logo

маориф

МАОРИФ. ОМӮЗГОРРО ДАСТГИРИИ БЕШТАР МЕБОЯД

Мусаллам аст, ки рушду пешрафти ҷомеа, худшиносиву худогоҳии миллӣ, дарку эҳсоси ватандӯстӣ, пойдорӣ ва устувории сулҳу ваҳдат, талқини муқаддасот ва арзишҳои миллӣ, тарғиби таъриху фарҳанг ва амнияти миллӣ, пеш аз ҳама, ба омӯзгорон вобастагии амиқ дорад. 
Бо ин мақсад, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз соли 2013 тағйироту иловаҳо вобаста ба мақоми омӯзгор, фаъолияти омӯзгорӣ, ҳуқуқҳои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, уҳдадориҳо, масъулият ва ҳифзи шаъну шарафи омӯзгор, имтиёзҳои омӯзгорон ва таъминоти моддии онҳо боби алоҳида ворид карда шуд. Вобаста ба татбиқи амалии нишондодҳои қонун дар давоми ин солҳо ба масъалаи қадру манзалат ва мақому мартабаи омӯзгорон борҳо таъкид ва ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зоҳир гардид. 
Вобаста ба муқаррароти сархатҳои сеюм ва чоруми банди 1-уми моддаи 53-и Қонун «Дар бораи маориф», омили ҳавасмандӣ ва хеле судманд мебуд агар ҳамасола ба маоши омӯзгорон маоши иловагӣ барои бо доруворӣ ва табобати ройгон пешбинӣ шуда, масъалаи аз хизматрасонии коммуналӣ қисман ва ё имтиёзнок истифода бурдани омӯзгорон амалӣ гардад. 
Иқдоми муассир мебуд агар ҳамасола ба омӯзгорони муваффақ, ғолибони озмунҳо, омӯзгорони эҳтиёҷманд ва омӯзгорони ҷавон аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорони маърифатпеша ва шахсони алоҳида манзили истиқоматӣ дода шавад.  Омили ҳавасмандӣ ва дастгирии моддию маънавии омӯзгорон мебуд, агар ба муассисаҳои таълимиву илмӣ ва омӯзгорони фаъолу ҷӯянда ва эҷодкор дар баробари маблағгузориҳои давлатӣ шаклҳои дигари алтернативии маблағгузориҳо аз ҳисоби иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ассотсиатсияҳо ва фондҳо – махсусан фондҳои инноватсионӣ, маблағҳои хусусии ташкилотҳо, инвеститсияҳои хориҷӣ, кумаку дастгириҳои соҳибкорони инфиродӣ ва манбаъҳои дигаре, ки ҷалби онҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, ҷудо карда шаванд. 
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ омӯзгорони дар деҳот зиндагикунандаро  бо қитъаҳои замин ва дигар молу мулк таъмин карда, ба масъалаи такмили ихтисосу бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва ҳамасола аз назорати тиббию ташхиси тиббӣ гузаштани омӯзгорон  чораҳои амалӣ андешанд.
Ҳавасмандии моддиву маънавӣ омили дарку эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ, интихоб ва татбиқи шаклу усулҳои самарабахши таълим ва беҳдошти сифати таълим ба шумор меравад. Ба маврид мебуд агар ба хотири гиромидошти омӯзгор ҳамчун рамзи «тимсоли ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии миллат» (баҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон) дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳия ва ҳатто шаҳраку ҷамоатҳо мавзеъ ва ё гӯшаеро бо гузоштани муҷассамаи рамзии омӯзгор дар иҳотаи гулгашту фароғатгоҳҳо, осорхонаю китобхона, дукони фурӯши китобу рӯзнома ва маҷалла, сайру гашт, ки макони баргузории чорабиниҳои маърифатӣ бошад, бунёд карда мешуд. Ба хотири гиромидошти устоде, ки рост гуфтану рост рафтан, навиштану хондан, саводнокиву маърифатнок шудан ва ба ҳаёти мустақилона қадам гузоштанро омӯзонидаву ба маърифатнокиву ҳунармандӣ ҳидоят намудааст, хотираи заҳмату меҳнаташро пос дошта, арҷгузорӣ мекарданд.   
Шабакаи мустақими телевизионии соҳаи маориф, ки тарғибгару ҳидоятгари дастуру супоришҳои Сарвари давлат, қонуну қарор, стандарту барномаҳои давлатӣ, санадҳои меъ-ёрию ҳуқуқии соҳа, дастовардҳо, таҷрибаҳои пешқадам, тарғиби шаклу усулҳои самарабахши таълим, таърихи соҳа, иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, методӣ, илмӣ, таълимӣ, дарсу соатҳои намунавӣ, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва беҳдошти сифати таълим, фаъолияти маҳфилҳои фаннӣ, марказҳои рушди истеъдод, марказҳои инноватсионӣ, таҳияи лоиҳа ва барномаю шабакаҳои инноватсионӣ, таҳия ва татбиқи технологияҳои муосири таълимии арзишманд ва самарабахш, муҷаҳҳазгардонии фаъолияти таълимӣ, дастоварди таълимгирандагону омӯзгорон дар озмуну ҳамоишҳои илмию маърифатӣ ва амсоли ин бошад, таъсис дода шавад, хеле хуб мешуд.
Мақому мартаба ва қадршиносии омӯзгорон, пеш аз ҳама, ба таваҷҷуҳу ғамхории ҷомеа ва дастгирии ҳар фарди соҳибмаърифат  вобастагӣ дорад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ дар машварати ҷумҳуриявии  коркунони соҳаи маориф аз 28 августи соли 1995 таъкид дошта буданд: «То замоне ки мо барои аҳли илму маориф, зиёиён, онҳое, ки офаранда, парваришдиҳанда ва муҳофизи маънавиёт, ахлоқ ва маърифати ҷомеа ҳастанд, зиндагии сазовору шоистае муҳайё накунем, мақому мартабаи онҳоро ба дараҷае, ки мебояд, баланд набардорем, ба пешрафт умед бастанамон душвор аст». 
 
Раҷабалӣ САНГОВ,  
Аълочии маориф 
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.10.2022    №: 189    Мутолиа карданд: 1744
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед