туризм
ДУШАНБЕ – ШАҲРИ ИМКОНИЯТҲОИ РУШДИ САЙЁҲИИ УСТУВОР
(Гузориш аз конфронси илмӣ-амалӣ дар пойтахт)
Таҳти ин унвон дар шаҳри Душанбе дар доираи тадбирҳо доир ба рушди сайёҳии кишвар ва бо мақсади ташвиқу тарғиби фарҳангу таърихи миллати тоҷик, ҷалби сайёҳон, муаррифии имкониятҳои сайёҳии пойтахт бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ конфронси илмӣ - амалӣ баргузор шуд. Дар он намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату кумитаҳо, ҳайати корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалию минтақавии муқими Душанбе ва дигар коршиносон ширкат варзиданд.
Дилбар Одилзода, муовини раиси шаҳри Душанбе, зимни сухани ифтитоҳӣ иброз дошт, ки рушди санъати баланди меъморӣ, бунёди маҷмааву боғҳои фарҳангӣ, сохтмон ва ба истифода додани роҳу пулҳои бисёрсатҳа, корхонаҳои азими саноатӣ ва ташаккули робитаҳои гуногунсамтаи ҳамкорӣ бо шаҳрҳои мутараққии олам Душанберо ба яке аз шаҳрҳои пуршукӯҳи ҷаҳони муосир ва макони баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилаливу минтақавӣ ва сайру саёҳат табдил додааст.
Сайфиддин Раҷабиён, сардори раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳали Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид дошт, ки имрӯз Душанбе на танҳо маркази маъмуриву сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангии мамлакат гардидааст, балки ба шаҳри сайёҳиву фароғатӣ табдил ёфтааст.
Марказҳои маъмурӣ ва пойтахтҳои кишварҳо барои инкишофи сайёҳӣ нақши ҳалкунанда ва муасирро доро мебошанд. Дар Тоҷикистон низ Душанбе аз ҷумлаи шаҳрҳои сайёҳӣ барои сайёҳони минтақавӣ ва ҷаҳонист, ки тавонистааст ҳамаи нишонаҳои куҳани таърихӣ ва фарҳангии худро дар баробари ободшавӣ ва сохтмони иморатҳои замонавӣ ҳифз намояд. Душанбе бо таърих, фарҳанги меросии худ диққати сайёҳони зиёдро ҷалб намудааст. Бунёди меҳмонхонаҳои панҷситорадор, боғҳои фарҳангу фароғатӣ, биноҳои истиқоматии замонавӣ ва иншооти тиҷоратӣ, чойхонаҳои миллӣ, кохҳои бегазанд, китобхонаву осорхонаҳо, ки беназир дар Осиёи Марказӣ мебошанд, ҷолиби диққати ҳазорҳо сайёҳони дохиливу хориҷӣ маҳсуб меёбад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи сайёҳӣ, ки яке аз соҳаҳои асосӣ ба шумор меравад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Таъсиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, қабули чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стратегияву барномаҳои давлатӣ гувоҳи ин гуфтаҳоянд.
- Ба шарофати сиёсати созанда ва бунёдкоронаи роҳбарияти олии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва иқдомҳои наҷибонаи раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати рушди устувори пойтахт ва муҳайё сохтани шароити арзандаи зиндагӣ ба сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ, хусусан, солҳои охир бисёр корҳои назаррас анҷом дода шудаанд ва дар натиҷа Душанбе ба яке аз шаҳрҳои рушдкунанда ва пешрафтаи ҷаҳон табдил ёфт, - гуфт Ҷамшед Табарзода, муовини якуми раиси шаҳр.
Дар ин давра дар пойтахт 5 боғи нав, аз қабили боғҳои фарҳангиву фароғатии «Алишери Навоӣ», «Куруши Кабир», «Ҷавонон», «Аҳмади Дониш» ва «Восеъ» сохта шуд, 6 боғ - боғҳои фарҳангиву фароғатии «Садриддин Айнӣ», «Кӯли ҷавоно», «Абулқосим Фардавсӣ», «Хайём», «Кӯдакон» ва «А. Мироненко» пурра навсозӣ шуданд, ки барои рушди соҳаи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Зикр шуд, ки ду сол муқаддам дар асоси қарори шурои роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ Душанбе бо назардошти имкониятҳо ва муваффақиятҳо доир ба рушди сайёҳӣ барои солҳои 2020-2021 пойтахти сайёҳии СҲИ пазируфта шуд. Ин ташаббус ба густариши ҳамкорӣ бо СҲИ ва муаррифии дастовардҳои пойтахт мусоидат намуда, ба пешрафти сайёҳии Душанбе такони ҷиддӣ бахшид. Инчунин, тибқи назарсанҷиҳои Агентии иттилоотии «Тур стат»-и Россия, Душанбе ба даҳгонаи шаҳрҳои амнтарини кишварҳои аъзои ИДМ ва ба даҳгонаи беҳтарин шаҳри саёҳат ва сафари шабона дар ҷашни Соли нав арзёбӣ гардидааст.
Тибқи маълумоти оморӣ айни замон дар Душанбе Фурудгоҳи байналмилалӣ, истгоҳи Роҳи оҳан, 40 меҳмонхона, 66 тарабхона, 4 чойхонаи миллӣ, 36 маркази дилхушӣ, 28 бозор, 159 маркази савдо, 26 мағозаи армуғонфурӯшӣ, 17 боғи фарҳангию фароғатӣ, 14 гулгашт, 5 кӯли шиноварию истироҳатӣ, 204 кошонаи ҳусн, 4 кохи фарҳангӣ, 7 театри касбӣ, 10 осорхонаву 6 китобхона, 6 амфитеатр, 23 ёдгории бостонӣ, манементалӣ ва меъморӣ, 116 ширкати сайёҳӣ ва 320 муассисаи профилактикиву табобатӣ ҷойгир буда, ҳамарӯза барои меҳмонони дохиливу хориҷӣ хизмат мерасонанд. Бо мақсади мутобиқ намудани иншооти сайёҳии пойтахт ба меъёрҳои байналмилалӣ 4 пули қаторгард, 2 роҳи сесатҳа, 2 роҳи дусатҳа ва 160 истгоҳи наву замонавӣ таъмиру таҷдид ва навсозӣ гардида, мавриди истифода қарор дода шуд.
Инчунин, соли ҷорӣ дар пойтахт боз яке аз рамзҳои миллӣ – Майдони Истиқлол ва маҷмааи рамзи «Истиқлол» ифтитоҳ гардид, ки баландии он 121 метр буда, яке аз мавзеъҳои ҷолиби сайёҳии кишвар ба шумор меравад. Ҳамзамон, Кохи «Наврӯз», ки аз намунаи олии санъати шарҳсозии муосир буда, таҷассумгари сабки меъмории миллӣ мебошад. Нақшу нигор ва унсурҳои фарҳангӣ, ороиши он таърихи беш аз 6- ҳазорсолаи фарҳангу тамаддуни халқи тоҷикро инъикос мекунад ва он ҳамчун муъҷизаи муосири сайёҳӣ эътироф шудааст.
Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, гуфт, ки пойтахти кишвар ҳамчун шаҳр дорои таърихи хеле қадима ва пурифтихор мебошад. Тибқи ҳафриёти бостоншиносон ҳудуди Душанбе, махсусан соҳилҳои дарёҳои Варзоб, Лучоб ва Душанбе, аз он ҷое, ки Лучобу Варзоб ба ҳам пайваст мешаванд ва дарёи Душанберо ба вуҷуд меоранд, ҳанӯз дар замонҳои қадимтарин маскангоҳи одамони ибтидоӣ будааст. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ дар ҳудуди имрӯзаи Душанбе одамони нахустин ҳанӯз 220 - 250 ҳазор сол қабл маскун буданд.
Гуфта шуд, ки шаҳри Душанбе узви Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо, Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо, Ташкилоти Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо, Ташкилоти ҷаҳонии шаҳрҳои Муттаҳида ва Ҳокимиятҳои маҳаллӣ, узви Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ буда, феълан бо 18 шаҳри Осиё, Африқо, Аврупо, Амрико ва ИДМ муносибатҳои дӯстонаву бародарона дорад.
Дар ҳошияи муаррифии имкониятҳои табииву инфрасохтории шаҳри Душанбе аз ҷониби иштирокдорон изҳори бовар шуд, ки чорабинии мазкур дар рушди робитаҳои бисёрҷонибаи сайёҳии устувор ва ҳамгироии ҳадафҳои муштараки сатҳи милливу минтақавӣ заминаи созгор фароҳам меорад.
Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.09.2022 №: 187 Мутолиа карданд: 1749