ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО
ХУСУМАТ
Ҷиян барои манзили истиқоматӣ тағояшро кушт
Суди шаҳри Турсунзода шаҳрванд Дилбар Сайфутдиноваро дар куштори тағояш муҷрим шинохта, ба муҳлати 9 сол аз озодӣ маҳрум намуд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, Д. Сайфутдинова дар ҳолати сархушӣ шаби 11 июни соли 2022 барои ба қатл расондан ва соҳиби манзили истиқоматии тағояш – Ҷаҳонгир Сайфутдинов шудан, ки дар шаҳри Турсунзода танҳо зиндагӣ мекард ва бо ӯ дар муноқиша буд, меравад.
Ҷиян тағояшро, ки дар ҳолати сахти мастӣ қарор дошт, зада беҳуш намуда, бо пояш бӯғи карда мекушад.
СОХТАКОРӢ
корманди шуъбаи хазинадории раёсати молияро ба толори суд бурд
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Меҳтар Ҷовидзода, мутахассиси шуъбаи хазинадории раёсати молияи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, ба суд ирсол гардид.
Бар пояи маълумоти Агентӣ, номбурда ҳамчун сарпарасти бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Ҷаббор Расулов бо истифода аз барномаи электронии SGB.net., аз буҷети бахши мазкур маблағи 109500 сомониро бо роҳи сохтакории хизматӣ тасарруф карда, ба давлат зарари калони молиявӣ расондааст.
Вобаста ба ин, нисбат ба М. Ҷовидзода бо моддаҳои 245 қисми 3 банди “а” (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 323 (сохтакории хизматӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оғоз шудааст.
ГУМОНБАР БАРОИ ҚАЛЛОБӢ
Як сокини шаҳри Истаравшан, ки аз ӯ марди 35-сола ном бурда мешавад, даст ба мардумфиребӣ зада, ҳоло бо гумони содир намудани ҷинояти қаллобӣ нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Тавре сомонаи ВКД хабар дод, 28 августи соли 2020 ӯ бо роҳи фиреб ба боварии зани 42-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, автомашинаи тамғаи «Reng Rover»-ро ба маблағи 220 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардондааст.
Оид ба ин ҳолат бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.10.2022 №: 191 Мутолиа карданд: 1588