logo

иқтисод

КӮЛОБ. ВАЪДАҲО ВАЪДА МОНДАНДУ СОХТМОН НОТАМОМ

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар садҳо иншооти наву замонавӣ бо тарҳи муосир сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар ҳамин замина соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бинои хобгоҳи Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб санги асос гузошта буданд. Иншооти мазкур баъд аз ду сол бояд мавриди истифода қарор мегирифт, мутаассифона, бо гузашти 5 сол корҳои сохтмонӣ ҳоло ҳам ба итмом нарасидаанд.
Зубайдулло Азиззода, директори Коллеҷи фавқуззикр дар суҳбат ба хабарнигори рӯзнома иттилоъ дод, ки хобгоҳ аз 9 ошёна иборат буда, барои 700 нафар пешбинӣ гардидааст. Бинои мазкур аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ва бо маблағҳои худӣ сохта мешавад. Барои иншооти болозикр 33 миллиону 695 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки то кунун ба маблағи 16 миллиону 50 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ иҷро гардидаанд. Номбурда афзуд, ки дар як сол аз тарафи Раёсати сохтмони асосии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ 2 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби Коллеҷ 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ҷудо мешавад. 
“Айни замон мо имконият надорем, ки ин сохтмонро ба анҷом расонем. Як соли пеш ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ муҳтарам Абдуллозода Ҷамолиддин расман вохӯрӣ доштем ва мактуб ҳам кардем, ӯ ваъда дод, ки барои ба итмом расондани сохтмони бино ёрӣ мерасонад”, - гуфт З. Азиззулозода дар суҳбат. 
Тибқи иттилои дастрасгардида, Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода бо рафти сохтмони мазкур шинос шуда, ба масъулон супориш дода буд, ки маблағгузориро бештар ва сохтмони бинои мазкурро ба итмом расонанд. Мутаассифона, ваъдаҳо ваъда монданду сохтмон нотамом. Номбурда афзуд, ки дар сурати ба истифода додани хобгоҳ метавонанд бештари донишҷӯёнро ба хобгоҳ таъмин намоянд. Айни замон 450 нафар донишҷӯдухтар  ба хобгоҳ таъмин мебошад. Маҷмуан, дар коллеҷ 3878  донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки 3290 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. 
Маврид ба зикр аст, ки чанд сол қабл шароити хобгоҳи Коллеҷи тиббии шаҳр қонеъкунанда набуд. Масалан, донишҷӯён бо зарфҳо ба ҳуҷраҳояшон об мекашонданд. Вале баъди директор таъин гардидани Зубайдулло Азиззода хобгоҳ пурра аз таъмир бароварда шуда, ҳамаи хонаҳо бо хатти оби доимӣ таъмин гардиданд. 
Аз гуфтаҳои масъулон метавон хулоса кард, ки сохт-мони бинои хобгоҳи мазкур камаш 4 соли дигар идома меёбад. Умедворем, ки муҳтарам Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат, ба ин масъала расидагӣ менамояд. 
“Ҷумҳурият” мавзуъро пайгирӣ хоҳад кард. 
 
Суннати СОДИҚ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.10.2022    №: 190    Мутолиа карданд: 1304
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед