сиёсат
СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНӢ
5 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар оғози суҳбат Владимир Путин бо таманниёти беҳтарин Сарвари давлати моро бо зодрӯзашон ва сарфароз гардиданашон бо ордени Федератсияи Россия “Барои хизматҳои шоён дар назди Ватан” дараҷаи III барои нақши назаррас дар таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Россия ва таъмини амнияту суботи минтақавӣ самимона табрик карданд.
Пешвои миллат ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барои табрикоташон изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки ин мукофоти боэътиборро ба мардуми кишвари мо мансуб медонанд.
Сарварони давлатҳо масъалаҳои робитаҳои байнидавлатии ду кишвар ва дурнамои рушду тавсеаи онҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, атрофи ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.
5 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Шавкат Мирзиёев Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати санаи хотирмон – зодрӯзашон, самимона ва гарм муборакбод гуфта, ба Пешвои муаззами миллат саломатии бардавом ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатиашон комёбиҳо ба нафъи мардуми Тоҷикистон орзу намуданд.
Дар зимн, Шавкат Мирзиёев ба хизматҳои шоёни Президенти Тоҷикистон дар комёб шудани кишвари мо ба дастоварҳои бузург дар роҳи рушди ҳамаҷониба ва таҳкими мақоми арзандаи он дар арсаи байналмилалӣ баҳои баланд доданд.
Дар рафти суҳбат оид ба доираи васеи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мубодилаи афкор сурат гирифт.
Вобаста ба ин, аз натиҷаҳои мусбати овони ахир дар рушди муносибатҳои шарикӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Ӯзбекистон бадастомада изҳори қаноатмандӣ шуд.
Дар рафти суҳбат сарварони ду давлат, ҳамчунин, масъалаҳои алоҳидаи мубрами рӯзномаи байналмилаливу минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
5 октябр суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев баргузор шуд.
Дар оғози суҳбат Президенти Қазоқистон Сарвари давлати моро бо ҷашни зодрӯзашон самимона табрик гуфта, ба Пешвои миллат сиҳатмандии комил, некрӯзӣ ва дар фаъолияташон комёбиҳои бузург, ба мардуми Тоҷикистон сулҳу амонӣ ва шукуфоӣ орзу намуд.
Сарварони давлатҳо раванди рушди афзояндаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистонро таъкид сохта, атрофи ҳолати имрӯзаву дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон мубодилаи афкор карданд.
Ба рӯзномаи мулоқотҳои қарибулвуқуи сатҳи олӣ дар Остона таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Дар суҳбати президентҳои Тоҷикистону Қазоқистон, ҳамчунин, нисбат ба масоили алоҳидаи рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми тарафайн ибрози назар шуд.
5 октябр суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко баргузор гардид.
Александр Лукашенко Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрик гуфта, таманниёти неки худро иброз дошт.
Дар рафти суҳбат Александр Лукашенко саҳми бузурги Эмомалӣ Раҳмонро дар истиқрори сулҳу субот ва ризояти миллӣ дар кишвар, таъмини рушди устувори Тоҷикистон ва таҳкими мақому эътибори он дар арсаи байналмилалӣ зикр кард.
Сарварони давлатҳо зимни таъкиди аҳамияти идомаи муколамаи байнидавлатии Тоҷикистону Беларус барои пешбурди минбаъдаи тамоми маҷмуи робитаҳои ду кишвар дар доираи шарикии стратегӣ, ҷадвали мулоқотҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи дарпешистодаро дар сатҳи олӣ муҳокима намуданд.
Президентҳои Тоҷикистон ва Беларус, ҳамчунин, оид ба масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор анҷом доданд.
5 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Ҳангоми суҳбат Сарвари кишвари дӯсти Озарбойҷон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати зодрӯзашон табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини худро изҳор дошт.
Сарварони ду давлат оид ба самтҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои мушаххаси рушди онҳо табодули афкор анҷом доданд.
Президентҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон, ҳамзамон, масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳоро баррасӣ намуданд.
5 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Зимни суҳбат Нурсултон Назарбоев бо таманниёти сиҳатмандии комил, некрӯзӣ ва комёбиҳои навин Сарвари давлати моро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрику таҳният гуфт. Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон саҳми босазои Пешвои миллатро дар барқарорӣ ва таҳкими давлатдории Тоҷикистон, таъмини рушди пойдор ва боло бардоштани обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ таъкид намуд.
Дар баробари таъкиди анъанаҳои пурифтихори муносибатҳои нек ва дӯстии мардумони ду кишвар, ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ ҷараёни рушди босуръати ҳамкориҳои гуногунҷанба ва шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистонро таъкид сохтанд.
5 октябр суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои федератсияи Маҷлиси Федералии Россия Валентина Матвиенко доир гардид.
Роҳбари палатаи болоии парламенти Россия бо изҳори таманниёти самимии саломатии бардавом ва комёбиҳои минбаъда дар маснади олии давлатӣ, Пешвои миллатро бо зодрӯзашон табрик намуд.
Сарвари давлати мо ба Валентина Матвиенко барои табрикоташон изҳори сипос намуданд.
Ҳангоми суҳбат масъалаҳои алоҳидаи пешбурди минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россия, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ, ки дар таҳкиму таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии байни ду кишвар нақши муҳим мебозанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Роҳбари давлати мо зимни таъйиди авлавияти рушди пайвастаи муносибатҳои ҳамкорӣ бо Россия, изҳори бовар карданд, ки робитаҳои Тоҷикистону Россия минбаъд низ мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони ду кишвар рушд менамоянд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.10.2022 №: 191 Мутолиа карданд: 525