мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ФАЙСАЛ ИБНИ ФАРҲОН ОЛИ САУД
3 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ шоҳзода Файсал ибни Фарҳон оли Саудро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ баррасӣ гардиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки мо ба густариш ва таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманди ду давлат таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоем.
Зимни вохӯрӣ оид ба таҳкиму тавсеаи муколамаи сиёсии сатҳи олӣ ва баланд, робитаҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноати сабук, сохтмон, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба ин бахшҳо, ки имкониятҳои зиёдро доро мебошанд, табодули андеша сурат гирифт.
Ҷонибҳо ба масъалаи татбиқи босамари стратегияҳои миллии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, аз ҷумла Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи “Дидгоҳи – 2030”, ки бар нафъи мардумони ду кишвар амалӣ мегарданд, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Мусоҳибон, ҳамчунин, ба фаъолгардонии кори Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ ва Осиёи Марказӣ, Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ва Шурои соҳибкорони ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Зимни баррасии масоили мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ, вазъи сиёсии Афғонистон, тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои таъмини амният, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ матраҳ гардиданд.
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории исломӣ, робитаи зич доранд ва таъкид шуд, ки кишвари мо аз узвияти Арабистони Саудӣ дар Созмони ҳамкории Шанхай ба ҳайси шарики муколама, ки дар давраи раёсати Тоҷикистон сурат гирифт, истиқбол менамояд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.10.2022 №: 190 Мутолиа карданд: 1663