фарҳанг
ШОМИ ШАНБЕ
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
ЧАЙН-КРОССВОРДИ «РӮЗИ ЗАБОН»:
1. Шинохти давлат. 2. Садо-овоз. 3. Ҷонишини шахсӣ. 4. Термин, истилоҳи забон. 5. Сараъзои ҷумла. 6. Барномаи ҳаҷвии ТВ «Россия». 7. НБО ба Русӣ. 8. Калимаҳои муқобилмаъно. 9. Ҷои дарсхонӣ. 10. Ҳодисаи табиат. 11. Қисми забон. 12. Тамғаи тайёра. 13. Блоки ҳарбӣ. 14. Донишманд. 15. Сентр ба тоҷикӣ. 16. Қисми забон. 17. Аломати китобатӣ. 18. Жанри журналистика. 19. Қисми бандак. 20. Мева. 21. Меҳнати талаба. 22. Асбоб барои рӯбинӣ. 23. Панд, насиҳат. 24. Садои хуш дар мактабҳо. 25. Китоби дарсӣ. 26. Китоби Р. Ҷалил. 27. Гуфтугӯи ду шахс. 28. Барномаи радиои «Фарҳанг». 29. Мутахассиси соҳаи фарҳанг. 30. Гуфтугӯи як шахс. 31. Эпоси халқии тоҷикӣ. 32. Номи дигари алоқа. 33. Жанри журналистика. 34. Мева. 35. Ду мисраъ ё чор мисраъ шеър. 36. Лаҳзаи … (оид ба адабӣ). 37. Азиз, меҳрубон. 38. Номи дигари ғалаба. 39. Асбоби мусиқӣ. 40. Сурат, акс. 41. Истилоҳи забон. 42. Шоир Ҷалолиддини …. 43. Тартибот, ахлоқ. 44. Достони М. Турсунзода. 45. Аломати китобатӣ. 46. Номи дигари шуур. 47. Шоира Кенҷаева. 48. Готов ба тоҷикӣ. 49. Як навъи сурудхонӣ. 50. Озмуни ҳарсолаи театрҳо. 51. Номи таом. 52. Сайёра. 53. Номи дигари шабнишинӣ. 54. Ҷонишини шахсӣ. 55. Китоби мусиқӣ. 56. Хондан баъди мактаби олӣ. 57. Китоби А. Сино. 58. Истилоҳи адабӣ.
Таҳияи Муҳаммадюсуф Исмоилов, сокини ноҳияи Ашт
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Ҷавоби чайн-кроссворди «Кишоварз» аз 23 сентябри соли 2022
1. Аграрӣ. 2. Илм ва ҳаёт. 3. Тарбуз. 4. Зимистон. 5. Нек. 6. Кӯл. 7. Лаос. 8. Садбарг. 9. Гармхона. 10. Аграном. 11. Март. 12. Тут. 13. Тараққиёт. 14. Ташаббус. 15. Сиёма. 16. Аммиак. 17. Кӯҳсор. 18. Рақобат. 19. Такрор. 20. Ранҷ. 21. Ҷӯяк. 22. Кишоварз. 23. Зоя. 24. Яхоб. 25. Бодиринг. 26. Гов. 27. Ватан. 28. Нахӯд. 29. Деҳқон. 30. Ниҳол. 31. Лаблабу. 32. Урумчӣ. 33. Иброз. 34. Замин. 35. Нақша. 36. Аммофос. 37. Себ. 38. Баҳор. 39. Рангоранг. 40. Гелос. 41. Сумалак. 42. Конибодом. 43. Меҳргон. 44. Наврӯз. 45. Заврақ. 46. Қаймоқ. 47. Қошуқ. 48. Қутос. 49. Сада. 50. Арӯс. 51. Саҳро. 52. Ом. 53. Матин. 54. Нон. 55. Номус. 56. Сабзӣ. 57. Интизор. 58. Равған. 59. Навгилем. 60. Мураббо. 61. Обод. 62. Давлат.
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05,
bzm_701@mail.ru
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Мактаббача, ки китоби "Ревизор"-и Гоголро бошавқ мехонд, ногоҳ аз падари сармуҳосибаш мепурсад:
– Дадаҷон ман нафаҳмидам ҳамин «Ревизор» мазҳака аст ё фоҷиа?
– Писарам, агар ревизор одами худӣ бошад, мазҳака, агар бегона бошад, яқин фоҷиа аст.
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
ЧАНД ФАКТИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ АВСТРАЛИЯ
1. Сидней яке аз қадимтарин ва бузургтарин шаҳрҳои Австралия мебошад, ки дар соҳили гулугоҳи Порт - Ҷексон ҷойгир аст. Пуле, ки аз болои гулугоҳ мегузарад, ягона ва бузургтарин дар дунё мебошад ва як аркаи оҳанин дорад. Дар шаҳри Сидней иншооти аз ҳама баландтарин манораи телевизионӣ аст (305 м).
2. Австралия аз сарватҳои минералӣ бой буда, саноати маъдани кӯҳии он дар дунё яке аз тараққикардатарин ба шумор меравад. Австралия дар ҷаҳон бузургтарин содиркунандаи ангишт ва яке аз пешсафони истихроҷи маъдани оҳан, тилло, мис ва алмос аст.
3. Пас аз кушодани кони тилло (соли 1851) дар Австралия шумораи муҳоҷирон афзуд. Ин кишвар соле зиёда аз 300 тонна тилло истихроҷ мекунад ва аз ҷиҳати истихроҷи тилло дар дунё ҷойи сеюмро ишғол менамояд.
Таҳияи Кароматулло АТО
Як байт
Посихотирадорӣ, эй оина, аз мо ёд гир,
Айбҳои халқ мебинему мепӯшем мо.
Ҳозиркунандаи чоп Абдулқодири РАҲИМ
ҒАФЛАТИҚРОРӢ
1
Мансабдоре аз марказ ҳангоми сафар ба деҳаи дурдаст аз мардуми он мепурсад:
– Чӣ мушкил доред?
Посух медиҳанд, ки мо, аслан, ду мушкил дорем. Мушкили аввал, дар беморхона табиб надорем.
– Ин ҳалшаванда аст, – мегӯяд ӯ. Зуд бо телефони ҳамроҳаш ба куҷое занг зада, мефармояд, ки пагоҳ ба ин ҷо духтур бифиристед. Боз чӣ мушкил доред? – мағрурона мепурсад аз мардум.
– Мушкили дуюм ин аст, ки дар ин ҷо алоқаи мобилӣ вуҷуд надорад, – ҷавоб медиҳанд аҳли деҳот.
2
Раисро мегӯянд, ки шуморо ба дузанагӣ муттаҳам медонанд.
Ӯ инро шадидан рад мекунад: – Туҳмат аст. Мепурсад: кӣ гуфт?
– Занатон, – посух медиҳанд.
– Кадомаш, – суол медиҳад раиси дарғафлатмонда.
Таҳияи Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ
АЛЕКСЕЙ ТАЛАЙ: «Мушкилтарин роҳ низ инсонро ба сӯи хушбахтӣ мебарад»
Бобои Алексей аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ бе ҳеҷ осебе баргашт. Аммо баъд аз чандин сол набераи ӯ аз таркиши минае, ки замони ҷанг гузошта шуда буд, маҷруҳ гашт. Алексей дасту пойҳояшро аз даст дод, вале иродаи қавиашро не. Ба тиҷорат рӯ оварда, муваффақ гашт ва ҳамчун яке аз хайрхоҳони шинохта ном баровард. Ҳоло ӯ соҳиби чаҳор фарзанди дӯстрӯст ва бештари вақташро ба сайри ҷаҳон мегузаронад. Ҳар ҷое равад, одамонро бовар мебахшад, ки мушкилтарин роҳ низ инсонро сӯи хушбахтӣ мебарад.
«Бовар кунед, ҳамаи душвориҳо муваққатианд. Мушкилиро зиндагӣ барои сабақ омӯхтан медиҳад. Аз он наҳаросед. Агар дар роҳатон собитқадамед, ҷодаҳо худ ҳамвор мешаванд. Асос умедро аз даст надиҳед», - мегӯяд ӯ.
Аз русӣ тарҷумаи Меҳрангез ҚОДИРОВА
КӮДАКИ ДАВРИ ҶАНГ: «ЗИНДАГӢ МЕХОҲАМ!»
Подшоҳе дар гирудори ҷанг буд. Ба фатҳи кишварҳои ҳамсоя саргармӣ дошт. Рӯзе савори аробаи шоҳона мерафт, ки кӯдаки тақрибан 6-7-соларо дид. Либоси ҷанда дар бар аз қади роҳ гиёҳ мечид. Аробаро боздошту бо умеди «хайр» аз тифл пурсид:
– Гиёҳҳоро чӣ кор мекунӣ?
– Модарам дар об ҷӯшонад ва ба мо хӯронад.
Шоҳ бо тараҳҳум ва фахри пуч гуфт:
– Ман подшоҳи ин сарзаминам, бифармо, ҳар чи хоҳӣ, муҳайё хоҳам кард.
Ғайриинтизор ин посухро шунид:
– Ту агар амирӣ, бигзор, зиндагӣ кунем. Аз чанголи марг раҳо бошем, бо садои тиру туфанг хуфта, бо гиря барнахезем ва ҳар замоне ба ёд наорем, ки марг дар гирду бари мост.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
SINGAPORE FLYER
ЧАРХЕ, КИ 165 МЕТР БАЛАНДӢ ДОРАД
Баландтарин чарх (колесо обозрения) дар дунё чархи Singapore Flyer дар кишвари Сингапур мебошад, ки бо баландии 165 метр машҳур гаштааст. Дар сохтани чарх 135 миллион доллари амрикоӣ харҷ шудааст.
Чарх дорои 28 кабина буда, дар ҳар кабина 28 нафар ҷой мегирад. Нархи савор шудан ба чарх 21 доллари ИМА буда, дар 28 дақиқа як маротиб давр мезанад.
Таҳияи Кароматулло АТО
ГАНҶИ ШОЙГОН
ГӮСФАНД ВА ГУРГ
Ҳама умр тарси гӯсфанд аз он аст, ки рӯзе гург хоҳадаш хӯрд, бехабар аз ин ки шӯбонаш мехӯрад.
Зарбулмасали гурҷӣ
Ин маъниро шояд Абулаънои Маъарӣ ба беш аз ҳазор сол пештар гуфтааст.
Шайх Саъдии Шерозӣ онро ба риштаи назм кашидааст. Чун ин маънӣ эҷоди ӯ нест, ба ин хотир, «шунидам»-ро дар аввали навиштааш зикр ва таъкид медорад:
Шунидам, гӯсфандеро бузурге
Раҳонид аз даҳону чанги гурге.
Шабонгаҳ корд бар ҳалқаш бимолид,
Равони гӯсфанд аз вай бинолид,
Ки аз чанголи гургам даррабудӣ,
Чу дидам оқибат, гургам ту будӣ.
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
ҚИССАИ МОДАРИ ТОМАС ЭДИСОН, КИ ДИЛҲОРО ТАСХИР КАРД
Дар вақти хонандаи мактаб будан Эдисон хатчае оварда ба модараш дод ва гуфт: “Инро аз мактаб доданду гуфтанд, ки танҳо модарат хонад”.
Модар бо чашмони пуроб хатчаро ба Эдисон хонд: “Писари шумо нобиға аст. Ин мактаб барои ӯ кифоят намекунад. Аз ин рӯ, хоҳишмандем, ӯро ба тарбияи худ гиред”.
Солҳо гузаштанду Эдисон ба нобиғаи аср табдил ёфт. Модараш аз олам даргузашт. Рӯзе Эдисон аз хона хатчаеро ёфт, ки дар кӯдакияш аз мактаб ба модараш фиристода шуда буд. Ӯ хатчаро хонду бо алам гирист, чунки дар он чунин навишта шуда буд:
“Писари шумо аҳмақ аст. Мо ба ӯ дигар иҷозаи таҳсил дар ин мактабро намедиҳем”.
Эдисон баъд аз гиряи зиёд дар дафтари хотироташ навишт:
“Томас Алва Эдисон аҳмақе буд, ки тавассути як модари қаҳрамон ба нобиғаи қарн табдил ёфт!”.
Ана ҳамин аст, қудрати МОДАР!
Таҳияи М. ОДИНАЕВА
ВИКТОР ЧУКАРИН
Аз асирӣ то қаҳрамони мутлақи олимпиада
Дар оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ гимнаст Виктор Чукарин, аллакай, устоди варзиши ИҶШС буд ва ҳамчун варзишгар имтиёз дошт, ки ба ҷанг наравад, вале дар сафи ихтиёриҳо қарор гирифт. Вай дар қӯшунҳои артиллерӣ барои муҳофизати Киев меҷангид. Дар яке аз муҳорибаҳо захмӣ шуда, асир афтод. Чукарин сею ним соли асоратро дар 17 лагер паси сар карда, ба таври муъҷизавӣ зинда монд. Немисҳо хостанд баржаеро (киштии калони боркаш, ки онро киштии дигар мекашад), ки болои он маҳбусон буданд, ғарқ кунанд, аммо баҳрнавардони англис онҳоро наҷот доданд.
Баъди баргашт ба хона, Чукарин қариб 40 килограмм вазн дошт. Ӯ тасмими баргаштан ба варзишро гирифта, пайваста пайи тамрин буд, то формаи варзишиаш барқарор шавад. Пас аз гузашти чанд сол гимнаст дар мусобиқаи иттифоқӣ ғолиб омада, ба бозиҳои олимпӣ омодагӣ медид. Ҳамин тавр, Виктор Чукарин қаҳрамони мутлақи бозиҳои олимпӣ (11 медали тилло) гардид. Ҳамчунин, мавсуф се нишони тилло аз чемпионати ҷаҳон дорад.
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН
ХАСИСТАРИН ОДАМИ ДУНЁ
Хонум Генриетта Ҳоулэнд ҳамчун хасистарин инсони ҷаҳон дар Китоби рекордҳои Гиннесс сабт шудааст. Генриетта, ҳатто, сачоқҳои қоғазиро намепартофт, онро бо ҳар тарзе тоза намуда, аз нав истифода мекард. Вақте пойи писараш маҷруҳ мешавад, ӯро дар беморхонаи оилаҳои нодор мехобонад, ки дар натиҷа фарзандаш аз як пой маҳрум мешавад. Ин хонум аз айёми ҷавониаш хасис буд, чунки ҳамон вақт ӯ доимо бо як курта, як пойафзол ва як кӯлоҳ мегашт.
Генриетта Ҳоулэнд 3 июли соли 1916 дар синни 81-солагӣ аз сактаи дил дунёро падруд гуфт. Аз ӯ ба ду фарзандаш 4 миллиард доллар мерос монд. Фарзандон пулро байни худ тақсим намуда, писараш заводи автомобил кушоду духтараш нисфи саҳми худро ба ятимхона ва одамони бепарастор ҳадия кард.
Таҳияи З. РАҶАБ
ГУРБАЕ, КИ ТИФЛРО НАҶОТ ДОД
Соли 1421 дар Нидерландия обхезии мудҳиш ба вуқуъ пайваст, ки дар натиҷа 72 деҳа зери об монда садҳо нафар ғарқ шуданд. Баъди чанд рӯзи воқеа наҷотёфтагон гаҳвораеро рӯи об мебинанд, ки болои он гурбае аз як тараф ба тарафи дигари гаҳвора меҷаҳид. Мардум гумон карданд, ки гурба роҳи халосӣ меҷӯяд ва ба хотири наҷоташ ба гаҳвора наздик шуда, шоҳиди воқеаи аҷиб гаштанд. Онҳо даруни гаҳвора кӯдакеро дарёфтанд, ки ором хобида буд. Маълум шуд, ки гурба давоми чанд рӯз бо ин амалаш мувозинати гаҳвораро дар рӯи об нигоҳ доштааст, то кӯдаки маъсумро аз ғарқ шудан наҷот бахшад.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ
АҚДИ НИКОҲИ СУҒДӢ
Баҳори соли 1932 чӯпоне бо номи Ҷӯраалӣ Маҳмадалӣ аз кӯҳи Муғи ноҳияи Айнӣ як сабади пур аз ҳуҷҷатҳоро пайдо менамояд, ки онҳо бо забонҳои суғдӣ, чинӣ ва арабӣ навишта шуда буданд. Дар байни ҳуҷҷатҳои қалъаи Муғ ақди никоҳе пайдо гашт, ки мазмуни он ҷолиби диққат аст. Ҳуҷҷат бо забони суғдӣ ва дар шакли санади ҳуқуқӣ навишта шуда, дар он уҳдадориҳои асосии издивоҷкунандагон нисбат ба якдигар сабт гардидаанд. Созишнома дар сатҳи хеле хуб масъалагузорӣ шуда, дар он сана, макон, нишонаҳои тарафайн, ашёву шартҳои додугирифт ва шоҳидон дарҷ ёфтаанд. Яке аз бандҳои ҷолиби ақди никоҳ ин аст, ки агар шавҳар бе иҷозати зан зани дигар бигирад ва он зан ба зани якум мақбул набошад, пас шавҳар аз завҷаи якумаш ба маблағи сӣ (30) дирҳам (динори солиму холис) қарздор мешавад ва мепартозад. Ин ҳуҷҷат оид ба мавзуи оила ва оиладории суғдиҳо маълумот дода, он дар таърихи 25 марти соли 710 баста шудааст.
Ҳуҷҷати ақди никоҳи суғдӣ. Асри VIII.
Таҳияи Фаридун КЕНҶАЕВ
КӮТОҲТАРИН ИЗДИВОҶ ДАР ТАЪРИХ
Чанде пеш ҷуфти навхонадоронро дар Кувайт ҳамчун издивоҷи кӯтоҳтарин дар ин кишвар сабт карданд. Онҳо ҳамагӣ пас аз се дақиқаи издивоҷ аз ҳам ҷудо шуданд. Навхонадорон дар назди қозӣ шартномаи ақди никоҳ бастанд ва аз бино берун мешуданд, ки арӯс тасодуфан пешпо хӯрда, меафтад. Домод ба ҷои ёрӣ расондан, арӯсро «беақл» гуфта, таҳқир кард, ки барои зан бисёр нохуш афтод. Аз ин рӯ, баргашт ва аз қозӣ хоҳиш намуд, ки никоҳи онҳоро дар ҳамон ҷо бекор созад. Ҳамин тавр, ҳамсарон ҳамагӣ се дақиқа издивоҷ карданд.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
ХОБИ ТУЛОНӢ ҲАМ МАНФИАТБАХШ АСТ
Мувофиқи таҳқиқоти ахири пажӯҳишгарон, субҳи барвақт хестан аз хоб на барои ҳама манфиатбахш аст. Ба гуфтаи онҳо, хоби кӯдакону наврасон нисбат ба калонсолон бояд тулонитар бошад. Аз ин рӯ, муҳаққиқон тавсия медиҳанд, ки дарси кӯдакону наврасонро ҳадди ақал аз соати 10:00 оғоз намоянд, зеро сатҳи гирифтор шудани онҳо ба беморӣ 50 дарсад коҳиш хоҳад ёфт. Дар баробари ин, сифати донишазхудкуниашон низ, бамаротиб беҳтар мегардад.
Таҳияи Ш. ШОКИР
Ду ханда
Хандидан ба иштибоҳот метавонад умрро тулонӣ кунад.
В. Шекспир
Хандидан ба иштибоҳоти занон метавонад умратонро тамом кунад.
Ҳамсари В. Шекспир.
Ҳозиркунандаи чоп А. РАҲИМ
КАМОМАДИ КАССА
Шефи асабӣ дари утоқро ба шатта зада, ба сари котибаи бечора меғуррад:
– Канӣ муҳосиб, чаро телефонаш ҷавоб намедиҳад?
– Камтар пештар казино меравам гуфтанд.
– Чӣ хел казино, бо кадом ақл ин аблаҳ дар вақти корӣ қиморбозӣ мекунад?
– Намедонам шеф, гуфтанд, ки барои пӯшондани камомади касса илоҷи дигар наёфтам.
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
ДУМОҲА ҲОЛАТИ БЕҲУШӢ - ЛАҲЗАИ БЕҲТАРИНИ ҲАЁТ
Пиразани 81-солаи бритонӣ Ирейн Вамплю ду моҳи дар ҳолати беҳушӣ гузарондаи худро беҳтарин лаҳзаи ҳаёташ номид. Дар ин бора нашрияи «Тhe Mirror» хабар додааст.
Хонуми бритонӣ соли 2016 пас аз сар гузарондани инсулт дар ҳолати беҳушӣ қарор гирифт. Ӯ таъйид менамояд, ки оромии комилро дар ёд дорад. «Ин танҳо торикиву оромӣ буд ва ман чизеро намедидаму намешунидам, вале ин оромие, ки то ҳанӯз дар ман аст, ҳайратангез мебошад. Дар зулмот ва сукут ҳеҷ даҳшате вуҷуд надошт, фақат сулҳу осоишу оромӣ буд», – нақл мекунад Вамплю.
Ин хонум мегӯяд, ду моҳи дар ҳолати беҳушӣ қарор доштан ӯро аз бемории саратон наҷот додааст.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.09.2022 №: 188 Мутолиа карданд: 1363