logo

иқтисод

САНОАТИКУНОНӢ. ҲАМОҲАНГӢ БО ТЕХНОЛОГИЯИ НАВИН МАСЪАЛАИ МЕҲВАРИСТ

Бо назардошти аҳамияти бузурги соҳаи саноат, ки пешрафти давлат ва ҷомеа ба он пайванди ногусастанӣ  дорад, боз ҳам бо ибтикори Сарвари давлат солҳои 2022 - 2026 - Солҳои рушди саноат эълон карда шуд. Дар заминаи ин иқдом Пешвои миллат дастур доданд, ки то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ вобаста ба ин самт дар мамлакат зиёда аз 870 корхонаи нави саноатӣ таъсис дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бояд ба 95 миллиард сомонӣ расонда шавад. Ҳиссаи саноат дар Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ то  26 дарсад ва  содироти он 2 маротиба зиёд гардад.
 
Бо мақсади иҷрои вазифаҳои гузошташуда, ҳамчунин, Барномаи давлатии саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 - 2025  таҳия шудааст, ки аз тадбирҳои бунёдӣ дар ин самт мебошад.  Дар ин ҷода яке аз масъалаҳои меҳварии соҳаи саноат – омодасозии мутахассисони замонавӣ ҳамеша аз ҷониби  Пешвои миллат таъкид мегардад, зеро барои зиёд намудани корхонаҳои саноатӣ ва ба ин васила таъмини шуғли аҳолӣ сохтори саноатии мамлакат  ба мутахассисони кордону болаёқати муосир ниёз дорад. Иқтисодиёт дар ҳамон вақт ба пешрафт ноил мешавад, ки дар истеҳсолот кормандони ихтисосманду дорои малакаи замонавӣ фаъолият кунанд. 
Барои омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талабот ворид сохтани донишҳои нави технологӣ ба раванди таълим дар ин соҳа ниҳоят зарур аст. Пеш аз ҳама, ҷиҳати ҳамоҳангсозии касбомӯзии мутахассисони ҷавон ба равандҳои рушди техникаю технология баланд бардоштани тафаккури техникии онҳо  муҳимтарин ҳадафи масъулони соҳаи маориф дар ҳоли имрӯз ба ҳисоб меравад. Айни замон,  тавлид ва татбиқи техникаву технологияҳои  нав дар самтҳои технологии корхонаҳои саноатӣ омили тавсеадиҳандаи иқтидори истеҳсолӣ ва пешрафти кишвар мебошад. 
Барои ноил шудан ба ин мақсад аз тарафи доираҳои илмӣ, олимон ва мутахассисони кишвар як қатор лоиҳаҳо коркард ва чорабиниҳои илмӣ - таҷрибавии васеъ гузаронда мешаванд, вале боз ҳам чораҳои муайяни натиҷабахш бояд роҳандозӣ гарданд.  
Чаро татбиқи технологияи нав  ва омодасозии  мутахассисон бо назардошти он масъалаи меҳварист? 
Имрӯзҳо мо дар давраи татбиқи натиҷаҳои технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаҳои гуногун қарор дорем, ки зинаи 3-юми мукаммалгардонии низоми истеҳсолот ва равандҳои технологӣ ба шумор меравад. Зеро ду зинаи аввал - механикунонӣ ва автоматикунонии равишҳову ҷараёнҳои истеҳсолӣ буда, аллакай, дар замони мо қариб, ки мавқеи худро аз даст дода истодаанд. Ҳоло татбиқи технологияҳои муассири инноватсионӣ дар истеҳсолот мавриди таваҷҷуҳ аст. 
Самаранокии корҳои илмию истеҳсолӣ бо назардошти технологияи нав дар доираи Солҳои рушди саноат  ва омодасозии мутахассисон дар ҳамоҳангӣ бо он, воқеан, сабаби таъсиси ҷойҳои нави кор, ғанӣ гардондани буҷети давлат, коҳиши маҳсулоти воридотӣ, афзоиши иқтидори содиротӣ ва, дар маҷмуъ, равнақи иқтисодиёти миллӣ мегардад. Таҷриба собит менамояд, ки роҳандозии технологияи муосири истеҳсолӣ истифодаи ашёи хомро сарфа намуда, самараи истеҳсолро даҳчанд баланд мебардорад. 
Амалисозии чунин ҳадафҳо дар роҳи истифодаи  ашёи хоми ватанӣ чӣ дар саноати маъданҳои кӯҳӣ ва чӣ саноати сабук, ки  ба  дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти арзони дохилӣ ва ташкили ҷойҳои нави кор мусоидат мекунад, аз масъулони соҳа барои ҳамоҳангии таълиму ковишҳои илмӣ бо ин технология чораҳои мушаххаси дастгирикунандаро тақозо менамояд.   Баробари ин, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот аз ҳисоби мукаммалгардонии технология, таҷҳизоти маҳсулнокиаш баланд, сарфаи ашёи хом ва  навсозии техникаи фарсудашудаи корхонаҳои саноатӣ дар доираи Барномаи зикргардида беш аз пеш зарурат пайдо кардааст.   
 
Ардамеҳр ТОАТОВ,
донишҷӯи  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон 
ба номи академик М. С. Осимӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.09.2022    №: 184    Мутолиа карданд: 1427
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед