порлумон
ҚАРОРИ КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи тибқи рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон додани мандати вакилӣ ба номзад Ализода Зафари Аҳмадҷон
Мувофиқи моддаи 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 майи соли 2021, № 394 Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Бинобар пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Машраб Қурбоналӣ тибқи рӯйхати номзадҳои интихобгардида аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон мандати вакилӣ ба номзад Ализода Зафари Аҳмадҷон дода шавад.
2. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зафари Аҳмадҷон ба қайд гирифта шуда, ваколатҳояш тасдиқ карда шавад.
3. Шаҳодатномаи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида ба Ализода Зафари Аҳмадҷон дода шавад.
Раиси Комиссияи марказии интихобот
ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. ХУДОЁРЗОДА
Котиби Комиссияи марказии интихобот
ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. САМАДЗОДА
ш. Душанбе, 26 сентябри соли 2022, № 180
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.09.2022 №: 185 Мутолиа карданд: 1704