фарҳанг
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ СИНАМОИ МИЛЛӢ
Синамои миллӣ ҷузъи муҳимтарини фарҳангу ҳунари миллатамон ба ҳисоб рафта, тули фаъолияти қариб якасраи худ дар ташаккулу таҳкими тафаккури миллат саҳми арзанда гузоштаву имрӯз низ ҳамин рисолатро бар дӯш дорад. Ба туфайли дастгириҳои доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тайи се даҳсолаи охир филмофарон тавонистанд дастовардҳои замони истиқлол, таъриху фарҳанг, анъана ва расму оинҳои неки халқи тоҷикро ба оламиён муаррифӣ намоянд. Масъалаҳои мубрами рӯз дар як силсила филмҳо инъикос гардиданд.
«Рушди синамои миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ бо номи Пешвои миллат пайванди ногусастанӣ дорад”, - мегӯяд Маҳмадсаид Шоҳиён, директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”. Ба андешаи номбурда, солҳои аввали соҳибихтиёрии Тоҷикистон бо сабаби нооромии сиёсӣ санъати кинои тоҷик рӯ ба таназзул ниҳод. Аксари мутахассисону филмофарон ҷумҳуриро тарк намуданд.
Бо фаро расидани сулҳу суботи комил дар мамлакат, таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи синамо бештар гардид. Маҳз бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи Киностудияи давлатии “Тоҷикфилм” ва Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои “Тоҷиккино” Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ташкил шуд. “Тоҷикфилм” имкон пайдо намуд, ки нахустин маротиба дар даврони соҳибистиқлолӣ, шуъбаву раёсатҳояшро дар вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва ноҳияҳои водии Рашт созмон диҳад.
Муассиса тайи 30 соли соҳибистиқлолӣ 49 филми пурраи ҳунарӣ, 38 филми кӯтоҳи бадеӣ, 162 филми мустанад ва 9 филми тасвириро манзури алоқамандон намуд.
Ғайр аз ин, бо мақсади боз ҳам оммавитар гардондани синамо ва пур кардани фазои идеологии кишвар, моҳи марти соли 2016 Телевизиони «Синамо» таъсис ёфт, ки дар маросими ифтитоҳи он Пешвои миллат иброз доштанд: «Ғамхорӣ нисбат ба рушди кинои тоҷик яке аз роҳҳои муҳими тарғиби фарҳанги миллӣ ва дастовардҳои давлати соҳибихтиёри мо, омили эҳё намудани таъриху маданияти қадимаи халқи тоҷик ва инъикоси масири пешрафти рушди он ба ҳисоб меравад».
Бесабаб нест, ки синаморо оинаи миллат ном мебаранд ва тавассути пардаи он мо бо гузаштаву имрӯзи кишвар ошно мегардем. Ба андешаи Саъдулло Раҳимов, доктори илмҳои фалсафа, киношинос, дар замони Истиқлоли давлатӣ, ки ҳанӯз вақти зиёдеро дар муқоиса ба даврони шуравӣ соҳиб нагаштааст, чанд филми чеҳрасозу хотирмон рӯи навор омад, ки нишони худшиносии миллатро ба зимма гирифта, то андозае муваффақ низ шуданд. Манзур филмҳои «Муҷассамаи ишқ», «Мушкилкушо» (ҳар ду моли Умед Мирзоширинов), «Овора», «Сафари ҳавоӣ» (филмҳои достонии Гуландом Муҳаббатова ва Далер Раҳматов), «Дигаргуна» (филми мустанади Георгий Дзалаев), филмҳои тасвирии Б. Қаҳҳоров, «Ватан ширин» (филми мустанади кӯтоҳи Орзу Шарифов), «Комил» (филми пурраи мустанади Сафарбек Солеҳ), «Арӯсак» (филми мустанади кӯтоҳи Робия Атоева), «Қиёми рӯз» ва «Муаллим» (Носир Саид) мебошанд.
Тайи ду–се соли охир низ дар синамои миллӣ дигаргуниҳои шоёни таваҷҷуҳ ба амал омаданд. Филмофарони тоҷик дар Синамоҷашнвораҳои байналмилалӣ иштирок карда, сазовори ҷоизаҳо гардиданд. Аз ҷумла, филми ҳунарии “Бачаи обӣ”-и коргардон Файзулло Файз дар Ҷашнвораи байналмилалии “Само” дар Шведсия ҷоизаи махсуси ҳакамонро соҳиб шуд. Филми бадеии кӯтоҳи “Насиб” бошад, дар Синамоҷашнвораи байналмилалии филмҳои мусалмонии шаҳри Қазони Федератсияи Россия, Синамоҷашнвораи байналмилалии Байконури Ҷумҳурии Қазоқистон ширкат намуда, дар Озмуни байналмилалии форуми нуҳуми филмҳои ҷавонони кишварҳои ИДМ - “Умут”, ки дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор гашт, ҷоизаи махсусро соҳиб шуд. Ҳамзамон, филми ҳунарии «Охирин сайди сайёд», ки аз рӯйи асари нависандаи шинохта Аброр Зоҳир рӯйи навор омадааст, дар барномаи озмуни асосии филмҳои пурраи ҳунарии Фестивали кушоди синамои кишварҳои ИДМ ва кинематографияи миллии «Киношок» ширкат намуд. Чанде пеш дар Ҷашнвораи XVIII байналмилалии кинои кишварҳои мусалмон, ки дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия баргузор гашт, филми бадеии коргардони тоҷик Умед Мирзоширинов “Додараки фариштаҳо” соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин филми кӯтоҳметра” шуд.
Инчунин, 15 сентябри соли равон дар шаҳри Тошкент дар доираи XIV Синамоҷашнвораи байналмилалии «Дурдонаҳои роҳи Абрешим» қарордод оид ба истеҳсоли муштараки филми ҳунарию таърихии «Ҷомӣ ва Навоӣ: Дурахши ахтарон» миёни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба тасвиб расид. Боиси зикр аст, ки ин иқдом ҷиҳати амалисозии ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев рӯи кор омад, ки ифодагари дӯстиву рафоқати халқҳои тоҷику ӯзбек дар мисоли шахсиятҳои намоёни адаби ду кишвар - Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоист.
Ин гувоҳи он аст, ки сол ба сол синамои миллӣ оммавитар ва оламгир мешавад. Тавре Президенти мамлакат мефармоянд: “Фаромӯш набояд кард, ки инкишофу тараққиёти ҳар як давлат, таҳаввулоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии он бе ширкати фаъолонаи аҳли эҷоду ҳунар, бахусус синамогарон мушкил аст. Яъне, сатҳу сифати зиндагии ҳар як давру замон бо дастоварду пешрафт ва каму костагии худ маҳз дар филмҳо инъикос ёфта, ин жанр ифодагари асосии таърихи халқу миллат мебошад”.
Комрон САФАР,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.09.2022 №: 187 Мутолиа карданд: 1295