ҳуқуқ
ОМИЛИ ҲАСТӢ ВА ПОЙДОРӢ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо аҳли маорифи пойтахт дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 27 сентябри соли 2022 таъкид доштанд, ки забони ширину шевои тоҷикӣ муҳимтарин унсури ҳастӣ ва бақои умри миллати куҳанбунёди мо мебошад, ки дар даврони истиқлол ва дар марҳалаи бунёди давлатдории миллӣ рисолати миллатсозиву давлатсозии худро бо рангу ҷилои тоза идома бахшида истодааст.
Воқеан, забони тоҷикӣ аз қадимтарин ва пурмаҳсултарин забонҳои ҷаҳон ба шумор меравад. Ин забони шевои шоирона, таърихи беш аз панҷҳазорсола дошта, ба қатори забонҳои қадимаи ҷаҳонӣ дохил мешавад.
Забони мо дар аҳди аввалин давлати тоҷикон, Сомониён ба минбару воситаи асосӣ, дар ҷабҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба дараҷаи ниҳоят баланд рушд ёфта буд ва дар давраи ҳукумронии ҳамин салтанат забони мо ба сифати забони коргузорӣ мавқеи худро пайдо карда, тули зиёда аз ҳазор сол фаъолият намудааст.
Бояд таъкид кард, ки дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушду инкишофи забони тоҷикӣ саҳми фарзанди фарзонаи миллат, Сарвари маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург мебошад. Роҳбари мамлакат аз нахустин лаҳзаҳои фаъолияти кориашон ҳамчун Раиси Шурои Олӣ ва минбаъд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба забони тоҷикӣ эҳтиром ва арҷ гузоштанд, ки имрӯз забони тоҷикӣ дар сатҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хоси худро пайдо кардааст.
Бояд тазаккур дод, ки дар фаъолияти судҳо низ нақши забон амиқу дақиқ дарҷ шудааст. Чунки яке аз принсипҳои асосии мурофиаи судӣ ин забони мурофиаи судӣ мебошад.
Мурофиаи судӣ дар Суди Олии иқтисодӣ ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё забони аксарияти аҳолии маҳал сурат мегирад.
Ба шахсони дар парванда иштироккунанда, ки забони давлатиро намедонанд, ҳуқуқи ба воситаи тарҷумон бо маводи парванда пурра шинос шудан, иштирок кардан дар амалҳои судӣ ва ҳуқуқи дар суд бо забони модариашон баромад кардан таъмин карда мешавад.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки далелҳои хаттӣ ва дигар далелҳоро пешниҳод менамоянд, вазифадоранд тарҷумаи онҳоро ба забони мурофиаи судӣ бо шаҳодати дуруст буданашон бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ таъмин намоянд (Моддаи 12 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Аз рӯи қонун ба шахсоне, ки забони давлатиро намедонанд, шароит фароҳам оварда шудааст, ки онҳо бо тарҷумон таъмин карда мешаванд.
Кормандони мақомоти судӣ забони давлатиро гиромӣ дошта, дар пос доштани забон саҳми худро мегузоранд. Муошират, фаъолият ва коргузорӣ бо ин лафзи ноб ба роҳ монда шудааст. Инчунин, мо дар фаъолияти худ барои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамкории худро бо мақомотҳои дахлдор мунтазам ба роҳ мондаем.
Доир ба риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021 таҳти №268 тасдиқ шудааст, дар судҳои иқтисодӣ машғулияти омӯзишӣ баргузор гардида, баҳри таъмини таҳияи санадҳои судии сифатнок, ҷорӣ намудани таҷрибаи дурусту ягонаи забони қонунгузорӣ, муқаррароти қонунгузории ҷорӣ марбут ба забони давлатӣ дар шакли васоит мураттаб ва барои истифодаи хизматӣ ба судяҳои судҳои иқтисодӣ дастрас карда шуданд.
Ҳамчунин, бо мақсади иҷрои банди 48 нақшаи амалисозии Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030, бо фармоиши раиси Суди Олии иқтисодӣ №37 аз 22 июли соли 2022 Комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар низоми судҳои иқтисодӣ таъсис дода шудааст, ки он фаъолияти худро бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда, ҷиҳати амалишавии сиёсати давлатии забон, иҷрои нақшаи амалисозии Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 чораҳои зарурӣ андешида, риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикиро дар фаъолияти судҳои иқтисодӣ назорат ва таъмин менамояд.
Зуҳуриддин АСРОРЗОДА,
сардори раёсати ташкили кори судҳо, ҷамъбасти амалияи судӣ ва баррасии муроҷиатҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи якум
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.10.2022 №: 190 Мутолиа карданд: 1939