logo

иқтисод

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ

 
Таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятдори стратегии Тоҷикистон маҳсуб гардида, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози соҳибистиқлолии мамлакат масъалаи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти сифатан баланди ғизоӣ ва бехатарии озуқавориро вазифаи муҳими Ҳукумати кишвар муқаррар намуда буданд.
Таърихи навини давлатдории тоҷиконро бе заҳмату талош, хизматҳои арзандаву шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасаввур кардан имконнопазир аст. Бояд эътироф намуд, ки ба зимма гирифтани масъулият ба кори давлатдориву давлатсозӣ дар он давра, дар ҷойи хушку холӣ, бе заминаҳои муайяни устувори молиявию моддӣ, иқтисодиёти фалаҷгашта саҳлу осон набуд. Танҳо нафаре метавонист дар ин корҳо дастболо шавад, ки бо дарки баланди ҳувияти миллӣ тамоми ҳастиву вуҷуди хешро ба миллату сарзамини хеш фидо кунад. 
Аз таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол огоҳем, ки бар асари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ давоми солҳои 1991-1997 таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ – яке аз бахшҳои пешбарандаи иқтисодиёти мамлакат имконнопазир буд. Аз ин ҷост, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра ду маротиба коҳиш ёфт. 
Дар ин марҳилаи таърихӣ ба Тоҷикистон ва мардуми он қаҳтиву гуруснагӣ ва нооромии ҳамешагию парокандагӣ таҳдид менамуд. Ҳамаи инро дар мисоли аксар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон баръало мушоҳида кардан мумкин буд. Дар он давра манзараҳои ҳузнангез, садҳо хонаҳои сӯхтаву вайрону валангор, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии аз фаъолият бозмонда дар шаҳрҳои Бохтару Левакант, ноҳияҳои Кӯшониёну Вахш, Дӯстиву Ҷайҳун, Қубодиёну Шаҳритус ба чашм мерасид. Дар ин давра на танҳо корхонаву коргоҳҳои саноатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, балки муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу муассисаҳои тандурустӣ, аз фаъолият бозмонда буданд.
Дар чунин вазъияте, ки мардум ба кӯйи ноумедӣ афтода, аз зиндагии орому осуда дил шуста буд, бо душвории зиёд моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Яке аз масъалаҳои асосии ҷаласаи ин Шуро интихоб намудани ҳайати нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар ҳамин ҷаласа сиёсатмадори дурандеш ва нотарсу матинирода муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, тавонист, ки ба дили аксари аҳолии Тоҷикистон роҳ ёбад ва онҳоро ба якдигарфаҳмиву худшиносӣ, ваҳдату ягонагӣ ва баробариву бародарӣ даъват намояд. 
Моҳи сентябри соли 1993 Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хитобияи худ ба унвонии мутахассисони комплекси агросаноатӣ, роҳбарони мақомоту вазоратҳо, идораҳо ва муассисаҳои ҷумҳурӣ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, фаъолон ва ҳамаи сокинони шаҳру деҳоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки акнун дар таърихи Ватани мо марҳалаи нав шуруъ мешавад, ки онро мухтасар марҳалаи ба эътидол овардани вазъияти хоҷагидорӣ ва ҳарчи зудтар раҳо ёфтан аз буҳрони азими иқтисодӣ номидан мумкин аст. 
Сарвари давлат гуфта буданд: “Имрӯз ҳамаи мо бояд дар фикри захира кардани хӯрокворӣ барои зимистон ва бе каму кост ғундоштани ҳосили зироатҳои хоҷагии қишлоқ бошем. Одатан дар мавсими ҷамъоварии ҳосил халқи мо аз гузарондани маъракаҳои пурдабдаба худдорӣ мекунад. Биёед, аввал ҳосилро ҷамъ оварда, баъд тӯю тамошо ташкил кунем...
Беталаф ҷамъ овардани ҳосили парвардаи имсола ва замина гузоштан барои ҳосили оянда яке аз шартҳои муайянкунандаи пойдорию иқтидорнокӣ ва мустақилии давлати тозабунёди мо – Тоҷикистони азиз мебошад. Аз ин рӯ, ҷои ҳар як ватандӯст, ки барояш мустақилият ва дастнигар набудани Ватанаш гиромист, дар саҳрост. Бояд фаромӯш накард, ки сарнавишти кишвари мо дар дасти худамон аст”.
Баробари пойдор гардидани сулҳу амонӣ ва оромиву осудагӣ вазъи сиёсиву иқтисодии мамлакат низ рӯз ба рӯз беҳтар шудан гирифт, гурезаҳо, ки аксарашон дар хоки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон паноҳ бурда буданд, ба Ватан баргаштанд. Хонаҳои худро барқарору обод  намуданд. 
Бо дастури Пешвои миллат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири таъмини амнияти озуқавории кишвар тадбирҳои гуногун, аз ҷумла ба гардиши кишоварзӣ ворид сохтани заминҳои бекорхобида, беҳтаргардонии ҳолати мелиоративии заминҳо, зиёд намудани майдони боғу токзорро амалӣ ва қарзи хоҷагиҳои деҳқониро ҳаллу фасл кард.
Дар навбати аввал Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ислоҳоти замин” қабул гардида, дар асоси он марҳилаи якуми ба деҳқонон ҷудо намудани заминҳои минтақаҳои кӯҳистон ва наздикӯҳӣ оғоз гардид. 
Сарвари мамлакат пайваста таъкид менамуданд, ки соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – таъмини амнияти озуқаворӣ маҳз ба пешрафти соҳаи мазкур вобастагӣ дорад. Барои ба ин ҳадаф расидан тамоми аҳли заҳмат бояд дастбакор шаванд. Бо фармонҳои тақдирсози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 1995 ва 1 декабри соли 1997 аввал 50 ҳазор гектар ва пасон 25 ҳазор гектар, ҷамъ 75 ҳазор гектар замин барои истифода ба аҳолии деҳот тақсим карда шуд, ки ин заминҳоро мардум “замини президентӣ” ном мебаранд. Ин иқдоми Пешвои миллат барои таъмини аҳолӣ бо маводи озуқаворӣ, махсусан нақши калидӣ ва таърихӣ бозид ва, аз ҳама муҳимаш, хатари гуруснагиро бартараф намуд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар машварати умумиҷумҳуриявӣ оид ба тезондани ислоҳоти иқтисодӣ дар комплекси агросаноатӣ, моҳи октябри соли 1995 бо таъкид ба он ки Ҳукумати ҷумҳурӣ роҳи дигаргунсозии қатъии муносибат ба заминро пеш гирифтааст, ояндаи ҷумҳурӣ ва  халқи Тоҷикистонро аз бисёр ҷиҳат ба чигунагии муносибат ба замин вобаста донистанд. Ба андешаи Пешвои миллат “ислоҳоти замин моҳияти инқилобӣ дорад. Он вобастагӣ ва дастнигар будани ҳар кадом шахсро аз давлат  барҳам  медиҳад. Деҳқон фақат дар сурате худро озод ва мустақил ҳис мекунад, ки воқеан ҳам, худаш соҳиби замин бошад ва бо меҳнати ҳалоли худ аз он фоида ба даст орад”.
Ба таъкиди Сарвари давлат, дар ислоҳоти замин меъёри асосии муайянкунанда чунин аст: замин бояд ба касе дода шавад, ки дар он кор карда, фоида гирифта метавонад ва дар баробари ин ба замин зиён намерасонад.
Дар ин замина баҳри гузарондани ислоҳоти соҳа Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1996, таҳти рақами 522  оид ба ислоҳоти куллӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба тасвиб расид, ки тибқи он дар заминаи колхозу совхозҳо ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ оғоз гардид, ки шумораи онҳо ҳоло ба 185 ҳазор адад расидааст. 
Ҳамин тавр, бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат дар соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати истифодаи самараноки захираҳои обу замин ва амнияти озуқавории мамлакат бори аввал дар таърихи давлати соҳибихтиёрамон ислоҳоти куллӣ гузаронда шуда, истифодаи замин ба соҳиби аслии худ – деҳқон вогузор гардид, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ зиёда аз 54 ҳазор гектар заминҳои нав ба гардиши кишоварзӣ ворид гардида, ҳамасола қариб дар майдони 200 ҳазор гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронда мешавад.
Таъмини озуқавории кишвар ҳадафи стратегии давлат ба шумор рафта, дар чорчӯбаи он корҳои зиёд амалӣ гардида истодаанд. Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишварзӣ сол ба сол афзоиш ёфта, садҳо гектар боғҳои нав бунёд ёфтанд, даҳҳо коргоҳҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ сохта, ба истифода дода шуданд.
Мавриди зикр аст, ки айни замон соҳаи кишоварзӣ аз 23 то 25 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилиро таъмин намуда, баҳри таъмини босубот ва мутаносиби аҳолии кишвар бо озуқаворӣ тавассути афзоиши мунтазам ва устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани сатҳи даромаднокӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ, инчунин, ҳифзи захираҳои табиӣ, ки барои тавсеаи такрористеҳсолкунӣ зарур аст, мусоидат менамояд. Дар натиҷаи баланд шудани маданияти истифодаи замин афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон таъмин гардида, аз 11 миллиарди соли 1992 ба 40 миллиард сомонӣ дар соли 2021 расонда шуд, ки қариб 4 баробар афзоиш ёфт.
Танҳо дар вилояти Хатлон дар зарфи 30 соли охир ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ аз 3,7 миллиард сомонии соли 1991 то ба 20,7 миллиард сомонӣ дар соли 2021 афудааст. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли ғалладонагиҳо аз 131 ҳазору 44 тонна то ба 1 миллиону 32 ҳазору 680 тонна расидааст. Аз он ҷумла дар вилоят соли 1991 агар 238 ҳазору 61 тонна гандум истеҳсол шуда бошад, дар соли 2021 ин нишондиҳанда ба 610 ҳазору 569 тонна баробар шудааст. Ин омил аз он шаҳодат медиҳад, ки бо истифодаи оқилонаи заминҳои корами обӣ ва ба роҳ мондани кишти такрории зироатҳо бо истифодаи тухмиҳои хушсифат ва риояи дурусти парвариши агротехникии зироатҳои кишоварзӣ таъмини аҳолии ҷумҳурӣ бо маводи озуқа имконпазир мегардад. 
Дар давраи солҳои 1991 - 2021 бо дастгирӣ ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат дар вилояти Хатлон истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва гирифтани се-чор ҳосил аз як замин таъмин гардида, майдони кишти гандум 2,1 маротиба, шолӣ 1,9, ҷуворимакка барои дон 2,7, картошка 3,7, сабзавот 3,5 ва полизӣ 2,1 маротиба зиёд шуд. Истеҳсоли ғалладона 7,9 маротиба, аз ҷумла гандум 2,6, шолӣ 15,8, картошка 22,6, сабзавот 23,4, полизӣ 17,4,  мева 25,6, ангур 2,8 маротиба ва ҳосилнокии онҳо аз 23,3 дарсад то 4,3 маротиба афзоиш ёфтааст.  
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола хоҷагиҳои кишоварзии вилоят аз 12 ҳазор гектар то 18,0 ҳазор гектар заминҳои байни боғу токзор, партов, чарогоҳҳое, ки имконияти кишт намуданро доштанд, заминҳое, ки зери корҳои мелиоративӣ қарор доранд, самаранок истифода бурда, фаровонии бозори истеъмолиро таъмин намуда, ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани нарх дар бозорҳои вилоят ва ҷумҳурӣ саҳми босазои худро гузошта истодаанд. 
Ғайр аз ин, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят майдони гармхонаҳои доимоамалкунанда ба 56,7 гектар ва мавсимӣ ба 737,7 гектар расонда шуда, аз ин ҳисоб иловатан 34,5 ҳазор тонна сабзавоти барвақтӣ истеҳсол карда мешавад.  
Дар доираи Барномаҳои қабулгардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ майдони боғу токзор ба 60,0 ҳазор гектар расонда шудааст, ки аз он 366 гектарашро боғҳои интенсивӣ ташкил медиҳад. 
 Ҷиҳати нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, захира намудани маҳсулот ва таъмини бозори истеъмолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 46  анбор бо иқтидори 5 547 тонна ва 55  сардхона бо иқтидори 20,0 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ барои захираи маводи аввалияи ғизоӣ омода мебошанд. 
Дар соҳаи чорводорӣ низ дар 30 соли истиқлолият нишондиҳандаҳо назаррас арзёбӣ гардиданд. Дар натиҷаи меҳнати самарабахши чорводорон саршумори чорвои калону майда, паранда, асп ва оилаи занбӯри асал аз 1,7 то 2,5 маротиба ва истеҳсоли маҳсулоти соҳа аз қабили гӯшт, шир, тухм, пашм ва асал аз 2,0 то 6 маротиба  афзудааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи моҳипарварӣ диққати махсус зоҳир гардида, теъдоди хоҷагиҳои моҳипарварӣ аз 3 ба 261, масоҳати кӯлу ҳавзҳо аз 1 415 ба 2 563 гектар ва истеҳсоли моҳӣ аз 462 ба 3 303 тонна расонда шуд, ки 7,1 маротиба зиёд мебошад.
Соҳаи парандапарварӣ низ рушд карда, теъдоди фабрикаҳои парандапарварӣ аз 7 то ба 24 адад, саршумори паранда аз 896,3 ҳазор сар ба 2,3 миллион сар, истеҳсоли тухм аз 32,0 ҳазор дона  ба 108,6 миллион дона ва истеҳсоли гӯшти паранда дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 13,3 ҳазор тонна расонда шуд. 
Бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат дар давраи соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Данғара 6 000 гектар заминҳои нав аз худкарда шуда, дар ноҳияи Ҷайҳун аз ҷониби Иттиҳодияи аграрии “Водии Заррин” 5 314 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид гардид. Дар ин давра 7 773 гектар замини партов, 9294 гектар замини холимонда, дар маҷмуъ 28381 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид ва дар онҳо  зироатҳои гуногуни кишоварзӣ кишт   мешаванд. 
Қабули қонуни миллӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки муаллифи ғояи он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, як қадами устувор дар роҳи коҳиши сатҳи камбизоатӣ, пешгирӣ аз исрофкорию зиёдаравӣ, таъмини зиндагии шоистаи мардум маҳсуб мегардад. Қонуни мазкур, ки дар  ҷаҳони  муосир  назир  надорад,  8  июни соли  2007,  таҳти  № 272, ба тасвиб расида, бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Мақсади ин қонуни миллӣ аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Дар доираи татбиқи ин қонун миллионҳо сомонии мардуми кишвар сарфа шуда, вазъи иҷтимоии шаҳрвандон бамаротиб беҳтар гардидааст. Барои мисол, агар соли 1999 сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон 83 дарсадро ташкил медод, дар соли 2019 ин нишондиҳанда то 26,3 дарсад коҳиш ёфт, ки аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.
Ғайр аз ин, маврид ба қайд аст, ки агар давоми 70 соли то замони истиқлолият барои бунёди манзили истиқоматӣ ҳамагӣ ба 530 ҳазор оила 77 ҳазор гектар замин дода шуда бошад, пас  дар давраи Истиқлолият танҳо  давоми бист соли охир 138 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 52 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои обӣ ба 1 миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзили истиқоматӣ ҷудо гардидааст, ки дар натиҷа зиёда аз 8,8 млн. нафар аҳолии кишвар имконияти беҳсозии шароити истиқоматии худро пайдо намуданд.
Ҳарчанд се даҳсола дар назди таърих муддати тулонӣ нест, аммо созандагию бунёдкориҳое, ки дар ин давра бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, арзиши садсолаҳоро доранд ва аз ин шукру сипос бояд кард. 
Ибтикори бемисоли Сарвари мамлакат дар самти ислоҳоти замин, пешниҳоди имтиёзҳои давлатӣ барои рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, қабули барномаҳои давлатии рушди боғу токпарварӣ, бунёди коргоҳу корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самарабахши замин ва дигар захираҳои табиӣ Тоҷикистони моро ба татбиқи ҳадафи стратегӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ ва ба ин васила истеҳсоли маҳсулоти босифати ғизоӣ, коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва таъмини зиндагии сазовори мардум ноил гардонд.
 
Қурбон ҲАКИМЗОДА, раиси вилояти Хатлон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.09.2022    №: 188    Мутолиа карданд: 1321
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед