ҳуқуқ
ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ. ТОҶИКИСТОН ДАР МУБОРИЗА ПЕШОҲАНГ БОҚӢ МЕМОНАД
Терроризм ва ифротгароӣ солҳои охир ба яке аз мушкилоти сиёсиву амниятии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ба назари сиёсатшиносон ва аҳли фарҳанги сиёсӣ, зуҳуроте, ки чун вабои аср эътироф шудааст, ба ҳастиву саломатии банӣ-башар таъсири манфӣ мерасонад ва ҷой доштанаш дар миқёси ин ё он минтақа ва ё кишвар гувоҳ аз оқибатҳои фалокатбори он медиҳад.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо таҳдид эҷод менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки оқибатҳои фоҷиабори терроризму ифротгароиро аз сар гузарондааст, тайи чанд соли охир дар самти муқовимат бо зуҳуроти мазкур ва манбаъҳои маблағгузории онҳо тадбирҳои муассирро роҳандозӣ карда истодааст. Дар кишвар ҳама гуна маблағгузории терроризм ҷиноят эътироф гардидааст, ки ин далелҳо аз фаъолияти судманди Ҳукумати кишвар ва мақомоти дахлдор шаҳодат медиҳанд.
Дар пасманзари иқдомҳои ахири давлати соҳибистиқлоли мо вобаста ба тақвияти муборизаи муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ алайҳи терроризму экстремизм мешавад ба ин натиҷа расид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як кишвари пешоҳанг дар ҳалли муҳимтарин масоили байналмилалист. Ҳамин аст, ки 18–19 октябри соли 2022 шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо»-ро мизбонӣ менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мизбонии ин Конфронси байналмилалӣ бори дигар аз худ ҳамчун мамлакати ҷонибдори сулҳу субот дар саросари олам мужда хоҳад дод, зеро дар нишастҳои қаблӣ намояндагони воломақоми хориҷӣ ин амрро эътироф намуда буданд.
Мо – ҷавонон, тариқи расонаҳои хабарӣ огоҳем, ки терроризм ва ифратгароӣ оқибатҳои бади марговар доранд. Ҷавонони тоҷик, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қишри ояндасоз ва хазинаи тиллоии миллат дониста шудаанд, ҳеҷ гоҳ фирефтаи гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва нооромкунандаи ҷомеа нахоҳанд шуд.
Бо эътимоди қавӣ ва боварии комил метавон гуфт, ки ҷавонон аз ин зуҳуроти нангини асрӣ худро дур гирифта, барои таъмини амнияти кишвар, пойдории ваҳдати миллӣ ва рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол кӯшиш хоҳанд кард.
Х. АЛИШОЕВ,
мудири кафедраи молия
ва андозбандии ДБССТ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.10.2022 №: 189 Мутолиа карданд: 1669