сиёсат
“ГИМНАЗИЯИ НУРИДДИН” МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ
27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусии “Гимназияи Нуриддин”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имкониятҳои таълимии он шинос шуданд.
Қобили зикр аст, ки Муассисаро бо пайгирӣ аз сиёсати бунёдкоронаву маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳибкори ватанӣ Абдураҳмон Қосимов бунёд намуд.
Гимназия барои ду ҳазор хонанда дар як баст пешбинӣ гардида, дар он мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ шароити таълим фароҳам овардаанд. Аз ҷумла, иншоот дорои 70 синфхонаи барҳавою зебо буда, барои гузарондани дарсҳо дар ҳамаи синфхонаҳои он тахтаҳои электронӣ насб гардидааст. Дар муассиса 22 кабинети фаннӣ ташкил ёфта, ба омӯзиши фанҳои дақиқ таваҷҷуҳи хосса дода мешавад ва он дорои лабораторияҳо барои гузарондани дарсҳои назариявии химия ва физика бо тамоми дастгоҳҳои заруриву аёниятҳои хониш мебошад. Ҳамчунин, дар муассиса синфхонаҳои алоҳида барои омӯзиши фанҳои биология, ҳуқуқи инсон ва омодагии ибтидоии ҳарбӣ бунёд ёфтанд. Дар асоси озмун ба гимназия 230 омӯзгор ба кор ҷалб гашт.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар гимназия ду синфхонаи технологияи иттилоотӣ бо компютерҳои замонавию хати баландсуръати интернет мавҷуд аст.
Толори зебову замонавии гимназия беш аз 500 ҷойи нишаст дошта, ошхонаи он имконият дорад, ки дар як вақт ба 250 нафар омӯзгору хонанда хизмат расонад. Бо назардошти талабот ва меъёрҳои ҷорӣ, дар муассиса толори барҳавои варзиш бунёд ёфа, дар он имконияти зарурӣ барои гузарондани дарси тарбияи ҷисмонӣ ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ фароҳам мебошад.
Барои омодасозии хонандагон ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ китобхонаи муассиса бо 125 номгӯи китобҳои бадеӣ ва беш аз 4 ҳазор китоби фаннӣ ташкил шуд. Дар ин ҷо бо насби 25 комюптер, ҳамчунин, китобхонаи электронӣ вуҷуд дорад.
Муассиса, ҳамчунин, дорои ҳуҷраҳои ёрирасон, аз қабили ҳуҷраи техникӣ, ҳуҷраҳои алоҳида барои гузарондани маҳфилҳо, бойгонӣ ва ҳуҷраи тиббӣ мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин тасмимҳои бунёдкоронаи соҳибкорони ватаниро боиси дастгирӣ арзёбӣ карда, масъулонро вазифадор намуданд, ки ба сифати таълиму тарбия, омӯзиши амиқи технологияҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ дар таълимгоҳ диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.09.2022 №: 185 Мутолиа карданд: 557