маориф
Дараҷаи дарсазхудкунӣ ба 77,9 фоиз расид
Дар нишасти матбуотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон зикр гардид, ки ҷиҳати бо дастовардҳои арзандаи илмию таълимӣ таҷлил намудани 60-солагии ин муассисаи бузургу калонтарини мамлакат ҳайати устодону муаллимон ва толибилмон корҳои шоёнеро ба сомон расондаанд. Пеш аз ҳама тамоми биноҳои таълимӣ, махсусан «Шаҳраки донишҷӯён» (ба ҷуз аз якто) аз таъмири асосӣ бароварда шуданд.
Барои соли таҳсили нав боз аз рӯи се ихтисос- иҷтимоиёт, забони компютерӣ ва таҳрири адабӣ (ба ҷои тарҷумонӣ) донишҷӯён қабул гардиданд.
Ректори Донишгоҳи миллӣ, академики АИ Тоҷикистон Саидмуҳаммад Одинаев ба маълумоти хабарнигорон расонд, ки оид ба татбиқи дастуру супоришҳое, ки аз суханронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни 60-солагии ин муассисаи таълимӣ бармеояд, нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шудааст.
Вобаста ба тараққиёти рӯзафзуни ҷомеа, рушди илму техникаи муосир имконияти васеъ фароҳам омадааст, ки дар соли оянда факултаи нави технологияи иноватсионӣ кушода шавад.
Ректори ДМТ ҳамзамон ба хабарнигорон гуфт, ки талабот аз ҳайати профессорону устодон бобати баланд бардоштани сифати дарсазхудкунию машғулиятҳо зиёд гардидааст. Дараҷаи дарсазхудкунии донишҷӯён дар сессияи тобистона 77,9 фоизро ташкил дод.
А. АСКАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 7567