Абдураҳмони Ҷомӣ низ шеъри худро эҷод намудааст:
Рӯдакӣ, он кӣ дур ҳамесуфтӣ,
Мадҳи сомониён ҳамегуфтӣ.
Қасидаи «Модари май» - ро шоир ба малики Хуросон Наср бини Аҳмад бахшида, ӯро бо некномӣ ёд мекунад. Бо шеърҳои пурмазмуни худ устод Рӯдакӣ номи сулолаи Сомониёнро баланд бардошта, дар назми беназири худ зиндаву ҷовид нигоҳ дошт. Ин хидмати ӯ дар баланд бардоштани номи Сомониён бисёр калон аст.
Дар эҷодиёти устод Рӯдакӣ ифтихор аз давлати Сомониён, ки бо ватанхоҳӣ, халқпарварӣ, адлу инсоф, илму адабпарварӣ, бахусус истиқлолхоҳӣ, шуҳрат доштанд, мавқеи муҳимро ишғол кардаанд. Бахусус, дар қасидаи «Модари май», маҷлисҳои маликона, шукӯҳу шаҳомат ва фарру ҷалоли Сомониёнро бо ифтихормандии тамом васф менамояд:
Як саф мирону Балъамӣ биншаста,
Як саф Ҳаррону Пирсолеҳи деҳқон.
Хусрав бар тахти пешгоҳ нишаста,
Шоҳи мулки ҷаҳон амири Хуросон.
Инчунин, Рӯдакӣ ифтихор аз давлатдории Сомониён намуда, Бухороро ба Бағдод – маркази хилофати Араб баробар намудааст. Ба ҳар ҷое, ки амири Хуросон лашкар мекашад, албатта, зафар меёбад. 
Имрӯз ба ҳар ҳоле Бағдод Бухорост,
Куҷо мири Хуросон аст, пирӯзӣ он ҷост.
Устод Рӯдакӣ мадҳи амирони Сомониро бо ифтихор ба забон гирифта, онҳоро аз насли шоҳони қадими Эронзамин – Сосониён меҳисобад:
Халқ зи хоку зи обу оташу боданд,
В - ин малик аз Офтоби гавҳари Сосон.
Давлати Сомониён далели он аст, ки давлату давлатдорӣ  барои тоҷикон   падидаи нав нест, мо ин давраи ташаккули миллиро барвақт аз сар гузарондаем. Ниёгони мо, ки таҷрибаву малакаи давлатдории Хоҳаманишҳову Сосониёнро дар ирсу хунашон доштанд, давлати муқтадири Сомониёнро барпо карда тавонистанд.
Баробари нуфузи калон доштанаш ӯ машъалафрӯзи авлоди Сомониён буд. Тасдиқи ин гуфтаҳо шеъри шоири асри XIV Ибни Ямин мебошад:                            
Зи шоир зинда мемонад ба гетӣ ном шоҳонро,          
Фурӯғ аз Рӯдакӣ дорад чароғи дудаи Сомон.
Вай устод Рӯдакиро чароғи фурӯзони Оли Сомон шумурдааст, ки маҳз бо шеърҳои мадҳомезаш номи хонадони Сомониёнро дар қитъаҳои шеъраш зиндаву ҷовид гардондааст. Дар ҳақиқат, устод Рӯдакӣ ситораи дурахшоне буд дар осмони назми асрҳои IX–X.
Баъди давлати Сомониён садсолаҳо гузашта бошад ҳам, халқи тоҷик забон, фарҳанг ва расму оинҳои худро нигоҳ дошт. Чунки руҳияи муқтадири моро тохтутози аҷнабиён шикаста натавонист. Забон ва фарҳанги тоҷикон, давлати бузурги онҳо дар ҳаёти моддӣ, маънавӣ ва сиёсии мардуми Осиёи Миёна ва берун аз он осори амиқи худро гузоштааст. Дар охири асри ХХ, баъди ҳазор соли таназзули Сомониён, хушбахтона, миллати тоҷик боз соҳиби давлати соҳибистиқлол гардид. То ҳанӯз шеърҳои Рӯдакӣ давлату давлатдории тоҷиконро зинда доштаасту мо - ворисони Сомониён аз он мефахрем.
 
Насиба ЗОИРОВА, 
корманди Осорхонаи ба номи  Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ   
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.09.2022    №: 183    Мутолиа карданд: 1277
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед