сиёсат
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВОХӮРИИ ҒАЙРИРАСМИИ САРВАРОНИ КИШВАРҲОИ АЪЗОИ ИДМ
7 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии сарварони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш сарварони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – Эмомалӣ Раҳмон, Илҳом Алиев, Никол Пашинян, Александр Лукашенко, Қосим-Жомарт Токаев, Владимир Путин, Шавкат Мирзиёев ва Сердар Бердимуҳаммадов иштирок карданд.
Дар ҷараёни мулоқот сарварони давлатҳо оид ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи давлатҳои аъзои Иттиҳод мубодилаи афкор намуда, рӯзномаи ҷаласаи қарибулвуқуи Шурои сарварони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Остона ва масоили алоҳидаи рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми тарафайнро баррасӣ намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.10.2022 №: 193 Мутолиа карданд: 615