logo

фарҳанг

ТО ТОҶИ НАБЕРАГОНИ ОДАМ БОШӢ... ОИД БА БАЪЗЕ АҚИДАҲОИ АХЛОҚИИ МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

 
 
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (1207-1273) аз шоирону донишмандони барҷастаи тоҷик буда, оид ба мафҳумҳои гуногуни ахлоқӣ ақидаҳои хоссаи худро баён намудааст, ки дар таърихи илму адаби миллати мо беназир буда, дар асоси онҳо омӯзгори адаб будани Мавлоноро собит намудан имкон дорад. Ба ҳамин маънӣ ишора карда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, ки “дар аксарияти маъхазҳои асримиёнагӣ ва тадқиқоти замони муосир таълимоти Мавлоно ва тариқати ӯ - мавлавия аз ҷиҳати назариявӣ дорои фалсафаи хос оид ба масоили ҳастишиносӣ, маърифат, ахлоқ  ва иҷтимоиёт шумурда шуда, дар мисоли онҳо оид ба ифтитоҳи «роҳи сеюм» дар фалсафаву ирфон аз ҷониби Мавлоно сухан гуфта мешавад». Байтҳои зерини Мавлоно  ин маъниро оид ба омӯзгори беназири адаб будани ӯ ба таври кушоду равшан собит месозанд:
Хоҷа, дарёб, ки ҷон дар тани инсон адаб аст, 
Одам аз олами улвӣ, шарафи ҷон адаб аст. 
Як - ду рӯзе, ки дар ин хонаи тан меҳмонӣ,
Боадаб бош, ки хосияти меҳмон адаб аст. 
Вақте ки дар бораи осори Мавлоно сухан меравад, қобили зикр аст, ки ӯ ҳамчун шахсияти иҷтимоӣ ба масоили ахлоқи инсонӣ таваҷҷуҳи хосса дорад. Мавлоно, асосан, дар бораи касби ахлоқи ҳамида ва радди ахлоқи бад сухан мегӯяд, аз ин рӯ, таълимоти ахлоқии ӯ як назарияи ирфонии хулқ аст, ки ба ташаккули инсони комили қобили маърифати олам равона шудааст. 
Дар қисмати ахлоқи ҳамида мутафаккир дар бораи одоб, сабр, вафо ба ваъда, раҳм бар заифон, илмомӯзӣ, машварати ақлҳо, дӯстӣ, оқибатбинӣ, эҳтироми худ ва дигарон, ростӣ, кӯшиш, ҳушёрӣ, эҳсон, мукофоти амал, хоксорӣ, кордонӣ, саховат, каромат, ҳурмати модар ва мафҳумҳои дигари ахлоқии амсоли онҳо сухан мегӯяд. Ӯ ахлоқи зиштро чун зарпарастӣ, нифоқ, хашм, ҳасад, пастӣ, золимӣ, ҳирс, ҷаҳолат, тамаъ, ришвахорӣ, фитна, такаббур, пурхӯрӣ, ғурур ва ғайра ба зери тозиёнаи танқид  мегирад. 
Масъалаҳои ахлоқие, ки Мавлоно дар китоби мансури худ - «Маҷолиси сабъа» гузошта ва ҳаллу фасл намудааст, дар қатори ашъори дилангезаш то кунун аҳамияти амалии хешро гум накардаанд. Аз ҷумла, ҳирсу молу пул дар ин асар мавриди танқиди шадиди мутафаккир қарор гирифтааст: «Зару мол ҷодуи чашмбанд аст ва гӯшбанд аст. Қозиву ҳокиме, ки мӯй дар мӯй мебинад ба илму ҳунар, чун тамаи молу ришват кунад, чашми ӯ бибандад ва ба рӯзи равшан золимро аз мазлум нашиносад». 
Ситоиши ақл ва илму амал низ дар сафҳаҳои «Маҷолиси сабъа»  мавқеи назаррас дорад. Чун олиму донишманд Мавлоно иброз медорад, ки «боди илм ва оби илм аз баҳри ниҳоли ниҳоди одамӣ фиристодаанд… Агар синаи ғам дорӣ, насими илму ҳикмат дарахтвор бикаш. Агар ҷигари бирён дорӣ, аз оби ҳаёти амал ташнавор бичаш». 
Барои мутафаккир илму маърифате фоидаовар маҳсуб аст, ки аз гуфтани беҳуда ва суханпардозиҳои бемаънӣ дур бошад. Дар ин ҷода як рубоии Мавлоно, ки ташбеҳҳо дар бораи моҳӣ дорад, хеле ҷолиб аст:
Гар дар сару чашм ақл дорию  басар,
Бифрӯш забонрову сар аз теғ бихар.
Моҳӣ тамаъ аз забони гӯё бибрид,
З-он менабуранд аз тани  моҳӣ сар.
Барои Мавлоно, ки бо аҳли футувват ё ҳаракати ҷавонмардон ошноии бевосита дошт, ахлоқи ҳамидае чун ҷавонмардию саховатпешагӣ низ мақоми арзанда доранд. Ҳамзамон, ӯ ин мафҳумҳоро бо дур будан аз зоҳирпарастӣ ва худнишондиҳӣ ташвиқу тарғиб мекунад: 
Бо ҳиммати боз бошу бо кибри паланг,
Зебо ба гаҳи шикору пирӯз ба ҷанг. 
Кам кун бар андалебу товус диранг, 
К-ин ҷо ҳама ҷо овосту он ҷо ҳама ранг.
Дар асари дигари Мавлоно «Фиҳӣ мо фиҳӣ» низ чун дар осори дигари ӯ дар гуфтаҳои мутафаккир худшиносӣ мақоми муҳим дошта, шогирдонро бо насру назм ба шинохти моҳияти хештан ҳидоят менамояд:
Берун зи ту нест ҳар чӣ дар олам ҳаст, 
Дар худ биталаб ҳар он чи хоҳӣ, ки туӣ.
Тарғиби ахлоқи ҳамида ва сифатҳои дигари неки инсонӣ низ дар ин асари мансури Мавлоно мавқеи махсус доранд. Вале чунин гуфтаи ин орифи оламгирро ёдовар гардида – «Беҳтарин суханҳо он аст, ки муфид бошад, на ки бисёр», ақидаҳои ахлоқии ӯро хулоса мекунем:
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, 
Ҳар ҷо, ки равӣ азизу маҳрам бошӣ. 
Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, 
То тоҷи наберагони Одам бошӣ!
Ҳама мисолҳои боло нишон медиҳанд, ки осори ин омӯзгори беназири адаб - Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ганҷинаи панду ахлоқ аст, ки ҳар мисраву ҳар ҷумлаи он моро ба пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек ҳидоят менамояд.
 
Хуршед ЗИЁӢ, доктори илмҳои фалсафа, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.09.2022    №: 184    Мутолиа карданд: 1281
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед